Информация КӮҲЗОД доступна только авторизованным пользователям.

Все заметки

Фид
00:21
Апрель 2023
154 просмотра
Фид

100 СОЛАГИИ ПОЙТАХТ МУБОРАК!

ДУШАНБЕ Ҳар рӯз қад фарозад сад хонаи Душанбе, Мурғи ҳумо нишаста бар лонаи Душанбе. Ин қадр шаҳри зебо, халқаш закию доно, Дорам ҳасад ба халқи фарзонаи Душанбе. Як шаҳри гулфишон аст, афсона дар ҷаҳон аст, Ман ошиқам ба ҳусни афсонаи Душанбе. Ҳамчун чароғ рӯшан ин шаҳри нурафшон, Халқи тамоми дунё парвонаи Душанбе. Шому саҳар бихобам дар кӯчаҳои сабзаш, Бигзор, ном гирам девонаи Душанбе. Ганҷу гуҳар шуморам ҳар зарра хоки ӯро, Бо ҷон кунам ҳифозат дурдонаи Душанбе. Азбаски сарпаноҳе дар шаҳри ӯ надорам, Дорад маро мазаммат ҷононаи Душанбе. Хушбахти рӯи дунё гардам, чу ногаҳонӣ Бар ман насиб гардад кошонаи Душанбе. Ҳар кас қадам гузора
Фид

САБЗТАРИН РӮЗ

Рӯзе, ки он азиз маро дар канор буд, Он рӯз рӯзи сабзтарини диёр буд. Мелоди он баҳорнамо буду ҳар саҳар, Пайки хуше зи шоири худ интизор буд. Дарё равону кӯҳ ба сар мисли соябон, Дар зери бед накҳати сад боғзор буд. Гулҳо шукуфта, дашту даман сабзу махмалин, Эй хуш, ки фасли лолаву даври баҳор буд. Он рӯзҳо набуд ба дил аз гарди ғам асар, Чун дар канор гулнафаси ғамбарор буд. Пайваста ҳамчу ҷуфти кабӯтар ба ҳам будем, Моро зи баски даргаҳи бахт интизор буд. Ҳар лаҳза ифтихор зи дилдор доштам, Ӯро ҳам аз муҳаббати ман ифтихор буд. Он рӯзро ба хотираш орам чу ҷашн ёд, Гар буд, Кӯҳзод куҷо хору зор буд? 13.04.2023 Кӯҳзод Фатҳулло