Аз Худо ғофил будан
Бе қумошу нақдаву мизону зан.
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,
Об андар зери киштӣ пуштӣ аст.
___________________ Мавлоно
Таърифи дунё чист? Ҳар ончи боиси ғафлати қалби мо аз Худо бошад.
Мол, сарват, зану фарзанд... ба маънои дунё нестанд ва онҳо аз пеши худ боиси дурии мо аз Ҳақ намешаванд. Чи басо инсоне аз моли дунё бенасиб бошад, аммо аз ёди Худо низ дур ва тамоми таваҷҷӯҳашро дунё ҷалб карда бошад. Ё тоату ибодате, ки боиси ғурур, худбинӣ ва дурӣ аз Худованд шавад.
Дар байти дуюм киштӣ намоди инсон аст ва об, моли дунё. Агар ба ҷои ишқ ба Ӯ таоло, муҳаббат ба моли дунёро дар дил ҷо кунем, мунҷар ба ҳалокати мо хоҳад шуд. Дороӣ бояд василае барои рушд ва ҳаракати маънавии мо бошад. Ҳамон тавр, ки агар об даруни киштӣ бошад, мӯҷиби ғарқ шудан аст, аммо дар зери киштӣ, сабаби ҳаракат ва ба мақсад расидан мешавад.
#маснавӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев