Ҳамлаи дубораи Амрико ва Англис ба Яман Манобеи хабарӣ субҳи сешанбе аз таҷовузи нави низомии Амрико ва Англис ба Яман хабар доданд. Ба гузориши ТоҷикПресс, манобеи хабарӣ субҳи сешанбе аз таҷовузи нави низомии Амрико ва Англис ба Яман хабар доданд. Ин манобеъ аз садои таркишҳои шадид дар Санъо, пойтахти Яман хабар доданд. Як мақоми амрикоӣ ба Ал-Ҷазира гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Англис ва баъзе муттаҳидони дигар ба мавқеъҳои ҳусиҳо (неруҳои мусаллаҳи Яман) дар Яман ҳамла карданд. Ин мақоми низомии амрикоӣ гуфт, ки дар ҳамлаҳои нави Амрико ва Бритониё ба Яман, кишварҳои дигар низ аз он ҳимояти амалиётӣ кардаанд. Мақоми яманӣ: Ҳамалоти Амрико ва Англис моро аз ҳимоят аз Ғазза