Рӯзе ба умеде зи сафар рафта будам, Бо меҳр ба хонаӣ падар рафта будам. Рафтам дами дарвоза надидам,модар, Гӯё,ки ба хонаӣ дигар рафта будам. Дар деҳа зи баъди рафтанат нур намонд Эй модари ҷон,нишоту ҳам сур намонд. Дигар бахудо шабеҳи бо ту будан, Фарзанди ту худпарасту мағрур намонд. Ҳарҷо,ки қадам ниҳам ту ҳамрози манӣ Дар фикру хаёл,чун ҳамовози манӣ. Гар ту набуди куҷо ҷаҳонбин будам Модар бахудо,ки дидаӣ бози манӣ. Офтоби банури ман паси абр бихуфт, Ҷон модари ман ба хонаӣ қабр бихуфт. «Аллоҳ юҳибусобирин»гуфту вале, Билохира бо намудани сабр бихуфт. Мирам бахудо канори ту бошам бас, Ҳамсоя бари мазори ту бошам бас. Буди ту ҳамеша ғамгусорам модар, Ҳамсӯҳбату ғамгусори
  • Класс
Мерасад рӯзе, ки бе ҳам мешавем, Як ба як аз ҷамъи ҳам кам мешавем Мерасад рӯзе, ки мо дар хотирот, Муҷиби хандидану ғам мешавем. Гоҳ гоҳе ёди мо кун эй рафиқ, Мерасад рӯзе, ки бе ҳам мешавем...
Зиндагӣ маҷбӯр созад дидагирён мешавӣ, Бемадору хаставу зору парешон мешавӣ. Мегазӣ ангушти ҳайратро зи дарди зиндагӣ, Байни чордевори ғам бешубҳа зиндон мешавӣ. Бар касе ҳаргиз намехоҳи намоӣ дарди дил, Ҳар шиносеро зи дур мебинӣ пинҳон мешавӣ. Дӯстон бегона мегарданду таркат мекунанд, Худ ба ҳоли хеш механдиву ҳайрон мешавӣ. Дур бош аз нокасону аз хиёнатпешагон, Ҳар қадар наздик мегардӣ пушаймон мешавӣ. Хоки бошу бетакаббур бош дар рӯйи замин, Чун аҷал ояд ба хоки тира яксон мешавӣ. Нест бемодар ягон рӯзи хуше Маҳкампурӣ, То ба рӯзи марги худ ҳар рӯз пазмон мешавӣ. ✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Зархаридонро ба вақту соъаташ зар мекушад, Масти дунёро шароби талхи соғар мекушад. Баҳри чӣ умри дарозе нест баҳри андалеб... Андалебонро ғами ашки гули тар мекушад. Ҷумла мардони баномуси адолатпешаро, Таънаҳоӣ пасту номардии додар мекушад. Ҳар сари марде ба оромӣ ниёз дорад,вале Хонашин бошад,ғуруру кибри ҳамсар мекушад. Ҳар-кӣ муфлис гашту баҳри доданаш пайдо накард Дирҳаме бар соҳибонаш,тақ-тақи дар мекушад. Ҳар ғами миллат чу тире бар дили шоир занад, Шоиронро ғусса дар болоӣ дафтар мекушад. Норасида бар муроди зиндагии пурситам, Орзуҳоӣ ҷавон,марги ситамгар мекушад. Асли имон боварию баҳри ҳар як муслиме, Пора бинмудан қабоӣ сабзи бовар мекушад . Ҳар касе бо ҳар сабаб
Показать ещё