Агар ҳамеша кор кунӣ, пул ҷамъ оварӣ, рухсатӣ нагирӣ, саёҳат наравӣ, харҷ накунӣ, садақа надиҳӣ... Ту "сарвадмантарин" фарди қабристон хоҳӣ буд. )
Дар сураи Марям ояҳои 71 - 72 Худованди мутаол фармудааст: "Тамоми одамҳо вориди дӯзах мешаванд ва сипас парҳезгорон наҷот пайдо мекунанд ва ситамгорон онҷо аз пой меафтанд". Мавлоно низ дар дафтари дуюми Маснавӣ таъбири зебое аз ин ояҳо дорад: Мӯъминон дар ҳашр гӯянд: «Эй малак! Не ки дӯзах буд роҳи муштарак? Мӯъмину кофир бар ӯ ёбад гузор, Мо надидем андар ин раҳ дуду нор. Нак биҳишту боргоҳи эманӣ, Пас куҷо буд он гузаргоҳи данӣ?» Пас малак гӯяд, ки он равзай хузар, Ки фалон ҷо дидаед андар гузар, Дӯзах он буду сиёсатгоҳи сахт, Бар шумо шуд боғу бустону дарахт. Онон, ки имон ва эътиқоди қавӣ доранд, вақте ба соҳили амни биҳишт мерасанд, савол мекунанд: "Дӯзахе, ки қарор буд аз он мег
Оташ Иброҳимро дандон назад, Чун гузидай Ҳақ бувад, чунаш газад? З-оташи шаҳват насӯзад аҳли дин, Боқиёнро бурда то қаъри замин. ___________________ Мавлоно Оташи намрудиён ба Иброҳим (алайҳиссалом) ҳеҷ осебе назад, зеро ӯ, баргузида ва мақбули даргоҳи Ҳазрати Ҳақ буд. Оташ чи гуна метавонист ба ӯ зиён ворид кунад? Аҳли ҳақиқии дин низ ҳеҷгоҳ аз оташи шаҳват намесузанд, дар ҳоле, ки ҳамон оташ, ғайри аҳли имонро ба жарфҳои замин фурӯ барад. Яъне пасту залилашон кунад. #маснавӣ
  • Класс
Шукргузорӣ... Дар оғози рӯз шукргузорӣ кардан барои чизҳои хурду бузург натиҷаи олӣ дар пай дорад ва дарҳои неъмат, баракат ва раҳмати Худовандро бароятон мекушояд. Вақте чашм боз мекунед, шокир бошед, ки тулӯи субҳро дидед. Барои рахти хоби гарматон сипосгузор бошед, Барои хонаводаатон, ки каноратон ҳастанд, Барои мисвок задан, субҳона хӯрдан, варзиш каодан... Барои ҳама чизе, ки дар оғози рӯз бо он сарукор доред. Ин гуна эҳсосатон олӣ мешавад ва дар тӯли рӯз шоду пурэнержӣ хоҳед буд. Субҳ ба хайр!
Чунки ғам бинӣ, ту истиғфор кун, Ғам ба амри Холиқ омад, кор кун. Чун бихоҳад, айни ғам шодӣ шавад, Айни банди пой, озодӣ шавад. ___________________ Мавлоно Вақте қалбат ба андӯҳ дучор омад, талаби мағфират кун, ки талаби мағфират, фишори ғаму андӯҳро мекоҳад, зеро ғам ба фармони Офаридгор фаъолият мекунад ва Худованд қодир аст, ки онро аз саҳфаи дили одамӣ пок кунад. Агар Худованд бихоҳад, зоти ғам ба шодӣ табдил меёбад ва зоти пойбанд, мӯҷиби озодии шахс мегардад. #маснавӣ
Огоҳ бошед, ки рӯзҳои моҳи Рамазон кам мешаванд, пас шумо бар амалҳои неки худ биафзоед, чун бисёр зуд хоҳед дид, ки моҳ ба поён расидааст. Ҳар моҳе ҷойгузини моҳи дигар мешавад, аммо чи ҷойгузине барои моҳи Рамазон вуҷуд дорад? — Ибни Раҷаб
🌙 Рамазон, моҳи тавба ва бозгашт ба суи Худованд.... ❗Эй касоне ки ғарқ дар ҷурму гуноҳон будаед, аз раҳмати Парвардигор ноумед набошед. Зеро Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ба шарте, ки тавба ва бозгашт ба суи У намоед. 📖 Бигӯ:(Яъне: Эй Муҳаммад, аз тарафи Ман бигӯ) «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст. (Зумар 53) 🌱 Ва дар ҳадисе аз Паёмбар (с) ривоят шудааст ки: Ҳамаи фарзандони одам хатокоранд ва беҳтарини хатокорон, тавбакунандагон ҳастанд. (Тирмизи ва Ибни Моҷа) ☑ Нукта: Тавба ва бозгашт ба суи Худо танҳо бо забон нест, балки нишонаи тавба
  • Класс
📖 {Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан фарз гардид, чунон ки бар касоне фарз гардид, ки пеш аз шумо буданд, бошад ки тақво пеша кунед.} ❗Нафармуд: то гурусна шавед ё ташна шавед, балки фармуд то тақво пеша кунед ва тақво яъне ончи Худованд бадон амр намудааст ва тарки ончи аз он наҳй кардааст. 🌱 Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Ҳар касе сухани дуруғ [ва ноҳақ] ва амале ба он монанд ва ҷаҳолатро тарк нагуяд, Худованд низ ниёзе ба ин надорад, ки у ғизо ва нушиданиашро тарк кунад. — Аллома Ибни Усаймин
  • Класс
Показать ещё