Огоҳ бошед, ки рӯзҳои моҳи Рамазон кам мешаванд, пас шумо бар амалҳои неки худ биафзоед, чун бисёр зуд хоҳед дид, ки моҳ ба поён расидааст. Ҳар моҳе ҷойгузини моҳи дигар мешавад, аммо чи ҷойгузине барои моҳи Рамазон вуҷуд дорад? — Ибни Раҷаб
🌙 Рамазон, моҳи тавба ва бозгашт ба суи Худованд.... ❗Эй касоне ки ғарқ дар ҷурму гуноҳон будаед, аз раҳмати Парвардигор ноумед набошед. Зеро Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ба шарте, ки тавба ва бозгашт ба суи У намоед. 📖 Бигӯ:(Яъне: Эй Муҳаммад, аз тарафи Ман бигӯ) «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст. (Зумар 53) 🌱 Ва дар ҳадисе аз Паёмбар (с) ривоят шудааст ки: Ҳамаи фарзандони одам хатокоранд ва беҳтарини хатокорон, тавбакунандагон ҳастанд. (Тирмизи ва Ибни Моҷа) ☑ Нукта: Тавба ва бозгашт ба суи Худо танҳо бо забон нест, балки нишонаи тавба
  • Класс
📖 {Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан фарз гардид, чунон ки бар касоне фарз гардид, ки пеш аз шумо буданд, бошад ки тақво пеша кунед.} ❗Нафармуд: то гурусна шавед ё ташна шавед, балки фармуд то тақво пеша кунед ва тақво яъне ончи Худованд бадон амр намудааст ва тарки ончи аз он наҳй кардааст. 🌱 Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Ҳар касе сухани дуруғ [ва ноҳақ] ва амале ба он монанд ва ҷаҳолатро тарк нагуяд, Худованд низ ниёзе ба ин надорад, ки у ғизо ва нушиданиашро тарк кунад. — Аллома Ибни Усаймин
  • Класс
Рӯбаҳ афтад паҳн андар зери хок, Бар сари хокаш ҳубуби макрнок. То биёяд зоғи ғофил сӯйи он, Пойи ӯ гирад ба макр он макрдон. Садҳазорон макр дар ҳайвон чу ҳаст, Чун бувад макри башар, к-ӯ меҳтар аст? __________________________ Мавлоно Рубоҳ худро дар зери хок пинҳон мекунад ва дар атрофи худ донаҳои васвасабарангез мерезад то парандаҳои ғофил ба ҳаваси донаҳо биоянд ва онгоҳ шикорашон кунад. Вақте ҳайвон инчунин ҳилаҳо дар остин дорад, бубин ки башар то чи ҳад метавонад дасиса дошта бошад? #маснавӣ
Ҳадаф аз рӯза гирифтан Рӯза аз худ ҳикматҳои зиёде дорад. Яке аз бузургтарин ҳикмати иҷтимоии он ин аст, ки ҳар гоҳ ғанӣ ва сарватманд таъми гуруснагӣ дар Рамазонро чашад, пас дар ғайри Рамазон ҳаргиз фақир ва бенаворо фаромӯш намекунад. Ба ҳамин мазмун Имом ибни Раҷаб низ ишора мекунад ва мегӯяд: "Аз баъзе гузаштагони солеҳ пурсида шуд, ки барои чи рӯза дар дин фарз гардид? Гуфтанд: То бичашад ғанӣ таъми гуруснагиро ва фаромӯш нанамояд инсони гуруснаро". 📗 لطائف ادلعارف
  • Класс
Хӯрдани хурмо дар саҳарӣ мустаҳаб аст ва ин суннате аст, ки бисёре аз он огоҳ нестанд ва гумон мекунанд, ки хӯрдани хурмо фақат ҳангоми ифтор суннат аст. Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Худо бар ӯ) фармуданд: "Беҳтарин саҳарии мӯъмин, хурмо аст". 📗 Абу Довуд
  • Класс
Он қадар ғарқи неъматем, ки ҳамеша надоштаҳоямонро мешуморем, зеро доштаҳоямон бешуморанд.
Показать ещё