Корам зи даври чарх ба сомон намерасад,
Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад,
Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон,
То обру намеравадам, нон намерасад.
Пайпорае намеканам аз ҳеҷ устухон,
То сад ҳазор захм ба дандон намерасад.
Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале,
Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.
Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам,
Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад.
Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд,
Овозае зи Миср ба Канъон намерасад.
Аз ҳашмат аҳли ҷаҳл ба Кайвон расидаанд,
Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Қайвон намерасад.
Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро,
Ин ғусса бас, ки даст суи ҷон намерасад.
То сад ҳазор хор намеруяд аз замин,
Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад.
Суфӣ, бишуй занги дили худ ба оби май,
К-аз шустушки хирқаат ғуфрон намерасад.
Ҳофиз, сабур бош, ки дар роҳи ошиқӣ,
Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.
🌸 💮 🌿 🏵️ 🌷 🍃 🥀 🌺 🌱 🌻 🌼 🍂 🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Фарёд Зи ширину парвизи афрангу,
Олам хама вайрона Зи чингизи афрангу,
Аз хоби гарон хоби гарон хоби гарон хез.