Фарзанди падар хоҳи нахоҳи дигар аст. Бо меҳру муҳаббат ӯ лахти ҷигар аст. Як нусхаи хуби Падару Модари ҷон. Дунёи умед ҳам ба кас болу пар аст.
    1 комментарий
    236 классов
    БА МАН ЗАНИ БЕЗЕБ ДОДАНД... Ҷавони 24- сола ва сокини шаҳри Хуҷандам. Имсол донишгоҳро хатм мекунам ва ҷои корам тайёр аст. Соҳиби кори сердаромад мешавам, аммо як масъала маро хеле азоб дода истодааст. Ҳамсарамро надида гирифта будам ва ситораҳоямон ҳеҷ рост наомада истодаанд. Келинро падарам аз Исфара ёфтанд. Фикр мекардам, ки бо духтари зебою бомаънӣ хонадор мешавам, вале хато кардам. Арӯсам безеб ва бар замми ин, бисёр чалфас баромад. Ба худаш аҳмият намедиҳад, гӯё арӯс неву тайлоқ бошад, бо як либос ҳам кору бори хонаро мекунаду ҳам мехобад. Худам, ки ҷавони зебою олуфтаам, тоби чунин чалфасиро надорам. Занам аз ягон ҷиҳат ба ман муносиб ва лоиқ нест. Шабҳоро бо азоби алим дар паҳлӯяш саҳар мекунам. Аввалҳо хотири обрӯи волидонамро намуда, тоқат мекардам, вале рафторҳои беақлонаи занам ҷонамро ба лабам расонданд ва билохира ҷойгаҳамро аз ӯ ҷудо кардам, чунки аз бӯи бади даҳону арақи тани чиркинаш дилам беҷо мешуд. Ягон роҳи аз зани бадрӯй ва чиркинакам холос шуданро наёфта, ночор ба редаксия нома навиштам, то бо кӯмаки «Оила» падарамро аз дарди дилам воқиф созам. Падарҷон, то имрӯз ҳар чи кардед, хотири падариатон сабр намудам. Шумо агар мӯр гӯед, мемурам, вале дигар тоқати бо келини ифлосакатон зиндагӣ карданро надорам. Ҳамкурсонам фаҳманд, ки мани олуфта чунин духтари сиёҳҷурдаи чиркинакро ба занӣ гирифтаам, ба ҳолам механданд ва аҷаб нест, ки ба рӯям туф кунанд. Ба хубӣ келини ёфтаатонро ба хонаи модараш бурда монед, дадаҷон. Якравӣ мекарда бошед, дониста монед, ки аз умрам як рӯзи дигар монданашро донам ҳам, ман албатта дар болояш зани дигар мегирам! Манучеҳр 
    125 комментариев
    31 класс
    Шавҳарам зани баҷоӣ дорад, вале... Салом! Ман як зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта,бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале тақдир барои марди дӯстдоштаам писар таваллуд карданро ба ман насиб надид. Ҳар дафъаи ҳомиладориам Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман як шоҳписар диҳад, аммо боз духтар тавалуд мекардам. Шавҳарам аввалҳо “духтару писар ҳамааш доди Худованд аст” гӯён, маро дилбардорӣ мекард, вале баъди тавлиди духтари сеюмам гоҳ-гоҳ таъна мезадагӣ шуд, ки ту фақат духтар ба дунё меорӣ. Мегуфтам, ки “ҳой мардак, ношукрӣ накунед, охир баъзе одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале Худованд ба онҳо на писар медиҳаду на духтар”, аммо шавҳари духтарбезорам ҳар бори таваллуд карданам қаҳр карда, чанд рӯз ба таваллудхона намеомад ва баъди ба хона баргаштан низ «занак, ту аз духтарзоӣ кай сер мешавӣ?! Ақалан як бача кун!» гуфта, ба дилам неш мезад. Худ ба худ мегуфтам, ки агар Худованд писар ё духтар зоиданро ба ихтиёри худи зан мемонд, якто не, даҳ бача мекардам, вале фарзанд доди Худост, хоҳад медиҳад, нахоҳад не, охир ман чи кор кунам... Хулласи калом, солҳо турнасон гузаштанд ва ман бо умеди ақаллан як писар таваллуд кардан пай дар пай шаш духтари зебои заркокулро ба дунё овардам. Рафта-рафта шавҳарам, ки дар шаҳр кор мекард, баъзан шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд, вале ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падари фарзандонам бо касе ишқварзӣ мекунад ё шояд зани дигар гирифта бошад. Рӯзе ҷиянам Мафтуна, ки дар корхонаи шавҳарам котиба шуда кор мекард, беҷуръатона гуфт: «Аммаҷон, ҳар рӯз як зани зебо ба назди язнаам меояд. Шумо намедонед, ки он занак кист?» Асабонӣ шуда бошам ҳам, сир бой надода гуфтам: «Ягон шиносашон будагист-дия, аҳамият надеҳ!»  Ду рӯз пас шавҳарам ба хона омад ва ҳисси кунҷкобиям боло гирифта пурсидам: «Мардакҷон, росташро гӯед, шумо ягон бор ба ман хиёнат кардаед ё не?» Рангаш канда бошад ҳам, ҳозирҷавобӣ намуда, гуфт: «Магар зани худам ягон айб дорад, ки аз паси дигар беваҳо давида гардам?!» Дилам аз ин ҷавоби шавҳарам каме ором гирифт, вале ҳамон шаб ба телефони дастии падари бачаҳоям аз рақами ношиносе занг омад. Бедораш кардам. Шавҳарам телефонро гирифта, ба берун баромад. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дод ва ноаён аз паси дар гапашро гӯш кардам. «Барои чӣ дар як поси шаб ба ман занг задӣ?! Қариб монда буд, ки занам фаҳмад! Ту характери зани маро намедонӣ, вай чунон зани шаттоҳу бадтол аст, ки дар сарат чормағз мешиканад. Худо накарда асли гапро фаҳмад, балои азимеро ба сари ҳардуямон мебиёрад. Аз ҷак-ҷаки ин занаки серҷоғ кайҳо безор шудаам, вале ҷойи гурез намеёбам. Дасту дилам аз зиндагӣ бо вай хунук шудааст, лекин дигар илоҷ надорам. Духтарҳоям калон шудаанд, агар онҳоро партофта равам, мардум ба ҳолам механданд» мегуфт шавҳарам. Фаҳмидам, ки падари фарзандонам дар шаҳр зани баҷоӣ доштааст. Ҳамон шаб то саҳар гиря кардам, аммо ба касе сир бой надодам. Намедонам чӣ кор кунам? Рашк чунон дилу ҷигарамро месӯзад, ки мехоҳам рафта зани дуюми шавҳарамро пора-пора кунам, вале хотири шаш духтарам боз астағфуриллоҳ мегӯям. Метарсам, ки агар барои дар болои ман зан гирифтанаш бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунам, ҷавоби маро медиҳад ва духтарҳоям бе падар мешаванд. Хонандагони рӯзгордида, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Суроғаашро ёфта, ба сари зани дуюми шавҳарам равам ё ба хотири бе падар нашудани духтарҳоям худамро ба кӯрию карӣ зада гардам? Манзура аз н. Рӯдакӣ 
    67 комментариев
    25 классов
    Қарздор то аз қарз раҳои наёбад кораш барор намегирад. Шайх Муҳаммат Содиқ.
    1 комментарий
    52 класса
    Ман Саломат ҳастам. Ба кормандони сомона саломативу рӯзгори хушро орзумандам. Хонаводаи мо дар маҳаллаи Қазоқони ҳозира зиндагӣ мекарданд. Дар оилаи мо 5 фарзанд, 2 духтару 3 писар буд, падарамон барвақт аз дунё гузашта буд. Саробони мо танҳо модарамон буд, дар давоми ин солҳо ноилоҷ 2-3 шавҳар кардаву бо меҳнати худ рӯзамонро мегузаронид. Солҳои сипарӣ шуданду мо ятимон калон шудем. Апаам Қурбонгул солҳои 1972-1973 шавҳар карданд. Модарам маро дар ҳавлиямон ба шавҳар дод, яъне шавҳари ман хонадомод шуд. Шавҳарам коргари оддӣ буд, боз баъзе ҳунарҳо низ дошт. Мо дар як гӯшаи ҳавлӣ хона андохта, соҳиби 2 фарзанд шудем, бадбахтона духтарчаамон аз дунё гузашт. Бародарам оиладор шуду рӯзи ман сиёҳ гашт, баъдтар додаронам низ хонадор шуданду ҷангу ҷанҷол дар хонаводаи мо зиёд шуд. Модарамро барои хонадомод кардани шавҳарам сарзаниш мекарданду маро бадбинӣ карда мегуфтанд, ки духтар ҳақи дар ҳавлии падар зистанро надорад. Модарам аз тарси писару келинҳо тарафи маро намегирифт. Фарзандони падарам ҳар рӯз дилсиёҳӣ мекарданд. Ману шавҳарам хонаамонро ба савдо гузоштем, вале ҳеҷ онро фурӯхта наметавонистем. Солҳои 91-92 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҳамсояамон Баҳром бо мақсади харидорӣ намудани ҳавлии мо 63 ҳазор рубли “деревянный” пешниҳод намуд. Баҳром ба мо 18 ҳазор дода, ваъда дод, ки боқимондаи пулро баъдтар медиҳад. Шавҳарам боз каме пул дошту ба болои пули додаи ҳамсоя монда, хонаи 1-ҳуҷрагӣ харидем. Ҳанӯз хонаи харидаамонро хариду фурӯш накарда будем, ки ҳамсояамон Баҳром аз раъяш гашту талаби 18 ҳазорашро карда гуфт: Ман ин ҳавлии ҷанҷолиро намегирам, пулро баргардонед! Шавҳарам сари калобаашро гум карда, намедонист чӣ кор кунад. Билохира бо бародарам Раҷаббек гапзанон карда, чунин пешниҳод намуд: -Ту як умр дар талаби ҳавлии падарат будӣ, беҳтараш ҳавлии моро худат харидорӣ кун. Раҷаббек аз хешу ақрабои занаш 18 ҳазор пул оварда, ба ҳамсояамон Баҳром доду шавҳарамро ба гап андохта гуфт: -Биё ба идораи нотариус рафта, хонаро хариду фурӯш кунем, сипас пули боқимондаро медиҳам, -баъдтар фаҳмидем, ки ин ҳама фанду фиреб буда, бародарам ба мақсади чандинсолааш расидааст. Хулоса, имзои шавҳарамро гирифтанду хона ба номи бародарам шуд. Байнамон гуфтугузорҳо шуду мо ба ҷои ҳавлӣ хонаи 1-ҳуҷрагиамонро низ додем. Пас аз чанде дарак ёфтем, ки бародарам якҳуҷрагиро ҳуҷҷати нав карда фурӯхтаасту овоза кардааст, ки хонаамонро баргардонидааст. Бояд қайд намоям, ки ман бо шавҳарам хати загс надоштем, бинобар ин имзои маро ҳангоми хариду фурӯши хона намепурсиданд. Кор то ба суду прокуратура расид. Ноомади корро бинед, ки ҳамсояамон Баҳром, ки барои ҳавлӣ ба мо 18 ҳазор дода буд, гуфтааст, ки ба мо 70 ҳазор додааст. Ҳамсоя бо бародарам забон як карда, бар ивази ин гапи дурӯғаш аз фарзанди падарам замини пушти хонаи маро талаб кардааст. Бародарам хешу ақрабои занаш ва ҳақу ҳамсояҳоро шоҳид гузаронид. Аз ҳама аламовараш ин буд, ки апаам Қурбонгул ва додаронам аз Худо натарсида, дар ин баёнати бардурӯғ шоҳидӣ дода, гуфтаанд, ки язнаамон ҳамаи пулро гирифт. Мурофиаи судӣ ба фоидаи онҳо ҳал шуд. Азбаски писарони бародарам дар Русия кор мекунанду аз онҳо ба фарзандони падарам фоида мерасад, нисбати ман чунин беадолатиро раво диданд.  Хулоса, бародарам бо занаш хурсанду мамнун буданд, ки бо 18 ҳазор ин қадар бурд карданд. Ҳам хонаи 1-ҳуҷрагӣ ва ҳам ҳавлӣ ба номашон шуд. Модарамро чандин бор ба наздам равон карданду гуфтанд, ки барои худ аз мақомотҳои болоӣ хона талаб кунам, вале фарзандони падарам бо сад ҳиллаву найранг хонаи маро аз худ карданду магар аз дигарон умед карда метавонистам? Тавре дар боло қайд кардам, дар ягон ҳуҷҷати хариду фурӯш имзои ман набуд, ноомади корро бинед, ки як-ду ҳуҷҷатамро низ гум карда будам. Рӯзе бародарам маро дар кӯча дида, чунин маслиҳат дод: -Ҳуҷҷатҳои хонаро тахт куну имзо гузор, то “бомж” нашавӣ, маҳаллаамонро чаппа карда истодаанд. Фикр кардам, ки Худо ба дили бародарам раҳму шафқат ҷой кардааст, ба ӯ бовар карда, ба архиви Вазорати адлия рафтам имзо гузоштам. Баъдтар фаҳмидам, ки боз фиреб хӯрдаам, яъне мероси падарамро ба бародарам фурӯхтаам. Ин ҳама соли 2019 рух дода буд. 15 сол шуд, ки шавҳарам аз дунё гузаштааст, ману писарам танҳо зиндагӣ мекунем. Писарам 47 сол дораду худам 66-солаам, ноомади корро бинед, ки имсол дар ҳавлиям афтида, поям шикаст. Писарам маро нигоҳубин мекунад. Ногуфта намонад, ки соли 2019 баъди дар ҳуҷҷатҳои архив имзо гузоштанам, аз ҷониби бародараму занаш ким чӣ хел сару садоҳо баланд шуд. Аз гуфтору рафторашон ҳис кардам, ки онҳо марги маро мехоҳанд, инро девори миёни ҳавлӣ тасдиқ мекунад. Охир, дигар ман барои онҳо як дарди сарам, зудтар аз ман халос шудан мехостанд. Лекин қисмат инро нахост, ҳарчанд дар мурофиаҳо бурд карда бошанд ҳам, аммо қонуни иллоҳиро фаромӯш карда буданд. Дар муддати 28-30 сол аз ғайб чӣ қадар ҷазо диданду руҳу арвоҳҳоро ноором карданд, танҳо худашон медонанд. Мақсад аз рӯи коғаз овардани ин моҷарои оилавӣ дар ҳамин аст, ки бигзор сарнавишти ман барои дигарон дарси ибрат шавад. Бигзор ҳама фаҳманд, ки аз рӯи нафси дунёӣ байни фарзандони падар чӣ воқеаҳое рӯй намедиҳад. Саломат (Номҳо иваз шудаанд.) 
    4 комментария
    36 классов
    Эй Очаи ҷон, дилаки ту дард накунад, Ин хонаи гарми ту, Худо, сард накунад, Рӯи сурхи ту, Оча, бувад давлати мо, Ин рӯйи туро Оча, Худо, зард накунад. #Модар
    114 комментариев
    1.1K классов
    Сағерабача қисми 6... Давомаш ... Ҳамин тавр, бо амри табиб ҳуҷҷатҳои пиразанро зуд тахт карданд ва ташхисҳои заруриро анҷом дода, беморро ба ҳуҷраи амалиёт бурданд. Хушбахтона амалиёт бомуваффақият гузашт. Талхадони кампирро бурида гирифтанд ва ӯро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ гузаронданд. -Шумо аз роҳи дур будаед, беҳуда ташвиш кашида, дар ин ҷо наистед. Беҳтараш рафта дам гиред. Мариз ба ҳуш ояд, мо худамон ба шумо занг зада, хабар медиҳем,-гуфт Самад ва аз ҳамшираи шафқат хоҳиш кард, ки рақами телефони писарони маризро навишта гирифта, онҳоро ба хона ҷавоб диҳад. -Духтурҷон, охир ин чӣ хел мешавад? Мабодо шаб ягон дорую дармон лозим шавад... -Ман гуфтам-ку, чизе, ки лозим бошад, мо худамон мекунем. Шумо бемалол рафтан гиред,-фарзандони маризро дилпур намуд духтур. Бачаҳои кампир ҳайрон-ҳайрон ба Самад менигаристанд, зеро онҳо чунин духтури хайрхоҳро дар умрашон бори аввал медиҳанд.... Некӣ куну ба об андоз Пас аз ду-се рӯз кампирро ба палата гузаронданд. Фарзандонаш рӯзе як маротиба ба аёдати ӯ омада, танҳо шӯрбоча ё ягон хӯроки парҳезии дигар меоварданд, вале табиби машҳур маризашро хору зор шудан намемонд. Вай субҳгоҳон ба кор омада, пеш аз ҳама аз ҳолу аҳволи ҳамин пиразан хабар мегирифт ва бо ӯ ҳазлу шӯхӣ карда, дилбардорӣ мекард, ки зиқ нашавад, Худо хоҳад, бе талха ҳам 100 сол умр мебинад. Ҳампалатаҳояш ба ӯ ҳасад бурда мепурсиданд, ки магар ин духтур хеши наздикатон мешавад, ки нисбати шумо ин қадар меҳрубон аст. Кампир китф дарҳам кашида мегуфт: -Ҳафт пушташро намешиносам. Дар умрам ӯро бори аввал дар ҳамин ҷо дидам, вале ин духтур одам не, фаришта будааст. Вай ҷони маро аз марг наҷот дод. Ҳамин табиби ғамхор намебуд, мани мабағал яқин бе аҷал мурда мерафтам. Худованд падару модарашро раҳмат кунад ва ба ҳаёташ файзу баракат диҳад. Сиҳату саломат ба хона баргардам, ҳамеша дар намозҳоям дар ҳаққаш дуои нек мекунам. Илоҳо хока гирад, дар кафаш зар гардад... Пешниҳоди аҷиб Аз ҷарроҳӣ беш аз як ҳафта гузашт. Аз рӯйи қоида бояд маризро ба хона ҷавоб медоданд, вале Самад фарзандони кампирро ҷеғ зада гуфт: -Модаратон ҳанӯз ба пуррагӣ шифо наёфтаанд, вале дар беморхона беморон хеле зиёд шуда, ҷой нест. Агар шумо розигӣ диҳед, ман модаратонро ба хонаи худам бурда, боз се-чор рӯзи дигар табобат мекунам, баъд метавонед омада, он касро ба хона баред. Инро ба он хотир мегӯям, ки хонаи шумоён дур будааст, мабодо ҷойи ҷарроҳӣ чирку зардоб гирад, аҳволашон бад шуда метавонад... Азбаски писарони пиразан аз ин табиб некии зиёде дида буданд, дарҳол розигӣ доданд. Туҳфаи табиб Ҳамин тавр бо баҳонаи он ки бемор ҳанӯз ба худ наомадааст, Самад кампирро ба хонаи худаш бурд ва аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки ӯро хуб меҳмондорӣ карда, аз ҳолу аҳволаш мудом бохабар бошад. Муддати се рӯз пиразан дар хонаи духтур меҳмон буд. Ҳамсари Самад дар як рӯз чанд маротиба барои меҳмон хӯрокҳои рангоранг пухта, бо ҷону дил ба ӯ хизмат мекард. -Писарам, ман чанд рӯз дар хонаи шумо меҳмон шуда, шумоёнро хеле ташвиш додам. Шукри Худо, ҳолам беҳтар шудааст. Акнун иҷозат деҳ, ки ба хонаам равам,-бегоҳи рӯзи чорум хоҳиш кард пиразан дар сари дастурхон. Самад “модар, ин тавр нагӯед, охир меҳмон атои Худо аст. Ҳавои деҳа хунук, ба хонаатон рафта, чӣ кор мекунед. Дар ҳамин ҷо истодан гиред” гуфта бошад ҳам, кампир “хеле истодам писарам, акнун бояд ба хонаи худам равам” гӯён, исрор намуд. Давом дорад...
    5 комментариев
    25 классов
    Шавҳари аз худам хурд карда дар бало мондам... Ман аз шавҳарам панҷ сол калон бошам ҳам, зӯран ба гарданаш бор нашудаам. Исмат ба қавли худаш маро сахт дӯст дошта, ба фарқияти синну сол нигоҳ накарда, ба хонаамон хостгор фиристод. Пеш аз тӯй чанд маротиба аз назди Исмат гузаштам, ки ман аз ту панҷ сол калон ҳастам, боз модарат ту аз писари ман калон будаӣ гуфта, таъна назанад, вале вай қасам болои қасам мехӯрд, ки пайвандонаш ба зиндагии мо дахолат нахоҳанд кард.   Ба қавлу қасамаш розӣ шуда, бо умеду орзуҳои ширин қадам ба остонаи хонаашон гузоштам, вале аз рӯзи аввал тарбуз аз бағалам афтид. Тахминам рост баромад, хушдоманам маро худаш келин карда бошад ҳам, ҳеҷ ба ман рӯйи хуш надод, ки надод. Аз рӯзи нахустини зиндагиам дар ин оила ин кампир пӯстинашро чаппа пӯшида, мудом аз таги нохун чирк кофта мегардад. Дар ҳама гапу корам ягон камбудӣ ёфта, шавҳарамро маҷбур мекунад, ки ҷавоби маро дода, мисли саг аз дарашон берун кунад. Аз оне, ки ба ҷавони аз худам хурд ба шавҳар баромадам, сад бор пушаймон ҳастам, вале дигар оби рехтаро бардошта намешавад, чунки мо аллакай соҳиби як фарзанд ҳастему ман боз ҳомиладорам. Чанд маротиба бо балвои модараш шавҳарам ба сарам мушт бардошта, маро заду қаҳр карда ба хонаи модарам рафтам. Ният доштам, ки ҷудо шуда, нафаси осуда мекашам, вале шавҳарам боз аз пасам кашола шуда зориву таваллокунон маро баргардонд. Ба овардан меораду баъди чанд рӯз боз ба гапи модараш даромада, лагадкӯбам мекунад. Ҷонам ба лабам расидааст, дигар тобу тоқати чунин зиндагии сагонаро надорам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? М, сокини ш. Душанбе
    31 комментарий
    27 классов
    ҲУРИЯ ҚАРИБ БА ДОМИ ТАҒОИ ДУХТАРБОЗАМ МЕАФТИДАМ... Ҳар як инсон дар дилаш орзуву умед мепарварад, мехоҳад ишқи пок ва бахти сафед насибаш гардад. Ман ҳам бо умеди фардои нек бо Мирзо ном ҷавоне тариқи телефон шинос шуда, хаёлан қасри бахт месохтам. Мо қариб як сол бо ҳамдигар соатҳои дароз суҳбат карда, аз ишқу муҳаббат ҳарф мезадем. Мирзо чандин маротиба маро ба мулоқот даъват кард, вале аз тарси он ки мабодо касе аз пайвандонам маро бо ҷавони ношинос дида, мурдакӯб накунад, рад мекардам. Аз тарс ба Мирзо номамро дурӯғ гуфта бошам ҳам, ният доштам, ки баъди ба хонаамон хостгор фиристоданаш ҳамаашро ба ӯ мефаҳмонам, вале… Меҳру муҳаббати мо рӯз то рӯз амиқтар мегашт ва билохира мани дилдода сабру қарор аз даст дода ба вохӯрӣ бо Мирзо розӣ шудам. Ҳамон рӯз ончунон хурсанд будам, ки гӯё болу пар бароварда бошам. Худамро орову торо дода каме пештар аз вақти муайяншуда ба ҷойи мулоқот рафтаму дар паси дарахте пинҳон шудам. Мехостам ҳамааш мисли филмҳои ҳиндӣ аҷибу хотирмон гузараду Мирзо маро кофта-кофта аз байни гулҳо ёбад. Дилам аз шавқи дидор дар қафаси сина мисли кабки дарӣ пар-пар мезад. Ниҳоят Мирзое, ки мани сода як соли умрамро бо умеди дидораш бо хаёлҳои ширин сипарӣ карда будам, расида омад ва маро дар ҷойи мулоқот надида, телефонашро аз кисааш баровард, то занг зада дар куҷо буданамро пурсон шавад. Вақте чашмам ба чеҳрааш афтид, дар ҷоям шах шуда мондам. Забонам лол гашта, мадори дасту пойҳоям хушк шуданд. Мирзое, ки ман дар орзуи дидор ва ошиқи зораш будам, бегона не, тағои худам будааст, ки ҳамеша «тағо» гуфта ҳурмату эҳтиромаш мекардам. Тағои гӯрсӯхтаи ман марди 55- солаи соҳиби зану фарзанд ва келину домоду набераю чабера бошад ҳам, шарм надошта, духтар «шикор» мекардааст ва сайди навбатиаш ман будам. Азбаски ман номамро дурӯғ гуфта будам, вай маро кадом як духтари бегона гумон карда, як соли дароз бо афсонаҳои ширини ошиқона сарамро гиҷ мекардааст. Алами диламро базӯр фурӯ бурда, телефонро хомӯш кардаму аз роҳи дигар аз боғ баромада ба хона омадам. Хориам омада ба ҳоли худ зор-зор гирякунон ба чунин мардони дурӯғгӯю фиребгар лаънат хондам. Аз ин воқеа қариб ду моҳ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз ба худ наомадаам, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, ки аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам. Занг зада шайтониашро ба рӯяш кашам ё ҳаволаи тағои духтарбозамро ба Худо супорам? Ҳурияи ноумед, бесуроға.
    56 комментариев
    34 класса
    Духтари хуб касест, ки бепулиро тачриба кард. Нагузошт ки пулдоре тачрибааш кунад.
    12 комментариев
    136 классов
Эй Очаи ҷон, дилаки ту дард накунад, Ин хонаи гарми ту, Худо, сард накунад, Рӯи сурхи ту, Оча, бувад давлати мо, Ин рӯйи туро Оча, Худо, зард накунад. #Модар
Фарзанди падар хоҳи нахоҳи дигар аст. Бо меҳру муҳаббат ӯ лахти ҷигар аст. Як нусхаи хуби Падару Модари ҷон. Дунёи умед ҳам ба кас болу пар аст.
Неши ақраб хуштар аст аз заҳри дӯст, Дӯст бар дил мезанад ақраб ба пӯст. Аз барои неши ақраб чора ҳаст, Ай амону сад амон аз заҳри дӯст.
Қарздор то аз қарз раҳои наёбад кораш барор намегирад. Шайх Муҳаммат Содиқ.
  • Класс
Салому дуруд хонандагони азиз сиҳату саломат ҳастед ҳама?
Фарзанд қувату дармони ҳар як марду зан аст...
Шавҳарам зани баҷоӣ дорад, вале... Салом! Ман як зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта,бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале тақдир барои марди дӯстдоштаам писар таваллуд карданро ба ман насиб надид. Ҳар дафъаи ҳомиладориам Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман як шоҳписар диҳад, аммо боз духтар тавалуд мекардам. Шавҳарам аввалҳо “духтару писар ҳамааш доди Худованд аст” гӯён, маро дилбардорӣ мекард, вале баъди тавлиди духтари сеюмам гоҳ-гоҳ таъна мезадагӣ шуд, ки ту фақат духтар ба дунё меорӣ. Мегуфтам, ки “ҳой мардак, ношукрӣ накунед, охир баъзе одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале Ху
Шогирд: Устод кадом забонро омузам ки дар ҳаёд мувафақ шавам? Устод: Забони занро биомуз то дар зиндаги азоб накаши.
  • Класс
Нест беқарз одаме аз камбағал то шаҳриёр, Аз Худо як ҷон ҳама ҳастем, ёрон, қарздор.
Субҳ ба хайру шоди бошад дустони азиз!
  • Класс
Показать ещё