Пул надори,ҳеҷ кас ёри ту нест!
Ҳеҷ кас муштоқи дидори ту нест!
Гар хирадманд бошиву лаб во куни,
Бар касе парвои гуфтори ту нест!
Камбағaлро мекушад тири сухан,
Гар-чи баҳри ҳеҷ кас кори ту нест!
Шиква аз бегона ҷуйи дар вафо,
Ёр ҳам бе пул вафодори ту нест