Калимаҳоеро нависед , ки аз чап хонӣ ҳам маъно дошта бошад...?? Ба монандӣ : ЗОҒ - ҒОЗ...
    28 комментариев
    1 класс
    ДУСТИ БЕ МИННАТ ДАР ЗИНДАГӢ БАРОИ ШУМО КИСТ Ё КӢ БУД ?....
    31 комментарий
    16 классов
    🏔️🏔️🌦️🌿🌿🏺🌹❤❤🌹🏺🌿🌿🌦️🏔️🏔️ Мумкин аз , номумкин мепурсад: "Хонаат куҷост" ? Посух меояд: "Дар руъёи як нотавон" ! ☀️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️☀️ Ассалому алайкум .... Субҳи дигаре дар ҳоли нурпошидан асту, дар ҳоли дубора дамидану, ҳаёти муҷаддадан, дубора бахшидан. Бархезу пардаи панҷараро канор зан, то нури тозае аз шишапанҷараи утоқат ба дилат бирезаду дубора хушбахтят қувват бигирад... . Руҳу равонат ҷон бигираду гул бируяду, туро воситае барои хушҳолии атрофиёнат бибахшад . ☀️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️☀️ Худоё !... Таҳаммули ин ҳама сахтӣ бо вуҷуди ҳузури ту ,наонқадар душвораст, ки нашавад таҳаммулаш кард. Аз ту зебогии охарашро хосторем... Ту хеле хуб медони бисозӣ... Барои ҳамамон охарашро зебо бисоз ! Ҳеҷ кас , ҷуз Худо ба ту рӯзӣ намерасонад... Ҳеҷ кас , ҷуз Худо ба ту кӯмак намерасонад... Ҳеҷ кас ҷуз Худо рафиқи танҳоит нест... Ҳеҷ вақт Худоро, бо ҳеҷ чиз иваз макун! Ғам чаро? Аслан ғами дунёро нахур ! Чун дунё ҳам моли Худост... Ғами рӯзиро нахур, чун ризқу рӯзи аз тарафи Худост... Ғами ояндаро махур, чун оянда ба дасти Худост. Нуқта : Замоне лоиқи хушбахтӣ ҳастӣ... Ки хушбахтии бақия хушҳолат бикунад ! Касе ки ,,чаро"-е барои зиндагӣ дошта бошад... Бо ҳар "чигуна"-е хоҳад сохт ! Панҷара ҳамеша як восита буда... Восита ба қавли онҳо, нигоҳ кардан ба кӯчаи хушбахтӣ... Восита барои дарёфти нур... Восита барои аз борон лаззат бурдану таҳи борон тар нашудан... Восита барои ҳаёҳуи тасодуфоту даъвоҳо дур намондану,даргир нашудан Тирезаи утоқ ҳамеша як восита буда, барои дид задану дида нашудан. Намедонам чаро дар асре, ки дур -дур, аз байн бурдани воситаҳост, инқадр дил ба ин восита супурдаем; Истифода аз панҷара кори тарсуҳост ! Агар мардӣ, худат кучаро хушбахт кун ... Агар марди таҳи борон тар шав ошиқӣ кун, даъво кун, дид бизан, дод бизан, дида бишав.... Дил ба дарё бизан девона... Даст аз шишаи ин панҷараи лаънатии орзукуш бардор ! 🏔️🏔️🌦️🌿🌿🏺🌹❤❤🌹🏺🌿🌿🏔️🏔️ Субҳ ба хайр ! 🏔️🏔️🌦️🌿🌿🏺🌹❤❤🌹🏺🌿🌿🏔️🏔️
    80 комментариев
    25 классов
    ХУДО БУЗУРГУ ШУНАВОСТ! Доктор Марк як онкологи маъруфе буд. Рӯзе ӯ ба як конфронси муҳиме ба шаҳри дигаре парвоз кард, ки дар он ҷо бояд ба ӯ ҷоизаи соҳаи тиб дода мешуд. Аммо баъди як соати парвоз дар фурудгоҳи ҳамсоя фуруди изтирорӣ ба амал омад. Духтур мошинеро иҷора гирифта, ба самти конфронс раҳсипор шуд. Пас аз рафтани ӯ, ҳаво бад шуд ва тӯфони шадид оғоз ёфт. Бар асари борони шадид интернет дар навигатор нопадид шуд, ӯ ба самти роҳи нодуруст шуруъ ба ҳаракат кард ва роҳро гум кард. Пас аз ду соати ронандагӣ фаҳмид, ки роҳгум задааст. Ӯ худро гурусна ва хеле хаста ҳис мекард, аз ин рӯ тасмим гирифт, ки ҷое барои қарор гирифтанро ҷустуҷӯ кунад. Нихоят ӯ ба хонаи хурдакаке дучор омад. Дар ҳоле, ки ӯ хеле ноумед шуда буд, аз мошин пойин шуду дарро куфт. Зане дарро боз кард. Ӯ вазъияташро ба зан фаҳмонд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки аз телефонаш истифода барад. Зан ба ӯ гуфт, ки телефон надорад, аммо ӯ метавонад вориди хона шавад ва то беҳтар шудани вазъи ҳаво инҷо интизор бимонад. Табиб, ки хеле гурусна, тар ва хаста шуда буд, пешниҳоди ӯро қабул карда, вориди хона шуд. Зан барои ӯ чойи гарм овард ва гуфт, ки барои намоз хондан меравад. Доктор Марк табассуме кард ва гуфт, ки ӯ танҳо ба меҳнати машаққатбор эътимод дорад. Духтур сари дастархон нишаста, чой менӯшиду дар партави шамъҳои хира дар паҳлӯи гаҳвора намоз хондани занро тамошо мекард. Табиб фаҳмид, ки ин зан ба кумак ниёз дорад ва чун намозро тамом кард, аз ӯ пурсид: - Аз Худо маҳз чӣ мехоҳед? Оё шумо фикр мекунед, ки Худо гоҳе дуоҳои шуморо мешунавад? Зан лабханди ғамгине заду гуфт: -Навзоде, ки дар гаҳвора хоб аст, писари ман аст, ки аз як навъ бемории саратон ранҷ мебарад ва танҳо як табиб ҳаст, номаш Марк, ки метавонад ӯро дармон кунад, аммо ман пуле барои пардохт надорам, илова бар ин, доктор Марк дар шаҳри дигаре зиндагӣ мекунад. Худо ҳанӯз дуъои маро иҷобат накарда аст, аммо медонам, ки ӯ ба ман кӯмак хоҳад кард ... ва ҳеҷ чиз имони маро шикаста наметавонад. Доктор Марк, ки моту мабҳут шуда буд, ашк рехт. Вай пичиррос зад: Худо бузург аст! Ӯ тамоми иттифоқоти имрӯз барояш рух додаро ба ёд овард: нуқс дар ҳавопаймо, борони шадид, ки ба далели он роҳгум зад ва ҳама инҳо ба ин далел иттифоқ уфтод, ки Худованд на танҳо дуъои ин занро иҷобат кард, балки ба ӯ фурсате дод, то аз дунёи модди берун биёяд ва ба мардуми бадбахте кумак кунад, ки чизе ҷуз дуъо надоранд... Бардошт аз саҳифаи Ибодулло Оқилов
    1 комментарий
    23 класса
    🥀Аз қиёмат ҳама тарсанду ман онҷо шодам, Ба умеде ки дар он маърака дидоре ҳаст..💢
    7 комментариев
    20 классов
    🌠🌘🌠🌘🌠🌘🌠🌘🌠🌘🌠🌘🌠🌘🌠🌘 Ассалому алайкум..... ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙР ! Ба кулли дустон гуфтаниям : Мехоҳам ҳамин ҳоло бароят орзуҳои хуб кунам... Орзу мекунам, лабхандҳоят аз таҳи дил бошад ва ғуссаҳоят сатҳӣ ва зудгузар .. Дуо мекунам масири муваффақиятат ҳамвор бошад ва ангезаҳои хурду бузургат бисёр! Орзу мекунам ҳаргиз дар печутоби замона бепаноҳ нашавӣ, ҳаргиз дилат нагирад ва чашмҳои хушрангат ҳеҷ замоне тарру ашколуд набошанд! Дуо мекунам фақат зинда набошӣ, балки ба маънои воқеӣ зиндагӣ кунӣ ...! ШАБИ ХУШУ ЗЕБОЕ ДОШТА БОШЕД , АЗИЗОН ! 🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌🌌
    97 комментариев
    22 класса
    САВОЛ...??? Одам бо чи месабзад..?
    20 комментариев
    5 классов
    ДАР ИНТИХОБИ ДУСТ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД......
    4 комментария
    68 классов
    Гар намебудӣ ту яктои дилам, Кай чунин маҳбуби мардум мешудам? Гар намебудӣ ту пайдои дилам, Бе ту ман дар зиндагӣ гум мешудам. Гар набошӣ, хона дорад бӯи ғам, Гар ту бошӣ, хона дорад бӯи мушк. Гар ту бошӣ, хок гирам, зар шавад, Гар набошӣ, зар бигирам, хоки хушк... Гар Зарафшон аст як рӯдеву бас, Ту яке не, сад Зарафшони манӣ. Гар Зарафшон хушк гардад то Бухор, Ту намехушкӣ, ту дар ҷони манӣ. Ту гули боғи ҷавонии манӣ, Ҷони ман бо ҷони ту омехтаст. Ту мадори зиндагонии манӣ, Дасти ман бар гарданат овехтаст. Кӯдакони покзоду хандарӯ Шукри оллаҳ, ҳамқади мову туанд. Гар набошад сарватемон дар бисот, Кӯдакомон сарвати мову туанд. Дӯстон гӯянд гаҳ бо ҳазлу ҷид Ҳамсари ту шоири олӣ шуда. Худ ба худ мегӯӣ шояд зери лаб, Хона пур аз шишаи холӣ шуда. Ғайри кафшу мӯзаҳои кандагӣ, Ғайри ҷомашӯиву дӯзандагӣ, Ғайри мастии ману дӯғу даранг Ту чӣ дидӣ аз ҳаёту зиндагӣ? ✍️Лоиқ Шералӣ.
    9 комментариев
    209 классов
    🏔️🏔️🌦️🌿🌿🏺🌹❤❤🌹🏺🌿🌿🌦️🏔️🏔️ Мумкин аз , номумкин мепурсад: "Хонаат куҷост" ? Посух меояд: "Дар руъёи як нотавон" ! ☀️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️☀️ Ассалому алайкум .... Субҳи дигаре дар ҳоли нурпошидан асту, дар ҳоли дубора дамидану, ҳаёти муҷаддадан, дубора бахшидан. Бархезу пардаи панҷараро канор зан, то нури тозае аз шишапанҷараи утоқат ба дилат бирезаду дубора хушбахтят қувват бигирад... . Руҳу равонат ҷон бигираду гул бируяду, туро воситае барои хушҳолии атрофиёнат бибахшад . ☀️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️🏔️☀️ Худоё !... Таҳаммули ин ҳама сахтӣ бо вуҷуди ҳузури ту ,наонқадар душвораст, ки нашавад таҳаммулаш кард. Аз ту зебогии охарашро хосторем... Ту хеле хуб медони бисозӣ... Барои ҳамамон охарашро зебо бисоз ! Ҳеҷ кас , ҷуз Худо ба ту рӯзӣ намерасонад... Ҳеҷ кас , ҷуз Худо ба ту кӯмак намерасонад... Ҳеҷ кас ҷуз Худо рафиқи танҳоит нест... Ҳеҷ вақт Худоро, бо ҳеҷ чиз иваз макун! Ғам чаро? Аслан ғами дунёро нахур ! Чун дунё ҳам моли Худост... Ғами рӯзиро нахур, чун ризқу рӯзи аз тарафи Худост... Ғами ояндаро махур, чун оянда ба дасти Худост. Нуқта : Замоне лоиқи хушбахтӣ ҳастӣ... Ки хушбахтии бақия хушҳолат бикунад ! Касе ки ,,чаро"-е барои зиндагӣ дошта бошад... Бо ҳар "чигуна"-е хоҳад сохт ! Панҷара ҳамеша як восита буда... Восита ба қавли онҳо, нигоҳ кардан ба кӯчаи хушбахтӣ... Восита барои дарёфти нур... Восита барои аз борон лаззат бурдану таҳи борон тар нашудан... Восита барои ҳаёҳуи тасодуфоту даъвоҳо дур намондану,даргир нашудан Тирезаи утоқ ҳамеша як восита буда, барои дид задану дида нашудан. Намедонам чаро дар асре, ки дур -дур, аз байн бурдани воситаҳост, инқадр дил ба ин восита супурдаем; Истифода аз панҷара кори тарсуҳост ! Агар мардӣ, худат кучаро хушбахт кун ... Агар марди таҳи борон тар шав ошиқӣ кун, даъво кун, дид бизан, дод бизан, дида бишав.... Дил ба дарё бизан девона... Даст аз шишаи ин панҷараи лаънатии орзукуш бардор ! 🏔️🏔️🌦️🌿🌿🏺🌹❤❤🌹🏺🌿🌿🏔️🏔️ Субҳ ба хайр ! 🏔️🏔️🌦️🌿🌿🏺🌹❤❤🌹🏺🌿🌿🏔️🏔️
    51 комментарий
    24 класса
Увлечения

Публикации автора

В ОК обновились Увлечения! Смотрите публикации, задавайте вопросы, делитесь своими увлечениями в ОК