Предыдущая публикация
Як гурӯҳи дигар ҳастанд, ки дар фиреб хӯрдан монанди
гурӯҳи пеш мебошанд вале ин гурӯҳ баъзе ибодатҳоро ба ҷо
меоранд ва ғарқи гуноҳ ҳастанд. Аммо гуноҳашон аз
ибодаташон зиёдтар аст ва бо ин ҳол умеди мағфират доранд
ва фикр мекунанд, ки хубиҳояшон аз бадиҳояшон зиёдтар аст.
Ин ниҳояти нодонист, монанди касе аст, ки пули аз роҳи
ҳалолу ҳаром ҷамъ кардаро садақа мекунанд вале дар ҷояш чанд
баробари онро аз моли мардум ва ҳаром ба кисаи худ мезананд.
Ва инчунин умед доранд агар даҳ дирам дар як тарафи тарозу
гузоранд ва ҳазор дирам дар тарафи дигар бе шак он даҳ дирам вазнинтар мешаванд, ки ин худ нодонии бузург аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6