Рузе ба дафтари кориям, зане тақрибан
шастсола бо писари сисолааш ворид
шуд. Писар модарашро хеле ҳурмати
зиёд менамуд. Зуд-зуд руймоли модарро
дуруст мекард, ба у обу таъом дароз
мекард. Аз муносибати аҷибу
дилписанди ҷавон ба ҳайрат омадам.
Баъди пурсиш аз саломатии ҷисмонии
модар, аз ҳолати руҳияш пурсидам, зеро
рафтори модар табии набуд. Ба
саволҳоям бемантиқ ҷавоб медод.
Писар гуфт: Модарам аз даврони
кудакиям аз ақл бегона аст. Пурсидам, ки
модаратро нигоҳубин мекунад? Гуфт:
Ман. Гуфтам: Манзури ман шустушуи
либосу ҷисми уст. Гуфт: Либосашро
худам мешуям, вақте, ки зарурати
ҳаммом ояд, либосҳои тозаашро ба
ҳаммом мебарам ва обро омода
мекунам, худаш шустушу мекунад.
Гуфтам: Чаро хидматгоре ба кироя
намегирӣ, то дар хидмати модарат
бошад? Ҷавони солеҳ гуфт: Чунки
модарам мисли кудак аст, аз касе
шикоят намекунад. Метарсам, ки
хидматгор аз фурсат истифода бурда,
уро азият диҳаду аз он ғофил монам. Аз
эҳтироми волое, ки нисбат ба модар
дошт, ба тааҷҷуб омадам. Баъдан боз
суол кардам: Ҳамсар дорӣ? Ҷавон гуфт:
Бале, шукри Худо соҳиби оила ва чанд
фарзандам. Гуфтам: Чаро ҳамсарат ба
нигоҳубини модар машғул намешавад?
У гуфт: Ҳамсарам дар хидмати модар
кутоҳӣ надорад, ҳар руз хуроки болаззат
омода месозад, вале саъй мекунам, ки
ҳамеша ҳамроҳи модарам таъом хурам,
то ки аз ҳолати хурокхурияш бохабар
бошам. Вақте, ки ба нохунҳояш назар
кардам, дидам, ки ҳамааш кутоҳ карда
шуданд. Боз кунҷкобона пурсидам:
Писарам, нохунҳои модаратро ки кутоҳ
мекунад, оё худаш ин корро анҷом
медиҳад? У чунин посух дод: Табиби
муҳтарам, охир модарам узр дорад, у
бемор аст, парвои нохун надорад,
камина барои қатъи нохунҳояш ёрӣ
медиҳам. Дар ҳамин лаҳза садои
модарро шунидам, ки гуфт: Кай барои
ман чипси мехарӣ (яъне картошкаи
хушккардашуда)? Писар бо оҳанги
навозишомез гуфт: Модарҷон, акнун ба
бозор меравем ва ман барои шумо
чипси мехарам. Гуфтам: Оё модар ғайр
аз ту ягон шахси наздик дорад? У гуфт:
Не, вақте ки яксола будам, падарам уро
талоқ додааст. Гуфтам: Оё падарат туро
ба воя расонид? У гуфт: На,
модаркалонам ману модарамро
парасторӣ карданд. Чун ба синни даҳ
расидам, модаркалонам аз дунё чашм
пушиданд. Аз синни даҳсолагӣ инҷониб,
тамоми ҳаракату талошамро барои
хидмати модарам сарф мекунам. Дар
ҳамин лаҳзаҳо вақте, ки варақаи
дорухатро ба писар супоридам, ба у
фаҳмонидам, ки фалон доруҳоро дар
фалон вақт бояд бихурад. Ҳангоми
хайрухуш боз сухани модарро шунидам,
ки ба фарзанд мегуфт: Ман ба бозор
намеравам, ба ҳаҷ рафтан мехоҳам. Боз
савол додам, барои чӣ ба ҳаҷ меравед?
Модар, ки ақл надошт, гуфт: Мехоҳам ба
самолёт нишинам. Ба ҷавон гуфтам:
Модарат узр дорад, Худованд барои
шахсони маъзур ҳаҷро фарз накардааст.
Он гоҳ писар гуфт: Барои ман хурсандии
модар аз ҳама муҳим аст. Дар охир
гуфтам: Оё туро модар ҳангоми беморӣ
парасторӣ кардааст? Оё ҳолатеро дар ёд
дорӣ, ки модар ба ту ғамхорӣ намуда
бошад? Оё боре модар ба хурсандии ту
хурсанд, ё дар ҳоли маҳзуният ғамгин
шудааст? Писар овозашро мадкашон
гуфт: Табибҷон, модарам бемор ва
маъзур аст, у ингуна эҳсосро надорад.
Баъди хайрухуш аз ҳамшираи шафқат
хоҳиш намудам, ки маро чанд дақиқа
танҳо гузорад, набояд касе чанд лаҳза
маро халал расонад. Дарро аз дарун
бастам, дар танҳоӣ зор-зор гиристам.
Меҳрубонии он ҷавон ба модараш маро
ба олами андешаҳо бурд. Хидмати
модар ба ҷавон танҳо ба дунё овардани
у буду халос. У мисли модарони дигар
шабҳо ба фарзанд дар тайёр кардани
дарс ёрӣ нарасонидааст, ба хотири у
бедорхобӣ накашидааст, ҳангоми
ғамгинӣ, ҳамдардӣ накарда, дар
хурсандиву шодияш шарик нашудааст,
бо вуҷуди ин, фарзанди бошараф ба
модар чунин рафтори писандидаро
муносиб дидааст... Субҳаналлоҳ, оё боре
дар фикри (андешаи) чунин хидмат ба
модарони солиму мушфиқу ғамхорамон
будем?
www.instagram.com/arara.tj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7