Бисмилоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Ҳамд мар Худоеро, ки зиндагардонанда ва миронанда аст ибтидокунанда ва бозгардонанда аст (ал- Муҳйи, ал-Мумит, ал- Мубдӣ, ал-Муъид). Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳи ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи ва саллим.
Аммо баъд...
Эй бандагони Худо!
Мо дар роҳҳои гуногун ва зиёди ҳаёт сайру ҳаракат дорем ва бар рўи ин замин аз ин ҷой ба ҷои дигар ҳаракат мекунем. Мо ба як таваққуфи имонӣ ва рўҳонӣ сахт эҳтиёҷ дорем. Таваққуфе, ки мо дар он имонро дар қалбҳоямон таҷдид намоем ва ғубори ғафлату бехабарӣ ва гуноҳро аз қалбҳо бизудоем.
Биёед имрўз бо ҳам як соат имон оварем. Бо ҳам бинименишинем, як нишасти тазкияву поксозӣ ва ошкорбаёнӣ. Дар он баъзе аз сафаҳоти гузаштаро варақгардон намоем. Ва аз баъзе пандҳое, ки шунидаем ва дар хотирамон монда илҳом бигирем. Шояд, ки Худованд моро бо ҳам дар ғурфаҳои ҷаннатҳо ҷамъ оварад.
Имрўз мехоҳам бо шумо дар мавриди як ҳақиқати бузурге аз ҳақоиқи имонӣ сухан гўям, ки агар касе онро инкор кунад дигар аз Ислом дар ў чизе боқӣ намемонад ва Худованд инкоркунандаи онро дар Сақар хоҳад андохт. Он ҳақиқати бузурге, ки Расулуллоҳ (с) ба бисёр ёд намудани он моро васият намудааст. Бо вуҷуди ин бисёре аз моён аз зикру ёди он нороҳат мешаванд ва дар бораи он сухан гуфтанро дўст ҳам намедоранд. Ҳамоно ин ҳақиқати МАРГ аст.
Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим
"Куллу нафсин зоиқату-л-мавт. Ва иннамо туваффавна уҷуракум явма-л-қиёмаҳ. Фа ман зуҳзиҳа ъани-н-нори ва удхила-л-ҷанната фақад фоз. Ва ма-л-ҳаёту-д-дунё илло матоъу-л-ғурур" (Оли Имрон:185) (Ҳар касе (таъми) маргро хоҳад чашид ва дар ҳақиқат рўзи растохез подошашон ба тамомӣ дода мешавад ва ҳар ки аз оташи дузах барканор монда ва ба биҳишт дароварда шавад, ба ростӣ комёб шудааст. Ва зиндагии дунё ҷуз бархурдории фиребо нест).
Бе шак ин як ҳақиқати бузург аст. Ҳар он чизе, ки зинда аст ба фано меравад. Ва ҳар он чизе, ки ҷадиду нав аст куҳнаву фарсуда мешавад. Ва ин ҷуз як лаҳзае беш нест.Ҳаммонанди як пилки чашмро таҳ кардан ё як диди гузаро, ки дар он лаҳза руҳ ба сўи офарандааш мебарояд. Ин ҳангом ва ин лаҳза аст, ки дигар банда дар шумори мурдагон мебошад.
Умр рафту гузашт, Эй асири шаҳватҳо!
Ва вақти ту дар хато ва бозӣ ва хоби ғафлат гузашт, Дар ҳоле, ки ту ҳамоно дар гумроҳият буди, то ки гуфта шуд, ки фавт кард.
Эй бандагони Худо! Мо дар ғафлату бехабарии ин ҳаётем, бисёр вақт мешавад, ки ба як иттисоле (занги телефоне) ё рисолае ё ғайри инҳо ногаҳон хабар дода мешавем, ки фалонӣ вафот кард. Он шахс дар ҳолати сиҳатмандӣ ва офияти комил буд. Ва ин мисдоқи ҳадиси Анас (р) аст, ки Паёмбар (с) фармуд: "Аз (аломати) наздик шудани рўзи қиёмат аст, ки моҳи бароянда (моҳи нав) дида мешавад ва гуфта мешавад, ки ин ду рўза аст (аз бузургиаш), ва масҷидҳо ҳамчун роҳгузар гирифта мешаванд ва ин ки марги ногаҳонӣ зоҳир мешавад(яъне ин гуна марг дар миёни мардум зиёд мешавад)". Табаронӣ ривоят намудааст.
Яъне ҳамеша моҳ ба сурати одди мебаромад вале аз аломатҳои қиёмат аст, ки вақте мебарояд он ба шакли бузургтаре намудор мешавад ва мардум гумон намекунанд, ки ин якрўза аст балки дурўза гумонаш мекунанд. Яъне дар низоми ҳастӣ шояд дигаргуниҳое ворид шудан мегирад. Ва инчунин инсон дар вақти аз масҷид гузаштан эҳтироми онро қоил буд, дар дилаш ҳайбате дошт, вақте ворид мешуд таҳияи масҷид гуфта ду ракаъат намоз мегузорид ва ба зикру ибодат дар он машғул мешуд. Вале баъдан ки мақому манзилати масҷид дар назари мардум кам мешавад ва вақти гузаштан аз он мисли роҳгузаре онро мепиндоранд ва эҳтироми лозимаро барои он қоил намешаванд, ин ҳама аз аломатҳои наздик шудани қиёмат будааст. Ва инчунин марги ногаҳони дар миёни мардум зиёд мешавад. Мешунави, ки фалон нафар сиҳату саломат буд ва ягон беморие ҳам надошт, вале ногаҳон вафот кард. Ин кор зиёд мешавад, ки ин низ аломат ва нишонаи аз қариб омадани қиёмат мебошад.
Кори мо бисёр тааҷҷубовар аст! Чигуна мо бандагон дар баробари Худованд ин қадар ҷуръат мекунем, ҳол он ки руҳҳои мо дар дасти Ӯст. Ва чигуна аз назорати Ӯхудробағафлат меандозем, ва ҳол он ки марг ба амру фармони Ӯст.
Ривоят шудааст, ки Малаку-л-мавт (Азроил) ба назди Довуд (а) даромад. Гуфт: Ту кистӣ? Малаку-л-мавт гуфт: Ман касе ҳастам, ки аз подшоҳон наметарсам ва дар рў ба рўямдари қасрҳо баста намешаванд.Ва ришваро қабул намекунам. Гуфт: Пас ту набошад Малаку-л-мавт ҳасти. Гуфт: Оре. Гуфт: Ту ба назди ман омади, дар ҳоле ки ман тоҳол омодагӣ нагирифтаам. Гуфт: Эй Довуд! Фалон хешу таборат куҷо шуд? Фалон ҳамсояат дар куҷост? Гуфт: Мурдааст. Гуфт: Оё барои ту дар онҳо ибрате набуд, то омодагӣ бигирӣ?
Он марг аст, ки аз он ҷои паноҳу гурез нест,
Вақтеяк нафар аз тобут фароварда шуд дигаре савор мешавад.
Бисёр орзў мекунем ва натиҷаи онро умед менамоем,
Шояд марг аз он чизе, ки умеди онро дорем наздиктар бошад.
Мо ба сўи Худованд аз сахтии дилҳоямоншикоят мекунем,
Ва дар ҳар рўз панддиҳандаи марг навҳагарӣ мекунад.
Мо ба сўи Худованд аз сахтдилие, ки дар миёни мардум умумӣ гаштааст ва ғафлате, ки ҳамаро фаро гирифтааст ва аз рўзҳое, ки гузаштаасту мо онро ба чизҳои фиребандае зоеъ намудаем ва бо шаҳватҳо онро нобуд сохтем, шикоят мекунем..
Чӣқадар наздикамонро дафн намудем? Ва дўстоне, ки дигар онҳоро барои ҳамеша аз ин дунё видоъ гуфтем? Аз сари хоки онҳоба дунёямон баргаштем, барои чӣ? То дар лаззатҳои он боз ғарқ гардем.
Шояд афроде, ки ба ташйиъи ҷаноза омадаанд ва хандаву бозӣ мекунанд, ё аз рўи риё ва худномоӣ омадаанд, ки ин ҳама ба сабаби ғафлату бехабарӣ ва сахтии дилҳост.
Эй бандагони Худо!
Ду ҳолатест, ки дар хотираи ҳар мусалмон сахт нақш мебандад.
Замоне, ки дар хона бо ҳамроҳии аҳлу фарзандонаш, дар нозу неъмат ва саъодатмандӣ, дар як зиндагии фароху гуворо ва дар ҳолати сиҳатмандӣ ва офият ба сар мебарад, фарзандонашро хушнуд месозаду аз ин манзараҳо дилаш лабрези фараҳ мегардад.
Ва замоне, ки инсон либоси пирӣ ба бар мекунад ҷавонӣ ва неъмати саломатиро аз даст медиҳад. Дигар мадоре надорад ва аз лаҳзаҳои гузашта ва умри барҳадаррафта ёд меорад.Ба ҷои хурсандӣдар қалбаш андўҳҷойгузин мешавад. Молҳои ҷамъ намуда ва хонаҳои бино намудаашро пеши назар меоварад. Ва барои ҷудоӣаз фарзандони заъифу нотавоне, ки баъд аз маргаш боқӣ мемонанд, нигарон аст. Дар ҳоле, ки дард рафта-рафта зиёд мешавад ва табибонҳам нотавону дўстону маҳбубон ноумед мешаванд:
"Ва ҷоат сакрату-л-мавти би-л-ҳаққ. Золика мо кунта минҳу таҳид" (Сураи Қоф:19).
(Ва саранҷом сакароти марг баҳақ фаро мерасад (ва ба инсон гуфта мешавад:) ин ҳамон чизест, ки ту аз он мегурехти!).
Сакарот марг фаро мерасад ва дар миёни дўстон истода назар мекунӣ ва коре карда наметавонӣ. Мешунавӣ, вале хомушӣ ҳаросон ба рўи мардум менигарӣ.Онҳо ҳам аз наҷот додани ту дар ин лаҳза оҷизанд: "Фа лав ло из балағати-л-ҳулқум. Ва антум ҳинаизин танзурун. Ва наҳну ақрабу илайҳи минкум ва локин ло тубсирун" (Сураи Воқеъа: 83-85).
(Пас чаро ҳангоме, ки ҷон ба гулўгоҳ мерасад (тавоноии бозгардонидани онро надоред?) Шумо дар ин ҳол назора мекунед (ва коре аз дастатон сохта нест). Ва мо аз шумо ба ў наздиктарем, вале намебинед).
Пайваста аз сакароти маргранҷ мебарӣ ва гирифтани ҷон бароят сахт мешавад…, то он даме, ки муҳлат фаро бирасад ва қазо фуруд омяд, руҳ ба сўи осмон мебарояд ва ҷуссаву тан бошад дар байни наздиконат беҷон мегардад.
Ин ҳангом аст... ки мардум тақсим мешаванд: Дар вақти марг ва сахтии он ва қабру торикии он ва дар қиёмат ва даҳшатҳои он, ба ду гурўҳ тақсим мешаванд:
Ҳоли гурўҳи аввал чунин аст, ки Худованд баён намудааст: "Инна-л-лазина қолу раббуна-л-лоҳу сумма-с-тақому татаназзалу ъалайҳиму-л-малоикату алло тахофу ва ло таҳзану ва абширу би-л-ҷаннати-л-лати кунтум туъадун" (Сураи Фуссилат:30).
(Ба яқин касоне, ки гуфтанд: "Парвардигори мо Худованди ягона аст!" Сипас истиқомат карданд, фариштагон бар онон нозил мешаванд, ки: "Натарсед ва ғамгин мабошед, ва башорат бод бар шумо ба он биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шудааст").
Аз он чи дар пешатон аз даҳшати охират аст матарсед. Ва бар он чизе, ки дар дунё гузоштед,аз аҳлу фарзандон ва мол, андуҳгин мабошед. Мо дўстони шумоем дар охират ва дар танҳоии қабрҳо муниси шумо мешавем ва дар ҳангоми дамидани Сур ва дар рўзи барангехтан ва ҷамъ шудан (баъсу нушур) шуморо эмин нигоҳ медорем.
Гурўҳи дуввум аз кофирон ва гунаҳкоронест, ки Худованд дар борашон мефармояд: "Ва таро изи-з-золимуна фи ғамароти-л-мавти ва-л-малоикату боситу айдиҳим ахриҷу анфусакуму-л-явма туҷзавна ъазоба-л-ҳуни бимо кунтум тақулуна ъала-л-лоҳи ғайра-л-ҳаққи ва кунтум ъан оётиҳи тастакбирун" (Сураи Анъом:93).
(... Ва агар бубини ҳангоме, ки (ин) золимон дар сахтиҳои марг фурў рафтаанд ва фариштагон дастҳоро кушуда ба онон мегуянд: "Ҷони худро хориҷ созед! Имрўз дар баробари дурўғҳое, ки ба Худо бастед ва нисбат ба оёти ў такаббур варзидед, ҷазои хоркунандае хоҳед дид"!(Ба ҳоли онон таассуф хоҳи хурд)).
Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Расулуллоҳ Муҳаммад (с) васият кардааст: "Аксиру мин зикри ҳодими-л-лаззот, фамо закараҳу аҳадун фи зииқин мина-л-ъайши илло вассаъаҳ…" (Аз байнбарандаи лаззатҳоро бисёр ёд кунед. Касе дар ҳолати тангдастӣ ўро ёд кунад (Худованд) барояш кушоиш меорад…).
Касе зикру ёди маргро зиёд кунад, ба се чиз ноил мегардад: Тавба кардан, қаноъати қалбӣ ва фаъол будан дар ибодат.
Барояш дар вақти ҳаёт тавба кардан муяссар карда мегардад ва дар дилаш қаноат ба додагии Худованд пайдо мешавад ва дар ибодат намудан нашот ва фаъол буданро эҳсос мекунад.
Касе маргро фаромуш кард ба се чиз гирифтор мешавад: Таъхири тавба, адами қаноат ва танбалӣ дар ибодат.
Барои ин нафар тавба кардан мушкил мешавад ва намехоҳад сари вақт аз гуноҳаш тавба кунад ва тавба карданро ба фардо ва фардо меандозад. Ба ҳамин сурат шояд аз гуноҳони кардааш дар ин ҳаёташ тавба карда натавонад. Ва дигар мусибате, ки ба он гирифтор мешавад ин ҳосил нашудани қаноат аст. Наметавонад ба доштагиаш қаноат кунад. Ва доим дар ҳасад ва ғаму андўҳ ҳаёт ба сар мебарад. Ва мусибати дигараш ин аст, ки дар корҳои ибодатӣ танбал мешавад, наметавонад ибодатҳоро анҷом диҳад, барояш иҷро намудани ин неъматҳо ки Худованд барои он моро офаридааст, мушкил тамом мешавад.
Ва инро ҳам бояд бидонед, ки зикру ёди марг маънои онро надорад, ки ҳамеша дар андўҳу ғам бошед ва дар нолаҳои тўлонӣ бо сустӣ ҳаёт ба сар баред. Воҷиб аст, ки ёди марг бо тарси аз хотимаи бад боҳам қарин бошанд. Зеро амалҳо ба хотимаи он эътибор карда мешаванд.
Ҳамчуноне, ки дар ҳадиси ибни Масъуд, ки муттафақун ъалайҳ аст, Паёмбар (с) фармуданд: "Қасам ба Зоте, ки ҷуз Ӯ илоҳе нест, ҳамоно яке аз шумо амал мекунад ба амали аҳли ҷаннат, то даме ки миёни он ва миёни ҷаннат ҷуз як зироъе боқӣ намемонад, пас ба ў китоб (он чӣ дар азал навишта шуда, ки чиро ихтиёр мекунад) сабқат мекунад, пас ба амали аҳли дузах амал мекунад ва ба он дохил мешавад. Ва ҳамоно яке аз шумо албатта амал мекунад ба амали аҳли дузах, то даме ки миёни ў ва миёни дузах ҷуз як зироъе боқӣ намемонад, пас бар ў китоб сабқат мекунад, пас ба амали аҳли ҷаннат амал мекунад ва ба он дохил мешавад".
Эй кош медонистем, ки хотимаи амалҳои мо ё амали хотимавии мо чигуна хоҳад буд ва Худованд умрҳои мо ва амалҳои моро ба чӣ хотима медиҳад?
Ҳангоме, ки Муҳаммад ибни Мункадирро вафоташ наздик омад, гиря кард. Ба ў гуфтанд: Чӣ туро ба гиря овардааст? Гуфт: Қасам ба Худо, ман барои гуноҳе гиря намекунам, ки медониста бошам, ки онро анҷом додаам, валекин метарсам, ки ман чизеро анҷом дода бошам, ки андак ва ночизаш гумон карда бошам ва он дар назди Худованд бузург шуморида шавад.
Ин аст бузургии инсон, ки дарк кунад ва эътироф намояд, ки шояд аз ў хатое сар занад, ки онро дарк накардааст. Ва ин ғайри он хато ва гуноҳоне мебошад, ки медонад.
Саъид ибни Ҷубайр (р) барои мо як қиссаи саҳеҳ ва мутавотиреро ривоят мекунад, ҳамчуноне ки Заҳабӣ дар Сияраш гуфтааст, пас мегуяд: Вақте ибни Аббос (р) дар Тоиф вафот кард, як паррандае омад, ки ба сурати офаридаи ў монанде дида нашуда буд, пас ба тобуташ даромад, баъд аз он дигар набаромад. Пас вақте дафн карда шуд ногаҳон дар лаби қабр тиловаткунандае тиловат мекарду дида намешуд: "Ё Айятуҳа-н-нафсу-л-мутмаъиннаҳ. Ирҷиъӣ ило раббики розиятан марзийяҳ. Фа-дхулӣ фи ъибодӣ ва-дхулӣҷаннатӣ" (Сураи ал-Фаҷр:27-30).
(Эй нафси мутмаъин (оромгирифта). Ба сўи Парвардигорат бозгард дар ҳоле, ки ту аз Ӯ хушнудӣ ва Ӯ ҳам аз тухушнудаст. Пас дар силки бандагонам дарой. Ва дар биҳиштам ворид шав). Чӣ хотимаи хубе ва чӣ масиру бозгаште...
Ва аз ҷиҳати дигар ин оят ба он далолат мекунад, ки барои даромадан дар ҷаннат лозим буда, ки инсон дар зумраи бандагони Аллоҳ таъоло дарояд. Ва ба шакли танҳои онро муқаррар нанамуд. Пас инсон бояд ба хулосае ояд, ки барои даромадан ба ҷаннат ҷомеъаи мусалмонон барои ў зарур будааст ва ононе, ки боз сифати бандагии Худоро дошта бошанд. Ин далолатгари дини ҷомеъавӣ будани ин динро мекунад ва инчунин инсонро аз танҳо зиндагонӣ кардан ва ба шакли танҳо ҳаёт ба сар бурданро ташвиқ намекунад.
Ин хотима дар куҷост ва хотимаи як маҷмуъаи ҷавононе, ки дар мошин савор буданд ва мусиқӣ дар миёни онҳо бо садои баланд монда шуда буд ва дар ҳоле ки онҳо ғофил буданд ва дуртарин ё охирон чизе ки шояд дар бораи он фикр кунанд ин буд, ки ин дунёро тарк кунанд, яъне дар ин бора шояд фикру андеша ҳам надоштанд. Дар ин мавзуъ гумон ҳам намекарданд. Агар мекарданд, ҳам аз ҳама он чизҳое, ки дар сари онҳо буда баъди ҳамаи онҳо қарор дошт.
Ва ногаҳон ҳодисае ба вуқўъ омад ва мошин чандин маротиба чаппаву роста шуд. Баъд аз он касонеро, ки дар ин ҳодиса осеб дида буданд ба мошини ёрии таъҷилии таббӣ савор карданд. Яке аз онҳо сахт исобат бардошта буд ва ба мушкилӣ нафас мекашид. Марде аз кормандони бозрасӣ (милиса) ба гуфт: Эй фалонӣ бигу: ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ, Эй фалонӣ бигу: ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ. Пас аз он ба ў ҷавоб дод: Ӯ дар Сақар аст, ў дар сақар аст. Сипас чашмонаш пушида шуд ва сараш овезон шуду вафот кард. Марди бозрасӣ аз ду рафиқаш пурсид: Оё намоз мехонд? Гуфтанд: Не, қасам ба Худо, мо ҳамаамон намоз намехондем.
Пас эй касе, ки алоқаатро ба масҷидҳо баркандаи, вақте ки руҳ ба гулў расид чӣ мегўӣ?
Ва эй касе, ки фарзандонатро бар фасод тарбия ва калон кардаӣ ва барои онҳо чизҳоеро овардаи, ки бар арзишҳо ва эътиқоди ҳақ мухолиф аст!
Эй касе, ки муътод ба маю маводҳои масткунанда гаштаӣ ва дар зино ва даридани пардаҳои исмати мардум воқеъ шудаӣ! Ва эй касе, ки бандаҳоро зулм карда ва ба фасод кардан саъю кушиш намудаӣ!
Оё ба нутқ кардани шаҳодатайн, дар ҳангоми марг, муваффақ мешавӣ? Ё миёни ту ва гуфтани он монеъа эҷод мешавад, ҳамчуноне ки ба ғайр аз ту карда шуд?! "Ва ҳила банаҳум ва байна мо яштаҳуна камо фуъила биашёъиҳим мин қаблу иннаҳум кону фи шакки-м-муриб" (Сураи Сабаа: 54).
((Саранҷом) Миёни онҳо ва хостаҳояшон ҷудоӣ афканда шуд, ҳамон гуна ки бо пайравони (ва ҳаммаслакони) онҳо аз қабл амал шуд. Чаро ки онҳо дар шак ва тардид буданд). Яъне инсон замонат дода наметавонад, ки дар охирин лаҳза калимаи шаҳодатро метавонад гуфт ё не. Барои ҳамин инсон дар тулии ҳаёт ба чизе одат карда бошад ва ба он аз рўи муҳаббат рафтор карда бошад ва дар самими қалбаш ҷой гирифта бошад метавонад бо он аз дунё равад, вале агар бо дигар рафторе одат карда бошад, ба шаҳодат додан ва итоату ибодати Худованд мухолифат дорад, ҳатман дар он вақт дигар забонаш ба нутқи шаҳодатайн намегардад ва Худованд онро шояд монеъае эҷод намояд, чуноне ки дар мисоли он ҷавонони мошинсавори бенамоз гузашт.
Эй касе, ки пардаҳои исматро медарӣ ва ба корҳои ҳаром даст мезанӣ, ин корро макун! Эй касе, ки дар фоҳишаҳо воқеъ ҳастӣ, оё шарм намедорӣ! Эй касе, ки дар рў ба рўи Худояш бо хатоҳо мубориза мебарӣ, каме таваққуф кун! Ҳама гуфтаҳо навишта шудаанд ва ҳама калимаҳо ҳисобкарда шудаанд. "Ва инна ъалайкум лаҳофизин. Кироман котибин. Яъламуна мо тафъалун" (Сураи : 10-12).
(Ва бешак нигоҳбононе бар шумо гуморида шуда. Воломақом ва нависандаи (аъмоли неку бади шумо). Ки медонанд шумо чӣ мекунед).
Эй бандагои Худо! Марг ҳамчун як панддиҳандаи кифоя ва басанда аст. Барои инсони боақл кифоя аст, марг бинад ва панд гирад. Қасам ба Худо, агар кор ба марг хотима пайдо мекарду тамом мешуд, кор хело осон буд. Лекин ба ҳама ин сахтӣ ва даҳшаташ, аз он чизҳое, ки баъд аз он меоянд аз қабр ва торикии он, осонтар аст. Ва ҳама инҳо боз осонтар аст агар муқоиса карда шавад бо истодани дар пеши Аллоҳ таъолои кабиру мутаъол, дар ҷои истодание, ки ҳамаи нафсҳо дар онҷо меларзанд ва дилҳо аз ҷои худ берун мешаванд.
Имом Тирмизӣ (раҳ) ривоят мекунад, ки Усмон (р) вақте бар сари қабре меистод гиря мекард, то он ки ришаш тар мешуд. Ба ў гуфта шуд, ҷаннат ва дузахро ёд мекуни, вале гиря намекуни ва аз ин бошад гиря мекунӣ? Гуфт: Расулуллоҳ (с) гуфт, ки қабр аввалин манзилҳои охират аст, пас агар аз он наҷот ёфт, пас он чи баъди он аст осонтар аст ва агар аз он наҷот наёфт, пас он чи баъди он аст аз он сахттар аст. Гуфт, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: "Ман ҳаргиз манзараеро надидаам, магар ин ки қабр аз он дида даҳшатноктар аст".
Қабр аввалин манзилҳои охират аст. Агар аз аҳли ҷаннат бошад барои ў ҷойгоҳаш дар ҷаннат пешкаш карда (нишон дода) мешавад. Ва агар аз аҳли дўзах бошад, ҷойгоҳаш аз дўзах барояш пешкаш карда мешавад. Ва барои муъмин қабраш ҳафтод зироъ васеъ карда мешавад ва бар ў нур ва неъматҳо пур карда мешавад то рўзе, ки барангехата мешаванд. Ва аммо кофир бошад бо болғаҳои (гурзҳои) оҳанин зада мешаванд ва бар ў қабраш танг карда мешавад, то ҷое, ки қабурғаҳояш ба ҳам медароянд.
Табаронӣ ривоят кардааст аз Абу Ҳурайра (р), ки Расулуллоҳ (с) аз назди қабре гузашт, пас гуфт: "Соҳиби ин қабр кист? Гуфтанд: Фалонӣ. Пас гуфт: "Ду ракаъат (намоз гузоридан) барои ин аз боқимондаи ин дунёятон беҳтар аст". Ва дар ривояте гуфт: "Ду ракаъати сабуке аз он чизе, ки онро каму ночиз мешуморед ва нофила мехонед, ки ин дар амалаш зиёда мегардонад, барояш аз боқимондаи дунёятон маҳбубтар аст".
Дар ҳақиқат Худоанд акбару мутаъол аст. Ғояту мақсади ниҳоии майити кутоҳикарда ин будааст, ки барои ў дар аҷал ва муҳлаташ дароз карда шавад то ду ракаъате бигузорад, ки дар он аз ҳасаноташ зиёда мегардонад ва он чи аз рўзҳои умраш дар бетоъатӣ аз даст рафтааст онро ба даст оварад... пас мо аз ин мақом дар куҷо қарор дорем?
Маънои шеър:
Эй касе, ки аз амал кардан ғофилӣ. Ва умедҳои тўлонӣ ўро фирефтаанд.
Марг ногаҳон хоҳад расид. Ва қабр сандуқи амал аст.
Ва қабр сандуқи амал аст, ҳар чизеро, ки дар он сандуқ гузоштӣ он баъд аз маргат бо ту мебошад. Яъне ҳар кори нек ё баде анҷом дода шавад дар сандуқи қабр танҳо он чиз гузошта мешавад. Дигар ин молу манол ҳама берун аз қабл мемонад. Некиҳо қабратро пурнур ва бадиҳо онро ба торикизор табдил медиҳанд. Мунисат мехоҳи некиҳо бошанд ё бадиҳо? Инро ҳар инсон худаш барои ояндааш омода месозад. Касеро маломат нанамояд. Ин худаш аст, ки барои онҷо саъю кушиш намудааст. Пас бори дигар ба саъю кушишат назар кун, ки фардо дигар пушаймон шудан фоидае надорад. Ва роҳи бозгашт ҳам нест.
Қабратро дар як ҳафта як маротиба зиёрат намо, дар як моҳ як маротиба, сипас бигу: Ин сандуқи ман аст. Ин рахти хоби ман аст. Ин хонаи ман аст. Ман дар он ба танҳоӣ сукунат мекунам. Оё дар он амали солеҳеро гузоштаам ё дар он ноумедӣ ва ҳасратро гузоштаам.
Вақте қабристонро зиёрат кардӣ, дар пеши як қабр биист, ва он лаҳади тангро андеша кун. Хаёл кун, ки ту дар даруни он ҳасти. Ва дари он бар рўи ту баста шуд. Бар рўи ту хок рехта шуд. Аҳлу фарзандон аз ту ҷудо шуданд. Туро қабр бо торикӣ ва танҳоию ваҳшаташ иҳота намудааст, пас ту ҷуз амалҳои кардаат дигар чизеро намебини. Ту бигу, ки дар ин лаҳза орзўи чиро хоҳи кард? Оё орзўи ба дунё баргаштанро намекунӣ, то амалҳои шоиставу солеҳро анҷом диҳӣ? То як ракаъат намоз гузорӣ? То як тасбиҳ бигўӣ? То Аллоҳ таъолоро ёд кунӣ, як бор ҳам бошад??!!
Ҳоло ҳам ту бар рўи замини, зиндаи, дар офияту саломатӣ ба сар мебари, пас амалҳои шоиставу солеҳ анҷом деҳ, пеш аз он ки ангушти пушаймониро бигази ва дар шумори мурдагон қарор бигири.
Вақте қасди анҷом додани гуноҳе кардӣ, орзуву умедҳои мурдагонро ба хотир овар. Ба ёд овар, ки онҳо орзў мекунанд, ки агар зиндагӣ мекарданд, албатта Аллоҳ таъолоро итоъат мекарданд, пас ту чи хел Худовандро нофармонӣ мекуни?.
Вақте аз тоъат кардан хаста шудӣ, орзуҳои мурдагонро ба ёд овар ва дар итоъат кардан кушиш намо ва ба тавба кардан шитоб кун, пеш аз он ки марг ногаҳон ба ту бирасад, пас мегуи: Эй кош барои зиндигиам аз пеш (амалҳои шоиста) мефиристодам. Бидон, ки миллионҳо мурдагон, мисли ин дақиқае, ки аз ҳаёти ту мегузарад таманно ва орзуи онро доранд, то онро дар тоъати Аллоҳ таъоло ва зикру ёди Ӯ ва тавба ба сўи Ӯ, ба самар расонанд. Пас ту дақиқаҳои умратро ба беҳуда зоеъ макун, то дар охиратат ҳасрат махурӣ..
"Ан тақула нафсун ё ҳасрато ъало мо фарратту фи ҷанбиллоҳи ва ин кунта ламина-с-сохирин. Ав тақула лав анна-л-лоҳа ҳадони лакунту мина-л-муттақин. Ав тақула ҳина тара-л-ъазоба лав анна ли карратан фаакуна мина-л-муҳсинин" (Сураи Зумар:56-58).
((Ин дастурҳо барои он аст, ки) Мабодо касе рўзи қиёмат бигуяд: "Афсус бар ман аз кўтоҳиҳое, ки дар итоъати фармони Худо кардам ва аз масхаракунандагони (оятҳои Ӯ) будам". Ё бигуяд: "АгарХудованд маро ҳидоят мекард, аз парҳезгорон будам!" Ё ҳангоме, ки азобро мебинад бигуяд: "Эй кош бори дигар (ба дунё) боз мегаштам ва аз некукорон будам").
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев