Шавҳаре барои сафари се рӯза ба шаҳри дигаре рафта буд. Кораш зуд барор гирифт ва барвақт ба хона баргашт. Аммо пас аз намози шом ба хона расид. Дари хонаашро кушоду мустақим ба хонаи хоб даромад. Ногаҳон дид, ки бар сари тахти хобаш аз зери лиҳоф (кӯрпаи болопӯш) пойҳои ду нафарро мебинад. Аз хашм чашмонаш чунон торик мегардад, ки дубора берун мебарояду дастаи белро мегираду вориди утоқ мешавад ва бо тамоми ҳастияш аз болои ҳамон лиҳоф зарбаҳои зиёд мезанад. Баъди чанд муддате хаста мешавад ва ҳалқаш қоқ мешавад. Барои обнӯшӣ ба тарафи ошпазхона меравад. Роҳи ошпазхона аз тарафи хонаи калон мегузарад ва мебинад, ки телевизион рӯшан аст. Ворид мешавад ва хонумашро мебинад. Мард ҳайратзада мегардад. Хонумаш аз ҷо мехезаду мардашро оғӯш мегирад ва мегӯяд: Бубахш, ки садоятро нашунидам. Аммо бароят хабари хуше дорам. Падару модарат омадаанд, барояшон зиёфат оростам, аммо бисёр хаста буданд. Дар хонаи хоби худамон ҷо кардам, рафта салом кунед, ман дастархонро омода мекунам.
*** Ҳаргиз дар ҳукм саросемагӣ накунед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев