Яке бар дидани руи Падар зор. Яке доим Падарро мекунад хор. Ман аз ин кори кисмат дар ачибам. Худоё ин чи сир асту чи асрор. Падаронро Худовандо нигах дор. Макун мухточи фарзанди хато кор. Барои ман Падар шахси азиз аст. Намехохам Падар бошад адабдор. Замини зери пои мо биларзад. Агар ашки Падар аз гам бирезад. Худовандо талаб дорам ман аз Ту. Гахе ашки Падарчонам нарезад. Барои мо Падар бошад ганимат. Хакикат ин хакикат ин хакикат. Ба вакти зиндаги кадраш бидонем. Пас аз маргаш чи суд аз дарду хасрат! ХУДОВАНД ХАМАИ ПАДАРОНУ МОДАРОНРО ХАМЕША НИГАХБОН БОШАД!!! ОМИН!!!
Ман дардро ба тоқати дармон супурдаам, Номардро ба нафрати мардон супурдаам. Сар то ба пой дардаму дармонда нестам, Бедардро ба довари дармон супурдаам. Бар оҷизони шӯҳратам каҳдуди қаҳ-қаҳа, Бар ҳосидони ҳимматам Девон супурдаам. Рақсида ҳамчун оташак андар ҳалоки хеш, Чун барқ хандарези фано ҷон супурдаам. Ҳушёру маст водии ҳиҷрон гузаштаам, Паймонаро ба вориси паймон супурдаам. Гар бо ҳама ҳақорату таҳқир олиям, Оли наҷоти хеш бар Сомон супурдаам. Ёрони хасм гаштаву хоину сифларо, Аз рӯи меҳр бар худи Яздон супурдаам!...
Дӯстони азизу меҳрубонам. Ҳамаи Шумоёнро бо омадани моҳи мубораку Шарифи Рамазон, моҳи пур аз Баракот, моҳи Раҳмату Мағфират, моҳи Илму Маърифат, моҳи Оромиши Қалбу такмили Имону Тақво, моҳи Сипар аз васвасаи Шайтон, моҳи Нузули Қуръон, моҳи Шафоаткунандаи рӯзи Ҷазо, моҳи сар то охир пур аз Меҳру Вафоро аз сидқи дилу ҷон барои аҳли хонадонатон муборакбод мегӯям. Аз даргоҳи Худованди Бузург талаб дорам, ки ин Меҳмони Азизро пур аз дастурхони лабрез аз Ибодату, Тақвову Парҳезгорӣ пешвоз гирифтанро бар хонадони ҳар яки мову Шумо насиб гардонад. ОМИН. Ташнаи дидори нурониатон Муштоқи суханҳои ширинатон Мӯҳтоҷи дуои хайратон як бандаи оҷизу нотавон. Чи хуш бошад , ки баъд аз интизорӣ, Ба умеде
Чолиб: Кирм чормағзро сӯрох карда вориди он мешавад. Ва он чӣ дар дохили чормағз аст, мехурад. Сер мегардад, аммо чунон фарбеҳ мешавад, ки дигар берун баромада наметавонад. Чормағз ҳам хеле хушк мешавад, ки сӯрох карданӣ он ғайри имкон аст. Ягона чора, ин харобшавӣ мебошад. Гурусна мемонад ва ба аҳволи пешина мерасад. Хароб мешавад ва аз сӯрохи мебарояд, аммо мавсим сипари шудааст. Ғайр аз пӯчоқи чормағз чизе боқӣ намондааст. Аҳволи аксари инсонҳо ҳам чунин аст. Ба ҷам овардани молу мулк ва ҳирси беандоза умрашонро ба охир мерасонанд. Баъди чанд муддате аз ҳама чиз дилгир мешаванду "бас аст" мегӯянд. " Бас аст" мегӯянд, аммо аз умр дигар чизе ҷуз маризию табобат намондааст. Яъне танҳо фасли
Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст, Диққат бикунед, нури Худо дар дили хонаст. Дар масҷиду дар каъба дунболи чӣ ҳастӣ? Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ? Ин гуна чаро дар паи исботи Худоем? Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем. Дар хилқати мо рози муаммои Худо чист? Инсон худаш оинаи як каъба магар нест? Бархезу каме Каъбаи аъмоли худат бош, Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош. Тасвири Худо рӯи ҳамин куҳна ниқоб аст, Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст. Шояд, ки буте дар васати зеҳни ману туст, Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст. Гуӣ ки Худо дар бадану дар танамон аст, Наздиктар аз ху
Показать ещё