НАМОЗ НАМЕХОНАД
Мегӯянд: фалонӣ намоз намехонад... аммо МашаАллоҳ ахлоқи олӣ дорад ва шахси мавриди эҳтиром аст.
Гуфтам: бубин дӯстам!
Фарде, ки намоз намехонад ҳамин "бадахлоқӣ" бо Парвардигор барояш кофӣ нест?
Аллоҳ ӯро мехӯронад, менушонад, аммо ӯ намоз хондан барои Парвардигорашро қатъ мекунад.
Аз кадом ахлоқи олӣ сухан мегӯӣ?
Аввал ҳусни халқ бо Аллоҳи мутаъол сипас бо мардум...
Ва инро бифаҳм, ки "саодат" ва "хушбахтӣ" аз афроди бенамоз дур аст...!
ТАКАББУР, ҲИРС ВА ҲАСАД
Табоҳии нафси инсонӣ ба се чиз аст: такаббур, ҳирс ва ҳасад. Такаббур динро табоҳ кунад, чунон, ки шайтонро дучори лаънат кард, ҳирс душмани ҷон аст - Одамро аз биҳишт берун кард, ҳасад пешдаромади бадбахтист - Қобилро ба куштани (бародараш) Ҳобил во дошт.
@Shodmehr_02
Бо мо бошед.
👇👇👇👇👇
@makhzanisokhan
🔹Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст ки, гуфт Паёмбар ﷺ пурсида шуд аз бисёртарин чизе ки мардумро дохили ҷаннат мекунад чист?
Пас гуфт:
Тақвои Аллоҳ ва Ахлоқи Зебо доштан.
Ривояти Тирмизи
🔹Паёмбар ﷺ ахлоқро яке аз сабабҳои дохилшавии ҷаннат қарор дод ҳамроҳ бо тақво зикраш кард, ҳамон тақвое ки бузургтарин васият аст.
🔸Ибни Қаййим رحمه الله гуфт:
(Дар ин ҳадис) ҷамъ кард Паёмбар ﷺ байни тақво ва ахлоқи зебо, зеро тақво ислоҳ мекунад он чи ки байни банда ва байни Аллоҳ аст, ва ахлоқи зебо ислоҳ мекунад байни банда ва байни махлуқҳои Аллоҳ. Тақвои Аллоҳ муҳаббати Аллоҳ ро воҷиб мегардонад ва ахлоқи зебо доштан талаб мекунад ба дустдоштани ин банда.
📖“Аҳадис ал Ахлоқ” 8/9
БО ХУДО (ҷ.ҷ) МУСОБИҚА КАРДАМ
Аз саховатманде пурсиданд?
- Чӣ гуна ин қадар бой шудӣ?
Саховатманд ҷавоб дод:
- Бо Худо (ҷ.ҷ.) мусобиқа кардам.
Дубора суол карданд?
- Чӣ гуна бо Худо (ҷ.ҷ.) мусобиқа кардӣ?
Саховатманд ҷавоб дод:
- Ӯ ба ман мол бахшиду ман ҳам ба дигарон бахшидам. Ӯ (ҷ.ҷ.) бардавом боз бахшиду ман ҳам ба дигарон бидодам.
Боз суол карданд, ки ;
- Баъд чӣ шуд?
Саховатманд:
- Магар Худовандро гузашта мешавад?
* Худованд (ҷ.ҷ.) дар оятҳои зерин фармудааст:
- Ба таҳқиқ, онон, ки китоби Худоро мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргизз зиён намекунанд (Сураи “Фотир” ояти 29).
Агар
Омурзиши Худо аз гуноҳи бандагон фарохтар аст
💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸
💡Замоне ки пойи банда мелағжад ва бори нахуст муртакиби гуноҳ мешавад, фикр мекунад, ки тавба кардан - кори саҳл аст, зеро фақат ӯ як бор гуноҳ карда аст. Аммо ба иллати сустии имон бори дуюм дар муқобили фитнаи гуноҳ муқовамат кардан наметавонад ва боз ба он рӯй меоварад. Бори савум низ гуноҳро анҷом медиҳад. Ба ҳамин минвол бо иртикоби ҳар гуноҳе ба он одат мекунад, сипас, бар он исрор меварзаду беш аз пеш анҷомаш медиҳад, то рӯзе ки бақоёи имон дар дилаш бедор мешаванд ва ӯро дар андешаи тавба меандозанд. Онгоҳ, шайтон бо сад далели созгор бо ақли ӯ васвасааш мекунад, ки акнун дар ин марҳала дигар умеди тавбае барои ту нест,
ЧАҲОР ДУРБИНИ ЗИНДА ДАР ҲОЛИ ФИЛМБАРДОРӢ
Асаломуалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу дӯстонам Ҳангоми ронандагӣ нақлиёт вақте мутаваҷҷеҳ мешавем, ки дурбини пулис муроқиби мост, сӯръатро кам карда қонунро риоя мекунем, ки ҷарима нашавем. Аммо ҳеҷ медонем, ки дар ҳар лаҳзае ҳамзамон чаҳор дурбини зинда дар ҳоли филмбардорӣ аз змндагии мо ҳастанд, ки қарор аст рӯзи Қиёмат тамоми зиндагии моро ба намоиш гузоранд?
1⃣ Дурбини аввал худи Аллоҳ аст. Сураи Алақ ояи 14:
Оё инсон намедонад, ки Худованд ӯро нигоҳ мекунад?
2⃣ Дурбини дуввум малоики муқарраби Худо ҳастанд. Сураи Қоф ояи 18:
Аз шумо ҳаракате сар намезанад, магар ин ки ду маъмур дар ҳоли навиштани он ҳастанд.
3⃣ Дурбини сеюм замин аст.
БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТИ ХУДО
Асаломуалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу дӯстонам Нақл аст, ки рӯзе шайтон обидеро ба болои қуллаи баланд бурд ва гуфт: Агар ту бандаи маҳбуби Худоӣ, аз ин баландӣ бипар, то Худо туро наҷот диҳад.
Обид ором - ором аз қулла поин ҳаракат кард.
Шайтон пурсид: Чи шуд? Ба Худоят эътимод надорӣ?
Обид гуфт: То замоне, ки метавонам аз тариқи ақлам оқибати кореро дарк намоям, Худоро имтиҳон намекунам. Чун Ӯ бузургтарин ёриашро, ки ақлоният аст, қаблан ба ман ҳадя намудааст.
Нуктаи ҷолиби матлаб ин аст, ки бузургтарин неъмати Худоро, ки ақл аст  нодида мегирем ва дунболи муъҷизаи дигар ҳастем
МАРДУМИ ҒАРБ БА МОҲУ МИРИХ РАСИДАНД..
Рӯзе Шайх Тоҳир бин Ошур миёни ҳалқаи шогирдон нишаста ба онҳо аз Саҳеҳ Бухорӣ даср мегуфт, ки ногаҳон шахсе омад ва рӯбарӯи Шайх нишасту гуфт:
— Мардуми Ғарб ба Моҳу Мирих расиданд ва ту бошӣ ҳануз ин ҷо нишаста аҳодиси Бухориро шарҳ медиҳӣ?
Шайхт Тоҳир гуфт:
— Ин чи эроде дорад? Чи ҷои тааҷуб аст, ки махлуқе аз махлуқоти Худованд ба махлуқи дигараш расидааст? Вале мо ҳадафи бузургтаре дорем, мехоҳем ба худи Холиқ бирасем. Аммо оё медонӣ, ки дар ин миён фақат ту дармонда ва муфлисӣ? Чаро ки на бо онҳо ба Моҳ расидӣ ва на бо мо ба Худованд.
Показать ещё