Эта группа продаётся! Хами группа фурухта мешавад. Канкретны харидор комментария кна!
  • Класс
Рузи 1,07,16 дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 довталабро ташкил мекунад. Бояд гуфт, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияи инихобии ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд. Рӯйхати марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қис
Ба иттилои довталабоне, ки ки дар давр(ҳо)-и асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавониста, хоҳиши дар даври иловагӣ супоридани имтиҳонҳоро доранд, мерасонем, ки чунин хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд. Шакли аризаро довталаб метавонад аз маркази имтиҳонӣ ё Маркази миллии тестӣ дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, сабаби дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистани ӯ мушаххас баён гардад. Дар бораи сабаби ҳолатҳои узрнок, аз ҷумла беморӣ, фавти наздикони оила, садамаи нақлиётӣ ва ғайра ҳуҷҷати тасдиқкунанда низ бояд ба ариза замима карда шавад. Пас аз пур кардани шакли ари
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 аз 8-ум то 23-юми феврали соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар семинари мазкур ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 237 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, ки аз ин шумора 224 нафарашон ба иштирок дар семинари мазкур роҳ ёфтанд. Хотиррасон менамоем, ки семинари мазкур дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир мегардад. Мақсади чорабинии мазкур омӯзонидан ва
  • Класс
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ тибқи “Тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Курси омӯзишии низоми ИМД-ро дар се сатҳ – ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ/ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии дахлдор ташкил мекунанд. Курси мазкур аз рӯйи маводи иттилоотиву методии омодакардаи Марказ: дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” ва “Барнома ва модули курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ”, ки ба тамоми муассисаҳои таълимии дахлдор ройгон тақсим карда шудаанд, гузаронида мешавад. Инчунин, дар баробари маводи иттилооти
  • Класс
ИВАЗ КАРДАНИ НУСХАИ ҶАВОБҲОИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТИ ҚИСМИ А (ИМТИҲОНИ УМУМӢ)-И ДАВРИ ИЛОВАГӢ Душанбе, 30-юми июли соли 2015 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки дар ҷавоби яке аз масъалаҳои тести фанни математикаи қисми А (имтиҳони умумӣ)-и даври иловагии дар сомонаи Марказ гузошташуда баъд аз нашр кардан хатои техникӣ маълум гардид. Ҷавоб ба масъалаи тест, ки дар он хатои техникӣ маълум гардид, дар шакли ислоҳшуда дар зер нишон дода шудааст. Масъалаи 1. Ҳамзамон хабар медиҳем, ки ҷавоб ба масъалаи 1-и математикаи қисми А-и даври иловагӣ, ки 18‑уми июл дар сомонаи Марказ гузошта шуда буд, пас аз маълум гардидани х
ЭЪЛОН ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ НАТИҶА/ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД Душанбе, 23-юми июли соли 2015 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода шудааст. Қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне рӯзҳои 25‑ум – 27‑уми июл дар офиси асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои
ЭЪЛОН ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ НАТИҶА/ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД Душанбе, 23-юми июли соли 2015 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода шудааст. Қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне рӯзҳои 25‑ум – 27‑уми июл дар офиси асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯлоб,
МЕЪЁРИ ХОЛГУЗОРӢ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Вобаста ба навъи саволу масъалаҳои тест меъёри зерини холгузорӣ дар низоми ИМД муайян карда шудааст: Р/т Навъи саволу масъалаи тест Хол 1 Савол бо интихоби як ҷавоби дуруст 1 2 Савол барои муайян кардани мувофиқат 4 3 Саволи кушода бо ҷавоби кӯтоҳ 2 Чи тавре ки мебинед, ба ҷавоби дурусти саволи навъи якум (савол бо интихоби як ҷавоби дуруст) як хол дода мешавад. Дар саволҳои навъи дуюм муайян кардани мувофиқати чор унсур (калима, ибора, формула ва ғайра) аз панҷ варианти ҷавобҳои пешниҳодшуда талаб карда мешавад. Дар ин навъи саволҳо барои ҳар ҷавоби дуруст якхолӣ до
Показать ещё