↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓↓
Ин як офати дигаре ҳаст, ки бисёре аз намозгузорон бар он гирифтор шудаанд, онҳо фармони Худоро баҷой наовардаанд, чуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿ ﻭَﻗُﻮﻣُﻮﺍْ ﻟِﻠَّﻪِ ﻗَٰﻨِﺘِﻴﻦَ ٢٣٨﴾ [ ﺍﻟﺒﻘﺮﺓ : ٢٣٨ ]
«Барои Худованд фурутанона (бо тавозуъ ба ибодат) биистед».
Сураи Бақара, ояти 238
Ва низ ба ин ояти наандешидаанд, ки мефармояд:
﴿ ﻗَﺪۡ ﺃَﻓۡﻠَﺢَ ﭐﻟۡﻤُﺆۡﻣِﻨُﻮﻥَ ١ ﭐﻟَّﺬِﻳﻦَ ﻫُﻢۡ ﻓِﻲ ﺻَﻠَﺎﺗِﻬِﻢۡ ﺧَٰﺸِﻌُﻮﻥَ ٢﴾ [ ﺍﻟﻤﺆﻣﻨﻮﻥ : ١، ٢ ]
«Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон: онон, ки дар намозашон хушуъ (тавозуъ ва шикастанафси) мекунанд».
Сураи Мӯъминун, оятҳои 1-2
Ҳангоме, ки дар бораи пок намудани хоки ҷои саҷда дар намоз аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, фармуданд:
" ﻻ ﺗﻤﺴﺢ ﻭﺃﻧﺖ ﺗﺼﻠﻲ ﻓﺈﻥ ﻛﻨﺖ ﻻ ﺑﺪ ﻓﺎﻋﻼ ﻓﻮﺍﺣﺪﺓ ﺗﺴﻮﻳﺔ ﺍﻟﺤﺼﻰ " ﺭﻭﺍﻩ ﺃﺑﻮ ﺩﺍﻭﺩ 1/581 ﻭﻫﻮ ﻓﻲ ﺻﺤﻴﺢ ﺍﻟﺠﺎﻣﻊ 7452
“Дар вақти намоз хондан ба хок даст макаш, ва агар чораи дигаре набуд, фақат якбор ин корро анҷом бидеҳ”.
Ривояти Абудовуд 1/581 ва ин дар Саҳеҳи Ҷомеъ аст 7452.
Аҳли илм гуфтаанд, ки ҳаракатҳои зиёд ва пай дар пайи бемаврид намозро ботил мекунад, чи расад ба ин ки баъзеҳо дар намоз бозӣ мекунанд ва бо вуҷуди ин ки дар боргоҳи Худованд истодаанд, ба соати худ нигоҳ мекунанд ва ё либоси худро рост мекунанд, ва ё ангуштонашонро дар бинии худ медозанд ва росту чап ва ба осмон нигоҳ мекунанд ва аз ин наметарсанд, ки биноии чашмонаш гирифта шавад (дар ҳадисе чунин ривоят шудааст) ва ба ин ки шайтон намозашонро барбод диҳад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев