Се кишвари аврупоӣ Фаластинро ҳамчун давлат эътироф карданд Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз кишварҳои дигар хост, то аз Испания, Норвегия ва Ирландия пайравӣ кунанд ва давлаташонро эътироф кунанд. Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз тасмими Испания, Норвегия ва Ирландия дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин истиқбол кард ва онро “иқдоми муҳим” номид. Ин ниҳод аз дигар давлатҳо даъват кард, ки аз ин се давлат сабақ гиранд ва Фаластинро эътироф кунанд, гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар саҳифаи ин департамент дар шабакаи иҷтимоӣ нашр шудааст. Ҳукумати Норвегия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Фаластинро ба унвони як давлат эътироф мекунад. Эът