Бо шавҳарам аз рӯи ишқу муҳаббат
оиладор шудам, аммо доим ба маН'
хиёнат мекарду аз сӯзи рашк Б'о ӯ
даст ба
гиребон мешудА'м. Оқибат косаи
сабрам лабрез шуду аз ӯ ҷудо шудам. Ду
апаам
шавҳар карда зиндагии хубе
доштанд,
додари ягонаам бошад, донишҷӯ
буд. Волидонам арзу доди ман ва асабҳои
аз
зарби рашк харобамро мушоҳида
намуда,
ба ҷудошавӣ рухсатам доданд. Бо
ёрии падарам тиҷорати худро кушодам,
духтарчаамро дар тарбияи модарам
гузошта, бо ҷону дил ба кор
часпидам.
Фоидаи хубе меёфтам ва падарам
насиҳатам мекард, ки ҳамаи онро ҷамъ
карда, хонаи алоҳида харам. Ман
ҳам
кӯшиши ҳамин амалро доштам,
ҳарчанд
падарам ҳавлӣ ва хонаи чорҳуҷрадор
дошт, аммо мехостам бо меҳнати
худам
хона харам. Боре дар тарабхонае
ҳамроҳи
дугонаам хӯрок мехӯрдем, ки шавҳари
собиқамро бо маъшуқааш дидам.
Дарду
алами хуфтаам буд ё ҳоло ҳам ӯро
дӯст
медоштам, ки девонагие вуҷудамро фаро
гирифту ба маъшуқааш дарафтодам.
Тамоми алами доштаамро аз ин
лухтаки
зери рангу бор монда гирифтам,
вақте ба худ омадам лухтакчааш дар оғӯши
шавҳари собиқам мегиристу ӯ маро
таъна
мезад: Туро барои надоштани
назокати
занона аз бистарам рондам манҷалақӣ, то
имрӯз ҳам дар ғами ман мурда
мегардӣ,
ёб ягон хунук мекардагӣ, ту ба ҳеҷ
кас
даркор набошӣ айби ман?! Пас аз ин ҳодиса зиндагии ман сад
фисад
дигар шуд, дар ҳусн камбудие
надоштам,
фақат ба ороишхона рафта,
симоямро ба тартиб овардам. Акнун пули
ёфтаамро ба
машоттаю зару зевар ва сару либоси
қимматбаҳо сарф мекардам. Модарам
аз
ин корам норозӣ буд, падарам бошад,
қариб, ки чизеро аз ҳаёти ман
намедонист. Ӯ бо тақозои касб тез-
тез ба
хориҷа сафар мекарду масоили
рӯзгор бар гардани модарам буд. Ҳамин
тавр
ман ба маҳфили мардони серпул роҳ
ёфта, маънии зиндагиамро иборат аз
тарабхонаравию дискотека ба
дискотека гаштан медидаму халос. Бо мардони
зиёде ҳамхоба шуда аз онҳо низ пул
мерӯёндам. Чӣ мегӯед, ки
«назокати
занонаам», шавҳари беномусамро
низ аз нав ошиқам сохт. Бо ӯ танҳо як шаб
дар
бистар будам, аммо санъати
ишқварзиям
чунон мафтунаш намуд, ки дигар чун
магаси бӯйи шириниро гирифта дар куҷое, ки набошам пайдо мешавад.
Боре
як ошиқам, ки варзишгар аст, ӯро то
беҳуш шуданаш зери мушту лагат
гирифт,
яъне ман қасди таънаҳои кардаашро гирифтам, аммо ҳамаи ин беҳуда буд,
ӯ
пайт ёфта боз шаҳди бистари маро
чашидан мехост. Ба зӯр аз рӯйи
роҳам
дураш кардам, вале худам дигар аз ин
роҳи пурхатару фаҳшо баргашта
наметавонистам. Падарам низ аз
бероҳагардиам хабар ёфт ва
маҷбурам
мекард, ки ба шавҳар бароям, аммо куҷо
буд ҳамон шавҳар?
Дугонаҳоямро ба ёрӣ хондам ва
Зуля ном
дугонаи ҷониям таклифи аҷибе
кард. - Мунир, як марди пулдор кайҳо боз
мехоҳад бо ману ту дар якҷоягӣ
ишқварзӣ
кунад, аммо ман нахостам, шояд ин
шаҳватхоҳ розӣ шавад, ки ба ивази
ҳамингуна маишат туро аз падарат ба
ном хостгорӣ кунад, ҳамин ки аз
хонаатон
«арӯс» шуда баромадӣ тамом, дигар
як
хонаи иҷора мегирию айшатро давом
медиҳӣ, дигар кӣ ба ту кор дорад?-
ба
ман нигарист Зуля. Ӯро
мушкилкушоям
номида, аз ҷабинаш бӯсидаму дар ҷустуҷӯйи хоҳишманди
шаҳватронии
гурӯҳӣ афтидем. Ин ғуломи фисқу
фуҷур
дарав розӣ шуд. «Хостгорон»-и
дурӯғини Қудратро волидони бечораам бо
иззату
икром пешвоз гирифта, гусел
намуданд.
Падарам мулло оварда моро никоҳ
карданд, Қудрат маро ба яке аз хонаҳои
бешумораш бурд ва ҳамон шаб бо
ман
ҳамхоба шуд. Банда низ бо тамоми
санъат ба «наҷотбахшам» хизмат
кардам ва ғайри чашмдошти ман ӯ аз баҳри
ваъдаю айшронии гурӯҳияш
гузашта,
маро ҳақиқатан ҳам зан карда
гирифтанист.
- Медонӣ чи, ба ман волидонат бисёр писанд омаданд, ин як, дуввум бо
ҳамин
қадар маъшуқабозӣ лаззате, ки бо
ҳамхобагӣ аз ту бардоштам,
нотакрор аст.
Ман ҳам дигар зино намекунаму ту низ аз
бадгардият даст мекашӣ, яке аз
хонаҳоямро ба номат мекунаму
барои
духтарчаат додараке таваллуд
намуда, осуда зиндагӣ мекунӣ- мегӯяд
қотеъона ӯ.
Акнун ман дар фикр мондаам, охир,
ҳаргиз намехоҳам зани ин марде
бошам,
зеро ӯ писандам нест. Воқеан ҳам, пулдор
асту бароям хона медиҳад, зиндагии
осударо низ ваъдаам мекунад, аммо
ӯ
марди дили ман нест! Инак, ду моҳ
боз бо касе вонахӯрдааму рақамҳои
телефонамро низ дигар намудаам,
модари бечораам аз хурсандие, ки
ман
бахтамро ёфтаам бароям кӯрпаю
кӯрпача, падарам бошад, ҷевону курсӣ ҳадя
овардаанд. Муносибати шавҳарам бо
онҳо хеле хуб аст, аммо дили бо
озодию
кайфу сафо омӯхтаи ман чизи дигар
мехоҳад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 291
камтар.шарм.кунед
вакте.менависед.ин.гуна.кисахоро