«Дар бораи тоҷикон чанд сухан гуфтанйам. Тоҷикон халқи хосаанд. Инҳо на узбеканд, на қазоқанд, ва на қирғиз, инҳо тоҷикон, қадимтарин мардуми Осиёи Миёна ҳастанд.
Тоҷик ба маънои тоҷбардор аст, эрониҳо онҳоро ҳамин тавр меномиданд ва тоҷикон ба ин ном сазовор буданд.
Аз ҳамаи халқҳои мусулмони ғайрирус дар территорияи СССР тоҷикон ягона халқи ғайритурк — халқи Эрон мебошанд. Тоҷикон халқе ҳастанд, ки зиёиёни он шоири бузург Фирдавсӣ ба дунё овардаанд ва бесабаб нест, ки онҳо, тоҷикон анъанаҳои фарҳангии худро аз ӯ мепайванданд. Шумо бояд дар давоми даҳсола ҳис карда бошед, ки онҳо, тоҷикон ҳисси нозукии бадеӣ доранд, маданияти қадима ва завқи хоси бадеии онҳо дар мусиқӣ, суруд ва рақс зуҳур меёбад.
Баъзан рафиқони руси мо ҳамаро омехта мекунанд: точикро бо узбек, узбекро бо туркман, арманро бо гурчи. Ин, албатта, нодуруст аст. Точикон халқи махсус буда, маданияти бузурги қадима доранд ва дар шароити советии мо онҳо ояндаи бузург доранд. Ва тамоми Иттифоки Советӣ бояд дар ин кор ба онҳо ёрӣ расонанд. Мехостам, ки ҳунари онҳо мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон бошад.
Ман барои гул-гулшукуфии санъати тоҷик, халқи тоҷик, барои он, ки мо, москвагиҳо, ҳамеша тайёрем, ки ба онхо бо тамоми чизҳои зарурӣ ёрӣ расонем».
Иосиф Сталин ✍
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев