Зан гул аст на корпардози шумо
Хонаводаи хушбахт
Бо вуруди Ислом ба ҷаҳониён асолат ва арзиши башарият баргардонида шуд. Махсусан ки арзиши аз даст рафтаи зан дар ҷомеа. То зуҳури Ислом зан на ҷойгоҳи иҷтимоӣ дошт на арзиши хоссе. Аммо бо вуруди дини мубини Ислом ба зан арзиш ва ҷойгоҳаш баргардонида шуд.
Дар ривоятҳо зиёд дорем, ки ба зан ва ҷойгоҳи дунявӣ ва маънавии ӯ арзиш волое бахшидааст. Зан яъне модар, дар ривоят биҳиштро ки макони басо муқаддас ва бо арзиш аст, зери қадами зан модар дониста шудааст. “Биҳишт зери пои модарон аст”.
Дар ривоёти дигаре дорем “ اَلمَرأَةُ رَیحانَةٌ”, зан гул аст. Ҳоло шумо бибинед, агар марде бо як гуле бо хушунат ва беэътино рафтор кунад ва аз гул по