Сафари нахустини он Ҳазрат (с) ба тарафи Шом
Вақте ки синни мубораки ҷаноби Расулуллоҳ (с) ба дувоздаҳсолагӣ расид, Абӯтолиб (р) ба сафари Шом омода гардид. Муҳаммади Мустафо (с) миҳори шутур мекашиданд. Амакашон андешид, ки эшон ҳанӯз кӯдаканд, вақти сафари тӯлонӣ барояшон барвақт аст. Хост, ки эшонро аз ин сафар боздорад ва худ ҳамроҳи бозоргонон роҳи сафари Шомро пеш гирад.
Расулуллоҳ (с) бо ҳоли зор гуфтанд: «Ё амак, маро ба касе месупорӣ ва танҳо ба куҷо меравӣ?» Дили Абӯтолиб бисӯхт ва бигристу гуфт: «Ё ҷони амак, ман туро танҳо нахоҳам гузошт». Пас эшонро ба шутур савор карду ба роҳ даромад. Корвони бозоргонон қариб ки дам нагирифта пеш мерафт. Вақте ки онҳо ба водии Шом расиданд, дар назди деҳаи Бусро дар сояи дарахте дам гирифтанд. Дар он ҷо савмааҳои роҳибе воқеъ буд, ки ӯро Сархиш (ё Буҳайро) мегуфтанд.
Сархиши роҳиб дар китоби Таврот хонда буд, ки фалон вақт аз араб пайғамбаре зуҳур мекунад, ки нишонаву аломатҳои махсус дорад. Роҳиб дар интизори дидори ин Пайғамбар (с) буд. У аз корвониёни араб қаблан аз ин фард пурсон мешуд. Ҳамон рӯз Сархиш ба болои боми савмаъа баромада ба роҳи ин корвон менигарист ва дид, ки корвоне аз ҷониби Макка меояд ва абре ба сари он соябон аст. Ҳар қадаре ки корвон ба пеш ҳаракат мекунад, абр низ баробари он пеш меояд.
Вақте ки онҳо ба зери сояи дарахт омаданд, дарахт низ сар ба замин ниҳод ва ба саҷда дарафтод. Роҳиб аз боми савмаъа фаромада, ба корвониён кас фиристод, ки ман мардуми Маккаро дӯст медорам ва ҳар корвоне, ки аз ин Ҷо убур мекунад, нисбаташон расми меҳмоннавозиро ба ҷо меорам. Шумо низ ба меҳмонии ман ташриф фармоед ва бояд ҳама ба наздам биёяд.
Абӯтолиб даъвати роҳибро хуш пазируфт, аммо Пайгамбар (с) ро бо каси дигар зери он дарахт гузошт ва бо дигарон ба меҳмонии роҳиб омад. Роҳиб ба дари савмаъа истода хар якеро ба ҷои муносиб мешинонд. Боз болои боми савмаъа баромада, абрро ҳамон ҷо дид, боз аз бом фурӯд омад, гуфт, ки шумо касеро пеши дарахт гузошта омадед? Гуфтанд: «Ҳа, муздуре ва тифле он ҷоянд». Роҳиб гуфт: «Онҳоро ҳам биёред» Роҳиб боз болои боми савмаъа баромад ва мушоҳида кард, то касе рафта Пайгамбар (с)-ро овард ва абр болои сараш соя зада меомад. Роҳиб он ҳолро диду гуфт: «Валлоҳи, ки ин абр соя танҳо ба сари пайғамбар меафканад».
Пас ба савмаъа рафта Муҳаммад (с) — ро ба оғӯш кашида бинавохт ва таъомҳои алвон пеш овард. Баъд аз сарфи таъом пурсид: «Ин писари кист?» Корвониён ба Абӯтолиб араз карданд. Роҳиб гуфт: «Ба назарам мерасад, ки ин писар на падару модар надорад, агар шумо рост гӯед, ман ҳақиқати холро ба шумо мегӯям». Абӯтолиб гуфт: «Ин писар бародарзодаи ман аст ва ятим асту дар канори ман бузург шудааст». Роҳиб гуфт: «Рост аст суханат, ту аз ман бишнав, ки ин писар пайғамбар аст ва Хотамуланбиё хоҳад буд ва дар миёни ду китфи вай мӯҳри пайғамбари бошад. Зинҳор-зинҳор, ӯро некӯ нигоҳ дор ва ба Руму Шом набар, ки дар он ҷо душманони вай бисёранд. Ҷуҳудону тарсоён ҷӯёну хоҳони ӯянд, ки ба ҳалокаташ расонанд». Баъд роҳиб Сархиш дасти муборакашонро гирифту гуфт: «Ин Саййиди оламин аст ва беҳтарини ҳама халоиқи осмону замин». Қурайшиён гуфтанд, ки ту ба чӣ рӯ медонӣ, ки ин пайғамбар аст? Гуфт: «Сифати ин писар дар Таврот хондаам ва аломатҳое, ки навиштааст, аз эшон имрӯз мушоҳида мекунам», Гуфтанд: «Чиро мушоҳида кардӣ?» Гуфг; «Чун шумо ӯро қафо гузошта меомадед, дидам, ки ҳама сангону дарахтон дар суҷуд омаданд ва набототу ҳайвонот ба ӯ саҷда мскарданл, зеро онҳо танхо пайғамбаронро саҷда мекунанл. Шумо низ яқин бидонед, ки ин наврас пайғамбари барҳаққ аст».
Бисёре аз бозоргонон ифтихор аз он Ҳазрат (с) мекарданд, ки Худо аз наслу аҷдоди эшон пайғамбареро ба вуҷуд овардааст, ки шарафи ин қавми бодиянишини ҷохилро ба туфайли вуҷуди мубораки он кас сари кор овардааст.
Ногох ҳафт тан марди ҷаррор ва ҷангҷӯву мусаллаҳ аз дари савмаъа даромаданӣ шуданд. Роҳиб аз ҳадафи нопокашои воқиф шуд, ки онҳо фиристодагони подшоҳи Рум будаанд ва бо супориши ӯ омадаанд, ки Пайғамбари охируззамонро (с) дастгир карда сари муборак аз тани шарифашон ҷудо созанд ва инъоми подшоҳро даребанд. Сархиш, ки нисбати Пайгамбар (с) меҳри беандоза дошт, эшонро пинҳон карда, он хунрезонро бо ҳилае ба роҳи дигар ҳидоят намуд.
Роҳиб гаштаву баргашта ҳифозати ҷаноби Расулуллоҳ (с)-ро аз Абӯтолиб (р) дархост менамуд:
Гарчи кас беаҷал нахоҳад мурд,
Ту марав ба коми аждарҳо.
(Саъдӣ).
Абӯтолиб аз ин суханони роҳиб ба фикр фурӯ рафт: «Агар Ҳазратро бо худ ба Шом барад, шояд ҷуҳудон осебаш расонанд, агар набарад, қӯдак меранҷад, зеро дили ятим нозӯк аст».
Ниҳоят тасмим гирифт, ки Муҳаммад (с)-ро бо ғуломонаш ба Макка фиристоиад. Он Ҳазрат (с) ба ин дастур розиги доданд ва роҳи Маккаро пеш гирифганд:
Он сафаркарда, ки сад кофила дил ҳамраҳи ӯст,
Ҳар куҷо бод, Худоё, ба саломат дораш.
(Ҳофиз).
Сояи абр ба қудрати Худои таъоло ҳамроҳи эшон мерафт. Дарахтони сари роҳ пеши он Ҳазрат (с) ба саҷда меомаданд, мурғакон бо забони худ ояи ваҳдатро месуруданд, ҳар гулу гиёҳ ба пойбӯсии он Хазрат ба сухан меомаданд:
Ҳар гиёҳе, ки аз замин рӯяд,
«Вахдаҳу ло шарики лаҳ»-гӯяд.
(Номаълум).
Комментарии 10