Марди фақире нафақаи модар, ҳамсар ва фарзандонашро ба уҳда дошт. У назди сарватманде ҳамчун хидматгор кор мекард. Дар кори худ бисёр содиқ буд ва бо беҳтарин сурат аз уҳдаи кораш мебаромад,. Он мард рӯзе ғайб заду ба кор наомад. Сардораш ба худ гуфт: Аз ин пас ба ин хидматгорам маблағи зиёдтар медиҳам, то аз кор наравад, чунки медонад, ки ман ба ӯ ниёз дорам ва шояд маблағи камаш додаам, ки ба кор наомад. Вақте, ки ин марди фақир баъд аз рӯзе ки гайб зада буд дубора ба кор омад сардораш он маблағи зиёдатиеро, ки ба худаш аҳд басту буд, ба ин марди фақир дод. Он марди фақир аз сардораш напурсид, ки чаро ба ман маблағи зиёдати додаед? Ҳаминтавр баъд аз чанд рӯзе он хидматгор дубора ғайб заду ба кор ҳозир нашуд. Ин маротиба сардораш бисёр ғазабнок шуд ва ба худ гуфт: Он маблағи зиёдатие, ки болои маошаш афзуда будам, кам мекунам. Баъд аз ин ки он хидматгор боз ба кор баргашт. Сардораш он маблағи зиёдатиеро, ки болои маошаш зам карда буд, гирифт. Марди фақир чизе нагуфт ва аз сардораш низ напурсид, ки чаро он маблағи зиёдатиро кам кардед? Сардораш дар ҳайрат монд, ки маблағи зиёдатиаш додам чизе нагуфт, он маблағро бозпас гирифтам, боз чизе нагуфт. Пас-он аз ходими худ пурсид: Дар маротибаи аввал бароят маблағи зиёдати афзудам, чизе нагуфти? Баъдан он маблағро бозпас гирифтам, боз чизе нагуфти, сабаб дар чист? Марди фақир гуфт: ҳангоме, ки маротибаи аввал ғайб задаму ба кор наомадам, ба он хотир буд, ки Аллоҳ Таъоло ба ман фарзанд, ато кард буд, аз ин сабаб омада натавонистам. Дар ин ҳангом, ки омадам бароям маблағи зиёдати дода шуд, ба худ гуфтам: Ин ризқи фарзандест, ки Аллоҳ Таъоло бароям ато карда ва ризқашро низ ҳамрохаш ато кард. Вақто, ки маротибаи дуввум ба кор наомадам ва шумо он маблағи зиёдатиро аз маошам хат задед, дар он ҳангом ҳамон фарзанде, ки Аллоҳ Таъоло бароям дода буд, аз дунё гузашт. Ба худ гуфтам: Ин ризқи фарзандам буд, ки бо рафтанаш аз дунё, ризқашҳам канда шуд. Чи басо мардони қаноъаткунандае вуҷуд дорад, ки бо ончи, ки Аллоҳ Таъоло барояш додааст, рози асту қаноъат мекунад. Паравардигоро, моро бо ҳалол кардаи худ кифоят кунон, то ба ҳаромат ниёз пайдо накунем. Ва Парвардигоро, моро бо фазли худ аз ғайри худат бениёз гардон, Омин...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 8