Издивоҷи Расул(с) ба Хадича-хотун (р)
Рӯзе дар аснои сӯҳбат Хадича-хотун (р) он Ҳазрат (с) - ро пурсид: «Зан гирифтаӣ» Фармуданд, ки «Не». Арз фармуд, ки агар мани оҷизаро ба никоҳи худ дарорӣ, то боқии умр ба хидмати ту сарфароз шуда, саодати дорайн ва кавнайн ҳосил намоям Мустафо (с) андаке ба фикр фурӯ рафтанду сари муборакашонро андаке боло бардошта шармида гуфтанд: «Дар ин бора розигии амакам Абӯтолибро бояд гирифт». Ва аз назди Хадиҷа хориҷ шуданд.
Баъд Хадиҷа (р) ҳадяҳои фаровон ба Абӯтолиб фиристод. Борҳо либосҳои латиф ва чинсҳои назиф ба ҳамсараш ҳадя намуд. Абӯтолиб ба дарёфти ин маънӣ гуфт, ки умри мубораки он Ҳазрат (с) нав ба бисту панҷ расида, аммо Хадича-хотун (р) аллакай чилсола аст. Ин гуна издивоҷ номатлуб хоҳад буд. Ин хабарро шунида, Хадиҷа (р) боз ҳадҳои гаронбаҳотаре ба Абӯтолиб ирсол намуд. У дид, ки ин зан аз он Ҳазрат (с) ҳеҷ гоҳ дил канда наметавонад, баъзе мардони обрӯманди Қурайш низ дахолат карда истодаанд, розигӣ дод.
Бо нишондоди Хадиҷа (р) Абӯтолибу бародарзодааш ба назди амаки Хадиҷа (р) Варақа ибни Навфал рафтанд, ки ӯ бо ҷамоате машғули айш аст. Ҳама бархоста эҳтироми эшонро ба ҷо оварданд. Варақа чун Мустафо (с)-ро дид, гуфт: «Ман туро бисёр дӯст медорам, ҳар ҳоҷате, ки мехохӣ, аз ман бихоҳ!» Абӯтолиб ба миён даромада гуфт: «Ман аз баҳри вай ба ҳоҷате омадаам». Варақа гуфт: «Бигӯ, ки чист? Гуфт: «Мехоҳам, ки Хадиҷа(р)-ро ба Муҳаммад (с) бидиҳӣ». Варақа дар ҳолати сархушӣ гуфт: «Ё маъшари Қурайш, гувоҳ бошед, ки ман Хадиҷаро ба Муҳаммад (с) додам». Мустафо (с) гуфтанд: «Ман қабул кардам».
Он Ҳазрат (с) чорсад мисқоли зарин маҳри Хадиҷа (р)-ро доданд ва ӯро ба никоҳӣ худ дароварланд. Абӯтолиб дар он рӯз хутба хонда гуфт:
«Ситонш мар Парвардигореро, ки моро аз насли Иброҳим (а) ва фарзанди ӯ Исмоил (а) ва аз асли Маъад ва аз табори Мазарра гардонид. Ва моро нигоҳбонони хонааш ва хидматгорони ҳарамаш намуд ва барои мо хонаи зиёратгоҳ ва ҳарами паноҳдиҳанда бахшида, моро ҳоким ва сардори мардум гардоннд.
Баъди ситоиши Худо албатта бародарзодаи ман Муҳаммад писари Абдуллоҳ дар баробари ӯ ҳеҷ мардеро вазн карда намешавад, магар ки ӯ аз рӯи шараф ва бузургӣ ва фазилат ва ақл бар он мард бартар хоҳад буд. Агарчи ӯро мол кам аст, вале ба таҳқиқ мол сояи раванда ва орияти баргардондашуда аст. Савганд ба Худо, ки баъди ин барои ӯ шаъну шарафи бузург хоҳад буд. Ба таҳқиқ чун ба шахси бузургу бокарами шумо Хадиҷа рағбат кард, ба назди шумо барои хостгорӣ омад. Ба таҳқиқ барои ӯ ин миқдор аз маҳр сарф намуд».
Ба ҳамин тариқа зиндагии мустақилонаи ҷаноби Расулуллоҳ (с) бо Хадиҷатулкубро (р) оғоз гардид. Хадиҷатулкубро (р) аз ин тазвиҷ хушдил ва аз бахти худ розӣ буд. Минбаъд молҳое, ки дошт, дар роҳи Худо ба мӯҳтоҷону тангдастон дод ва қадре аз он ба Абӯтолиб фиристод ва ҳамаи ғуломони худро ба ризои Худо озод намуд ва макону либоси дарвешн ихтиёр кард.
Ҳазрати Рисолатпаноҳ (с) бо Хадиҷатулкубро бист сол зиндагӣ доштанд ва боре ҳамдигарро наозурдаанд. Дар ин муддат Пайғамбар (с) ба ҳурмати ӯ бо зани дигаре издивоҷ накардаанд. Аз онҳо се писару чор духтар ба дунё омадаанд. Нахустин писарашон Қосим буд, аз ин сабаб Пайғамбар (с)- ро Абулқосим мехонанд. Писари дуюмашон Тоҳир ном дошт. Номҳои духтаронашон чунин буд: Зайнаб, Руқия, Умм Кулсум ва Фотима (дуруду салом бар онҳо бод!) Ва пеш аз он ки эшонро рисолати пайғамбарӣ омад, ҳар ду писар бимурданд ва ҳар чор духтар бизистаид.
Тавре ки мегӯянд: «Марги падару модар — мерос ва марги фарзанд алмос аст». Он Ҳазрат (с) дар марги фарзандони худ бесадо мегиристанд, дарӯн-дарӯн месӯхтанд, аммо садои муборак баланд намекарданд. Хадиҷатулкубро (р)-ро ҳам намегузоштанд, ки чун давраи ҷоҳилият рӯйканиву мӯйканӣ кунад, аммо то муддати муайян ба гиряи бесадо иҷозат медоданд. Боз бо суханҳои тасаллиятомез дилашро таскин мебахшиданд:
Саҳар мегуфт хокистар саборо:
Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад.
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул нун ҷавон гардад, бимирад.
(Муҳаммад Иқбол).
Пайғамбар (с) бо моли Хадиҷатулкубро (р) фарохдастӣ бисёр мекарданд ва ҳоҷати эҳтиёҷмандонро мебароварданд. Ва мардумон бар саховату амонати эшон гирд омаданд ва ҳама зинҳору амонат пеши эшон мебурданд. Ва ҳар киро хусумате пеш меомад, назди он кас мерафт, то ки мунсифона онро ба ифоқа оранд. Ва меҳтарии Маккаро пас аз вафоти Абӯтолиб (р) ба ғайр аз ҷаноби Расулуллоҳ (с) ба касе дигар муносиб намедонистанд.
Вақте ки он Ҳазрат (с) сию панҷсола буданд, Қурайш хонаи Каъбаро бо мақсади таъмир вайрон карданд, зеро он дар замони Ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (а) сохта шуда буд ва дар ҷое қарор дошт, ки оби борон деворҳои онро нам мезанонд ва чор қабилаи Қурайш-банӣ Махзум, банӣ Ҳошим, банй Умайя ва банӣ Зӯҳра ба ин кор даст заданд.
Аммо касе аз онҳо аввалин шуда ба вайрон кардани ин хона ҷуръат намекард. Чор рӯз онҳо сари ин масъала баҳс карданд. Рӯзи панҷум Валид ибни Муғира аз банӣ Махзум, ки аз ҳама пиртар буд, ҷуръат карда гуфт: «Худои азза ва ҷалла аз замири дили мо огоҳ аст, ки мо бо кадом мақсад ин хонаро вайрон мекунем». Эшон гуфтанд: «Ту аз ҳама пиртарӣ, аввал ту оғоз кун». Валид ибни Муғира табар ба даст гирифта як гӯшаро вайрон кард, аммо каси дигар ғайрати аз ӯ пайравӣ карданро надошт. Бегоҳ шуд ва ҳама гуфтанд, ки агар имшаб Валид ба ягон бало гирифтор нашавад, мо пагоҳ ба кор шурӯъ менамоем.
Рӯзи дигар мардум ӯро саломат диданд ва бо дили пур хонаро вайрон карда ба бозсозӣ машғул шуданд. Чун навбати кӯчонидани Ҳаҷару-л-асвад расид, миёни ин чор қабила баҳс афтод. Ҳар яке мехост, ки қабилаи худаш онро кӯчонад, то шарафи онро дарёбад ва номаш дар сафҳаи таърих бимонад. Кор ба ҷое расид, ки миёни қабилаҳо ҷанҷол бархост ва онҳо шаъни ҳамдигарро паст заданд. Валиди Муғира онҳоро ором кард ва гуфт: «Ҷанҷол накунед, то пагоҳ тоқат мекунем, ҳар кӣ нахустин шуда вориди масҷид шавад, ӯро довар таъин менамоем ва ба ҳукми ӯ амал мекунем». Ва нахустин шуда Ҳазрати Муҳаммад (с) вориди масҷид шуданд ва ҳама бо як овоз доварии Муҳаммади Амин (с)-ро писандиданд. Он кас ридои қасаби худро густурда гуфтанд, ки сангро ба болои он гузоред ва намояндаи ҳар чор қабила аз чор гӯшааш гирифта бардорад. Хусумат аз миёни қавмҳо рафт. Дар масъалаи ба мақоми таъиншуда гузоштани санг низ баҳс бархост. Мардум доварии Пайғамбар (с)-ро дархост карданд. Эшон бо дастони мубораки худ сангро аз рӯи ридо озод бардошта ба мақоми таъиншуда гузоштанд. Барои таъмири пурраи масҷид чӯб намерасид ва дар Маккаи муъаззама дар он замон на чӯб буду на дуредгар.
Ҳамон шабу рӯз шохи Ҳабаша Наҷҷошӣ дуредгарону чӯбҳои зиёдеро ба кипгтӣ шинонид ва фармон дод, ки аз номи ӯ дар шаҳри Антокияи Шом калисое бунёд кунанд. Ба қудрати Худои азза ва ҷалла киштӣ дар наздикии шаҳри Ҷидда шикаст ва он чӯбҳо ба сари об баромаданду ҳар яке аз дуредгарон барои наҷоти ҷони худ ба чӯбҳо часпиданд ва дар Ҷидда қарор гирифтанд. Вақте ки аз ин вазъ шоҳи Ҳабашаро огоҳ карданд, ӯ фармон дод, ки тамоми чӯбҳоро ба Макка баред ва ҳама дуредгарону маблағҳоро барои ободонии хонаи Каъба истифода баред.
Комментарии 6
Алоҳума сали алло Муҳаммад ва ало оли Муҳаммад