💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
🌧 Чун борони баҳорон бош, ҳар куҷо ки фуруд оӣ, хайр бибор, файз бирез, суд бибахш ва дар густурдани хайр байни мардум фарқе магузор!
❓ Оё надидаӣ, ки борон хайрашро бар дашту даман, боғу чаман, водиву марғзор, кӯҳу дара, дарахту гиёҳ, хонаву замин яксон фурӯ мерезад, ҳатто байни кулбаи ятиму қасри сарватманд тафовут намегузорад?!
💡 Ибрат на аз он аст, ки дар тиловат ва ҳифзи Қуръон ба куҷо расидаӣ, балки Қуръон дар вуҷуду кирдори ту ба куҷо расида ва туро ба куҷо расонда аст?
☀ Ба мардум магӯ, ки чанд пораи Қуръонро аз ёд медонӣ ва чанд пора мехонӣ, балки бигзор, ки дар гуфтору рафтору кирдори ту таҷаллии Қуръонро бинанд.
📛 Бо касе ки фармони Парвардигораш набарад, ҳамдилу ҳамгому ҳамсафар мабош!
☝ Ба падару модарат эҳсон варз, бар рӯи ҳама ҳамвора табассум кун, гуруснаро таом бидеҳу серу шодобаш гардон, бараҳнаро либос бипӯшон, муҳтоҷро ёрмандӣ намо, бар ятим раҳм кун, касеро ки бадият карда аст, бибахш!
🤝 Касеро ки дар дар ҳаққи ту хатову лағзишу забондарозӣ кунад, бад мабин ва душман магир, балки чун хурмобуни сарафроз бош, ки чун бадхоҳон сангаш зананд, хурмои ширин бар сарашон бирезад.
✅ Ба касе ки аз паси ту бадгӯӣ мекунад, бозпас манигар ва аҳаммият мадеҳ, зеро ӯ воқеъан аз паси туст, на аз пеши ту.
🛑 Ба сӯи он дӯст роҳи қурб маҷӯй, ки ҳангоми ниёз бе узре таркат карду ҳангоми таваққуъи эътимод хиёнатат варзид.
🔆 Бо тарбиятат тавонгар шав, бо қаноъатат бениёзӣ ҷӯй, бо хоксорият бузург бош ва бо ахлоқат ба бузургворӣ рас!
💎 Бидон, ки ростгӯй савганд нахурад, муътамад баҳона наҷӯяд, мухлис пушаймон навашад, дӯстдор малул нагардад, дилсӯз ба сутӯҳ наояд ва сахопеша миннат наниҳад.
💓 Дили зебои накӯкорон мисли зари холис ҳаргиз зангор напазирад, агар бар рӯяш ғубори озоре нишинад, ё гили ранҷише бирезад, бо соидани сухани хуше, ё рехтани оби узре ҷилояш дигарбора ошкор шавад.
📣 Дар маҷлисҳо бисёр магӯй, то беҳуда нагӯӣ ва обрӯи худ набарӣ, ё ҳамгинонро аз дарозии суҳбатат ба ҷон наорӣ!
🗯 Ситоиши касеро, ки дӯст медорӣ, бисёр магӯ, то аз худ нараваду мағрур нагардад!
🔸 Касеро ҳақир машумор, бар касе такаббур макун, пеши касе сари тамаллуқ хам масоз, назди бечорагон гардан макаш ва бар зердастон ситам маварз!
🔹 Ҳамчунон бош, ки худ хоҳӣ будан ва он низ созгори дини Худо ва одоби воло ва ахлоқи сутуда, на чунон ки дигарон хоҳанду бароят қолабрезӣ кунанд.
🕌 Дигаронро эҳтиром кунӣ, эҳтиром бинӣ, вале ин эҳтиром ба мардум на аз ин рун бошад, ки ту ба онон ниёзманд астӣ, ё на баҳри ин ки дар ивазаш манфиъате дунявӣ талабӣ, балки он қоидае бошад, ки аз дину тарбиятат бархоста аст.
📖 Зиндагӣ мисли китоби қиссаест ҳанӯз нохонда, ҳар рӯзе сафҳаи наверо аз он варақ мезанӣ, агар сафҳае ҳузнангез бошад, ногузир сафҳаи дигар шодиафзо хоҳад буд, танҳо, бар Аллоҳ таваккул куну боке мадор ва андӯҳгин машав ва аз неъматҳои зиндагият баҳра бибар ва ҳамвора дар тоъати Худо кӯшо бош!
〰〰〰〰〰〰〰〰〰
✍ Тарҷумаи Фирдавсии Нуралиён, бо истифода аз маводи интернетӣ ва тасарруф дар асли матн, 06.07.2019, Аҷмон, ИМА.
💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2