Дил аз танги ба ҷон омад туро нодида-нодида,
Биё ғунчаи умеди ман хандида-хандида.
Хушо он рӯзе, ки пеши дилбари хуршеди рӯи худ,
Арақ мегаштам сар аз по шармида-шармида.
Бар руйи шонаи шамшод зери сояи сумбул,
Навишта мисраи туро печида-печида.
Рақиби сифла бар ман гуфт аз рӯи забон бози,
Ҳадиси лаъли туро гуфт хойда -хойда .
Зи чашмам чун тарозу тори мижгон канда хоҳад шуд,
Маҳу хуршедро ба руйю санҷида-санҷида.
Биё бар дидаи шоир, ки аз бедоди ҳиҷронаш,
Фиғон боло шуд аз чашмаш чу най нолида-нолида.
НАҚИБХОН ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ
Наврӯз
Фархунда баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Хандида нигор омад, Наврӯз муборак бод,
Сармои зимистон рафт бо барфу шаби ҳиҷрон,
Ошиқ бари ёр омад, Наврӯз муборак бод!
Бо рақси парастуҳо, бо намнами боронаш.
Аксе ба навор омад, Наврӯз муборак бод!
Имрӯз ҷавону пир шодона ғазал хонанд:
Дай рафту баҳор омад, Наврӯз муборак бод!
Нурали Нурзод
ҚИШЛОҚАКИ МАН ПУШТИ МАРО КАС НАГИРИФТ... То хонаи ман масофаи бисёр аст. Расмам бо ду чашми чор дар девор аст. Аз руйи ман оинаи ман сер нашуд, Оинаи ман мунтазири дидор аст. Дар хонаи ман ҷилди китобам монда, Як пар қалами пари уқобам монда, Ман болини ҳамсарӣ надидам умре, Дар болини ман ҷилди китобам монда. На боғи падар монду на он беди қатор, Аз беди қатор монда калбеди қатор. Он беди қатор чуби гаҳвора нашуд. Ё чуби аловӣ шуд, ва ё чуби мазор. Ҳарҷо ки намеравам дилам волаи туст, Дар боғи дилам шукуфтани лолаи туст. Қишлоқаки ман пушти маро кас нагирифт. Дар пушти сарам чанори садсолаи туст. Қишлоқаки кудакӣ хасу хори ту бас, Як лаҳза маро такя ба девори ту бас. Дар маҳфили маҳ
ИМРӮЗ ЗОДРӮЗИ ХОНУМ ГУЛРУХСОРИ САФӢ, ШОИРАИ ХУШЛИҚО ВА ШОҲСУТУНИ ШЕЪРИ ТОҶИКИСТ. БАРОЯШОН УМРИ ДАРОЗУ ПУРБАРАКАТРО ТАММАНО МЕКУНЕМ ВА ЯК ШЕЪРИ ЭШОН ТАҚДИМИ ШУМО!!!
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,
Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир!
Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан
Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман.
Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст,
Бе ту чӣ зиндагист, эй ёри дилшикан?!
Аз ман хабар бигир!
Чашми муҳаббатам, муштоқи рӯйи туст,
Гӯянд одамӣ бо дӯстӣ накуст,
Аз қасри худ фаро, бар мулки ман биё,
Ин хона бурҷи дил, ин дил макони туст!
Аз ман хабар бигир!
Аз ман назар нагир, ёри дигар нагир
МОДАРИ ЗОРАТ ГУЗАШТ 😔 😥
Эй писар бархезу дав, ки Модари зорат гузашт .
Модари дилсӯзу беозору ғамхорат гузашт.
Ту дар ин шаҳри ғарибӣ бехабар танҳову зор.
Модари дар ёди ту бар ғам гирифторат гузашт.
Ту намедони вале ӯ охирон бемор шуд.
Модари бечораву аз дард беморат гузашт.
Аз саҳар то шом паси дар интизорат менишаст.
Модари дар интизор истода ночорат гузашт.
Доимо аз ту ба мо мегуфту механдид ӯ.
Модари хуш чақ чақу беҳад хоксорат гузашт.
Гоҳ гоҳ аз ҳавлии мо об мебурд бо сатил.
Модари озодаву ҳам тозакирдорат гузашт.
Зиндагӣ талх асту ширин сабр мебояд кунӣ.
Модари пурсабри ту бин ки чӣ миқдорат гузашт.
#ЯКҚИССА
ПАРИИ ПАРШИКАСТА...
#қисми_1кум
Холаи Мавҷигул дар гушае нишасту ба ёди гузашта афтод, гузаштаи пур аз бурду бохт...
Замони таввалуд шуданаш падараш аз хушҳолии фарзандор шуданаш, гирди модараш парвонавор чарх мезад. Дар оилаашон духтараке мисли моҳ таввалуд шуд, ки падараш бо тамоми меҳру муҳаббат номи духтарчаро Мавҷигул ном гузошта орзӯ мекард, ки духтари нозанинаш ҳамеша, мисли гул мавҷ занаду дурахшад. Аммо ҳеҷ касе намедонист ин тифли навзодро чи қадар бурду бохт, тақдир барояш нақша кашидааст.
Вақте Мавҷигули хурдакак ба пой рост истоданро ёд мегирифт падари нозанинаш аз бемории ногаҳонӣ, ё сохта аз та
  • Класс
-- Мухаммас ба ғазали Саидои Насафӣ --
Нолаи булбул шунидам рози ту омад ба ёд,
Даст бурдам бар рубобам сози ту омад ба ёд.
Ҷойнамози ишқ кушода саҷда бар ёдат кунам,
Сураи Ихлёс ба ҷои поси ту омад ба ёд.
Мекшудам ғунчавор гар кас диҳад пайғомае,
Дар зимистон дастаҳои рози ту омад ба ёд.
Васфи ҳар ошиқ бихондам, аз ҳазору як шабе,
Нақшаат комилтар аз анбози ту омад ба ёд.
Чӣ Самарқандигарӣ бо ин Бухорӣ кардаӣ?
Бар сари гӯши дилам овози ту омад ба ёд.
Мешудӣ аз ман канортар, сӯи омадҳот равон,
Хайрбодӣ кардану парвози ту омад ба ёд.
Бин ки ишқи дерини мо ҳалқаи дил зад гурехт,
Шукри толеъи манӣ, ғамсози ту омад ба ёд.
Шоира Ҳадияи Бухороӣ
#бухоро #самаркан
  • Класс
Показать ещё