Хадича (р) яке аз хешовандони Расули акрам (с) буд. Шавҳараш Абиҳола чанде пеш фавтида буд ва Хадиҷа (р) молу мулки фаровон дошт ва ҳафтод канизак дар хидматаш буданд. У ҳар сол корвоне барои тиҷорат ба Шом мефиристод. Ғуломаш Майсараро озод карда буд ва ӯ молҳоро ба тиҷорат мебурд. Ҳама ғуломон зери фармони Майсара буданд.
Рӯзе Хадиҷа Муҳаммад (с) ро дид, ки аз зери болохонаи у гузашта истодаанд ва абре мисли соябон бар сари мубораки эшон аст. Меҳри Хадиҷа (р) бар эшон тофт ва эшонро талабида ба чӯпонии гӯсфандон муқаррар намуд. Дар андак муддат саршумори гӯсфандонаш хеле афзуд ва онҳо шири бештар медоданд. Муҳаммад (с) ба ҳар куҷо ки мерасиданд, ҳар дарахту рустанӣ ва кӯҳу сангу чӯб ба забон меомаданду мегуфтанд: Ассалому алайкум, ё Расули Аллоҳ басо сифатҳои нек ва хислатҳои наҷиб аз эшон ба мушоҳида мерасид ва ҳама Муҳаммади Амин (с) мегуфтанд. Ногуфта намонад, ки чӯпонӣ пешаи аксари пайғамбарони Худои азза ва ҷалла будааст.
Вақте ки синни мубораки эшон ба бисту се сол расид, Хадиҷа-хотун (р) пурсид, ки имсол бо Майсара ба Шом ба тиҷорат метавонӣ рафт? Ҳазрати Расули акрам (с) иҷобат фармуданд. Баъд эшонро молики мухтор гардонида ҷомаи шавҳари худ пӯшонида ба тарафи Шом гуселонид ва ба Майсара пинҳони таъкид намуд, ки дар сафари тиҷорат ҳар он ҳаракату амале, ки аз ҷониби он Ҳазрат (С) ба вуҷуд ояд, бе каму кост дар хотир нигоҳ дор ва онро ба ман ба пуррагӣ нақл кун. Зинҳор, ки монеъаи он нашави ва аз фармони ӯ сар напечӣ. Баъд ҳама савдогарону хизматгорони Хадиҷа (р) ҳамроҳи Расули Худо (с) ба сафар баромаданд.
Вақтс қи аз Маккаи муъаззама берун шуданд, бо қофилаи Абӯсуфён, ки амаки он Ҳазрат (с) буд, дучор омаданд. Абӯсуфён бо тамасхур гуфт: «Хадиҷа бисёр нодон аст, ки каси дар умри худ боре тиҷорат накарда ва аз роҳу расми хариду фурӯш ноогоҳро мухтор гардоннда ба тиҷорат фиристодааст».
Хулоса, пештар равон шуданд ва дар аснои роҳ ҳар гоҳе ки офтоб гарм мешуд, бар сари мубораки Муҳаммади Расулуллоҳ (с) абр соя мекарду Майсара мушоҳида менамуд.
Чун ба шаҳри Шом наздик шуданд, дар қарибии савмаъаи Баҳирои роҳиб хостанд, ки нафас рост кунанд. Ин роҳиб дид, ки он Ҳазрат (с) дар сояи дарахте хуфта. Чун баъд аз соате офтоб дар чашми муборакашон тофт, дарахт каҷ шуда, соя бар Пайғамбар (с) андохт. Роҳиб ба мушоҳидаи ин хол ба ҳайрат омада, аз савмаъа берун омада, пеши корвониён рафта пурсид, ки он ҷавони зери дарахт хуфта кист? Майсара гуфт: «Анбози ман аст». Роҳиб гуфт: «Зинҳор ки ӯро ба чашми анбозон ва бозоргонон набинӣ, зеро ки ӯ пайғамбари Худост ва меҳтару беҳтар аз ҳама мавҷудот аст».
Баъд Роҳибу Майсара ба хидмати Муҳаммади Мустафо (с) рафтанд. Роҳиб бо чеҳраи шукуфон пеш рафту бар пои мубораки эшон афтода бӯса доду гуфт, ки аломати пайғамбарии ту маро маълум гашт, аз ту умеди дар охират дастгирӣ дорам. Ва акнун илтиҷои оҷизонаи ман он аст, ки кашфи мубораки худ ба ман нишон диҳӣ, зеро ки дар Инҷил хондаам, ки дар китфони мубораки ту мӯҳри нубувват бошад. Пайғамбар (с)-ро он лутфу меҳрубони ва тавозӯи Роҳиб хуш омад ва китфи шарифи худро бараҳна карданд. Чун чашми Роҳиб бар он мӯҳр биафтод, меҳраш биафзуду гуфт: «Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу». Боз гуфт, ки ту он касӣ, ки Исо алайҳиссалом башорати ту дода буд.
Пас Майсараро васият кард, ки Пайғамбар (с)-ро аз офату балои ҷуҳудон некӯ нигоҳ дорӣ. У гуфт: «Ба чашм» ва Абӯсуфёнро низ таъкиди зиёд кард. Абӯсуфён гуфт, ки ӯ бародарзодаи ман аст, албатта нигоҳбинии ӯ ба зиммаи ман хоҳад буд. Пас Роҳиб меваҳои гуногун ва хӯришҳои лазиз баҳри онҳо таҳия кард, ҳамагон аз онҳо тановул карда, таноби роҳро ба даст гирифтанд. Ба сари дуроҳае расиданд, ки яке наздику пурхатар ва дигаре дуру бехатар буд. Ҳазрат (с) роҳи наздику пурхатар ихтиёр намуданд. Бегонагон ба ҳоли Пайгамбар (с) механдиданд, ки ҳам моли Хадиҷа (р)-ро барбод медиҳаду ҳам худаш ба ҳалокат мерасад:
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.
(Ҳофиз).
Он Ҳазрат (с) фармуданд, ки Худои таъоло ҳофизу муъини ман аст ва ба роҳ равон шуданд:
Ҳар кӣ ба ихлос қадам мезанад,
Исии вақт аст, ки дам мезанад.
(Саъдӣ).
Рӯзе ба манзиле расиданд, ки об надошт. Майсара бо хотири парешон ба Ҳазрат (с) арз кард, дар чунин беобӣ қофила ба ҳалокат мерасад. Пайғамбар (с) баробари шунидани ин маънӣ аз хайма баромада дар зери дарахте ҳайрону зор истоданду дасти муборак ба дуо бардоштанд: «Бор Худоё, ба Муҳаммади ятим (с) раҳм карда, ба фарёдаш рас, оби ширин ато фармо». Дар ин асно дарахт ба ҳукми Худои таъоло ба сухан даромада гуфт: «Ё Муҳаммад, чанд қадам пештар раву мақоме ки қадами охири ту афтад, чоҳе бикан, то обе хоҳӣ ёфт». Пас ҳамчунин карданд. Ба ҳукми Аллоҳ ҷалла ва ҷалолуҳу оби ширину соф пайдо шуд ва ҳама корвониён шодобу осуда гаштанд:
Рӯ ба даргоҳаш кай овардию гашти ноумед,
Чун гадо коҳил бувад, тақсири соҳибхона чист?
(Номаълум).
Рӯзи дигар ба ҷое расиданд, ки шутурони зиёде бо баданҳои захмин хуфтаанд ва кирмон баданҳояшонро мехӯранд, беморӣ дар онҳо чунон асар кардааст, ки қуввати рафторашон намонда. Ба қудрати Худо шутурҳо ба забон омаданд: «Ё Расулулоҳ (с), Худои таъоло туро ба иёдати мо фиристодааст, бар ҳоли зори мо мустамандон раҳме намо». Он Ҳазрат (с) ба ҳоли афгорашон ба ёди ятимии худ зор-зор бигиристанд ва аз шутури худ фуруд омада бар захмҳои бадани онҳо дасти муборак бигардониданд. Дар як он ҳама шутурҳо сиҳату тандуруст шуда шукру сипосгӯён ба чаро машғул шуданд.
Чун ба Шом расиданд, ҳамаи матоъи худ фурӯхтанд ва фоидаи зиёде ба даст оварда, ба ивази он матоъи дигар харида ба бозгашт тайёрӣ диданд. Дар ин асно баъди бист рӯз Абӯсуфён бо қофилаи худ ба Шом расид ва ба равнақи кори Ҳазрати Муҳаммад (с) дар тааҷҷуб монд ва ба воситаи касе таъин кард, ки онҳо чанд рӯзи дигар дар Шом тоқат кунанд, якҷоя ба Макка бармегарданд. Он Ҳазрат (с) таваққуфи ноҷоро салоҳ надонистанд ва аз Шом ба тарафи Маккаи муъаззама озими сафар шуданд. Бо меҳрубонии Худо ва қадами мубораки Расулаш (с) дар роҳи бозгашт қофила ба душворие мувоҷеҳ нашуд. Яъне:
…Гар туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон ғам махӯр.
(Ҳофиз).
Вақте ки наздики Маккаи муъаззама расиданд, Майсара гуфт: «Ё Муҳаммад (с), чандин сол, ки барои Хадиҷа (р) бозоргонӣ мекунам, ягон сол ҳамчунин фоидаи зиёд надидаем. Агар хоҳӣ, ту пеши Хадиҷа (р) рав, ӯро ба саломатӣ ва фоидаи зиёд муждагонӣ бидеҳ, то ба ту инъом диҳад». Ҳазрат (с) розӣ шуданд, Қазоро Хадиҷа (р) саҳроро тамошо мекард ва ба назараш расид, ки саворе меояду абру паррандагон пар дар пар зада бар сари ӯ соя меафкананд ва баробараш роҳ мегарданд.
Хабар доданд, ки Муҳаммад (с) аз сафар баргашт. Хадиҷа (р) яқин кард, ки он савор Пайғамбар (с) будааст. Муҳаммад (с) баробари дидани Хадиҷа (р) аз саломатии қофила ва манфиатҳои тиҷорат башорат доданд. Хадиҷа (р) хелс шоду мамнун шуд, аммо ба Ҳазрат (с) гуфт: «Бирав ва ҳамроҳи Майсара биё». Мақсадаш он буд, ки бори дигар он манзараи сояафкании абру парзании мурғонро бубинад ва боварӣ ҳосил кунад, ки он савор воқеан Муҳаммад (с) аст. Ҳазрат (с) чун аз Макка берун рафтанд. Хадиҷа (р) аз дур мушоҳида мекард.
Дар бозгашташон бо корвониён низ ҳамон вазъ такрор мешуд, аммо дигарон аз ин ҳол огоҳ набуданд. Чун расиданд, Хадиҷа (р) Майсараро аз вазъи тиҷорат, рафти сафар ва аҳволи байъу фурӯхт ва суду зиён пурсон шуд. Майсара гуфт: «Ё сайида, ҳеҷ вақт мо инчунин осоишу роҳате, ки аз баракоти Муҳаммад (с) дидем, надидаем ва дар тасвири сифатҳояш сухан оҷиз аст»:
Ҳар ҷо ки қадам ниҳад, аз он гул хезад,
Гул аз паи гул чу мавҷи сунбул хезад.
Файзи қадами вай ончунон ҳаст фузун,
К-аз лонаи акка тухми булбул хезад..
(Равшани Ҳамроҳ).
Пас аҳволи таъзиму такрими роҳиб ва сояандозии абри саҳоб ва ҳақиқати рафтан ба саломат аз роҳи пурхатар ва берун омадани об аз чоҳ ва кайфияти сачда кардани набототу ҷамодот ва қиссаи шутурон ва фоидаи тиҷрратро мӯ ба мӯ баён намуд. Ба шунидани ин маънӣ ва ба дидани ончунон раҳмати яздонӣ Хадиҷа-хотун (р) ба ҳазор дил ба таъзиму такрим даромада, муздурии муқарраршударо бист баробар афзуд. Ғуломону ходимони худро таъкид кард, ки ба
хидмати бобаракати он Ҳазрат (с) ҳозир шуда, сари муе аз ҳукму фармони эшон берун нашаванд ва дар хидматашон саҳлангорӣ накунанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10