БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДА ВА МЕХ,РУБОН. СУБХ,И САФОИ Ч,УМЬА, БОДО МУБОРАК БАР ШУМО, СУБХ,И ПУРНУРУ ЗИЁ, БОШАД МУБОРАК БАР ШУМО. ШУКР ГУЕД Х,АР САХ,АР БАР ДАРГАХ,И ЯЗДОНИ ПОК, РАХ,МАТИ НУРИ ИЛЛОХ,И БОДО МАДАДГОРИ ШУМО.
ҚИССА...📖 💫🌺💫 Рӯзе писараки хурдсоле Намоз мехонд ва бо ашк дуо мекард. Марде аз ӯ пурсид: ---Ту ҳоло хурд ҳастӣ, инқадар гиряву зорӣ чаро ? 💫 Писарак гуфт: --- Модарам, вақте хӯрок мепухт, аввал чӯбҳои хурдро дохили оташ мепартофт... 💫🌺💫 Метарсам, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат аввал хурдҳоро ба оташи сӯзони ҷаҳаннам напартояд. ---
Набошам ман барои додарам нағз, Зи рӯи дил бигӯяд хоҳарам нағз. Чу дар каф ҷуз қалам чизе надорам, Наметобам ба чашми дилбарам нағз. Занон гар моили моланду чизанд, Намебинад хаёлам ҳамсарам нағз. Рафиқонам ба вақти тангдастӣ Намеистанд ҳатто  дар барам нағз. Ба чашми нотавонбинони шеърам, Набошад мисраҳои дафтарам нағз. Дар ин дунё, ки бе зар хори чашмӣ, Фақат ҳастам ба чашми модарам нағз.                      Кӯҳзод Фатҳулло
Эй дида агар кур наи гур бубин В-ин олами пурфитнаву пуршур бубин Шохону сарону вазирон хама зери гиланд Руе ки чу мах буд дар дахани мур бубин
Показать ещё