• Класс
Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Миллати ман аз азал худ миллати бонанг буд,Чун дилаш саршор пур аз ҳилму аз фарҳанг буд.Сулҳу ваҳдат буд равонаш, бухлу кина дур аз ӯ,Дар ҳаққи ҳамсоягӣ бисёр бофарҳанг буд.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Мулки аҷдодӣ Бухоро, махзани фарҳанг буд,Тоҷири шаҳри Самарқанд дар ҳаёву нанг буд.Рӯдакӣ бо шеъри нобаш дар навози чанг буд,Душман аз ин қуввату дармон басе дилтанг буд.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Буалӣдар маркази илму адаб номдор буд,Дар давои дарди мардум ӯ басе ҳушёр буд.Бо забони модариаш ҳарфи
Показать ещё