Шеърат гуфтаам, узр, ба нафсат нарасад,
Чашме ба сафи мижжаи ҷафсат нарасад.
Хоҳам, ки бибӯсам аз лабони ту, вале
Зӯри лаби ман бар лаби ғафсат нарасад. ))
Бе ту тамоми булбулон, бин хонабардӯшанд, оҳ,
Дар пушти ҳар барги гуле пинҳону хомӯшанд, оҳ.
Накҳат аз ин гулшан гурехт, ашки само бар хок рехт,
Ҳамчун дили ғамбори ман гулҳо сияҳпӯшанд, оҳ.
Мушкиле нест агар сафҳаи нав ҷӯр кунӣ,
Ҳам аз он сафҳаи худ номи маро кӯр кунӣ,
Мешавад ëфт бар он сафҳаи ту роҳ, вале
Оҳ, агар исми ман аз сафҳаи дил дур кунӣ...
Имшаб Шаби Қадр аст, шаби нуру сафо аст,
Бар лаб ҳамаро ҳарф зи Қуръону Худо аст,
Донед ҳама қадри Шаби Қадр, азизон,
К-он ҳадяву эҳсони Худованд ба мо аст.
Нур меборад зи рӯйи моҳат, эй зеботарин,
Осмонӣ ҳастӣ, мислат нест дар рӯйи замин.
Зинда мегардад дили пурхуну ғамборам, агар
Аз лабат бӯсам ва ë рухсораат ë аз ҷабин.
Наргиси чашмони хумморат фараҳбахшанда аст,
Ишқ меҷӯшад ба дил аз он нигоҳи оташин.
Нӯшдоруест лабхандат дили бишкастаро,
Ҷону тан роҳат кунад аз он лабони ангубин.
Ошиқам ë шоирам ë ҳарду, кай донам, вале
Номи ту бингоштам дар шеъри худ, донам яқин.
ТИРАМОҲИ УМР Ҳамчу фасли зардрӯи тирамоҳ Бенавоям, бедавоям, бепаноҳ. Мечакад борони абри дидаам, Зардрӯям, сарддил, пурдарду оҳ. Барг-барг аз шохи умрам меравад Соату рӯзу шабону солу моҳ. Аз баҳори умр осоре намонд, Ҳамчу баргаш бод бурд аз рӯи роҳ. Мисраҳоям ҳамчу ожанги ҷабин Мекашад бар қисматам хатти сиёҳ. Офтоб аз пушти абри тирадил Хира-хира мекунад сӯям нигоҳ. Дар мизонаш гӯиё бармекашад Он чи дорам аз савобу аз гуноҳ. Сӯзи дарду ранги зарду оҳи сард Ин ҳама бошад хазонамро гувоҳ. Фасли гулбези баҳоронам бирафт, Ман саропо тирамоҳам, тирамоҳ...
  • Класс
Фалакро бин ки дар авроқи умри мо чиҳо бинвишт, Ҳазорон дард бар мо доду онро бедаво бинвишт. Мудавво нест дигар ҳеҷ бар дарди ҷудоиҳо, Ки номи дилбару номи маро аз ҳам ҷудо бинвишт. Надорад интиҳое шикваам аз хатти пешонӣ, К -аз аввал қиссаи умри маро бо сад хато бинвишт. Сарамро пур зи савдо, дидаамро пур зи ашки хун, Диламро пурғаму пурҳасрату дардошно бинвишт. Ба дил гуфтам: дар ин зулматсаро аҳволи ту хуб аст? Бигуфто " оҳ " -у бар лавҳи забон овози " ҳо " бинвишт. Варақро пора карда шеъри худ аз сар нависам ман, Чи созам лек бо он сарнавиште, ки Худо бинвишт.
Бигӯ охир, ба наздат кай биёям? Баҳорон ё ба фасли дай биёям? Ба ними лаб «биё» гӯӣ маро бас, Ки ними шаб ба савти най биёям.
Омӯхтам аз умр дар ин муддати сол Як панд, ки рад намуданаш ҳаст муҳол, Инсоф ба даҳр ҳар қадар кам гардад, Он қадр баланд мешавад қиммати мол.
Показать ещё