Ё туй чаноза гашт.
Зеботарин давраи одами ин давраи чавони ва давраи тахсили мактаби миёна аст!!!Чи рузхои хушро одам аз сар мегузаронад ва меомузад зиндагиро мехру мухаббатро дустию рафокатро эхсоси ишкро, мардонагиву шучоатро, якдиливу сулхро ватандустиву сарчамъиро.!!!
Рузхои наврузи буду гулхои дарахтон хело зебо шукуфта буданду Суман бо хавас дар даст як даста гули тару тозаро барои табрикот муаллимаашро аз ошёнаи якум ба ошёнаи дуюм мебаромаду хамоно гаштаву баргашта гулдастаро буй мекард.Хамин.ки дар гаштгохи зинахо омада буд ду чавоне паси хам шухикунон яке аз кафои дигаре давида мефаромаданд.Авалаш фаромада рафту дуюмаш ногахон дасташ ба гулдастаи Суман расиду гулдастааш афтод!Суман гумон кард.ки писаракхои синфи поёни бошанд якбора гуфт::Хойй ин чи гуна рафтори безеб ва ба суйи чавон нигох кард.ки чавон низ суйи у нигох карда узр мепурсиду гулдастаро эхтиёткорона аз замин гирифта боз дароз кард ва онхо чашм ба чашми якдигар нигаристанд.Суман дид.ки он чавонписар аз худаш калон аст дархол ташаккур ака гуфту худ бо зинахо боло мерафту аз чашм ба чашм шуданашон суп сурх шуда буд.Чавон Бехруз ном дошт ва ин духтараки зебое ки дар тан куртаи атлас ва дар сар токии зардуз дошт акнун аввалин бор дида ошики хусну чамолаш ва забони ширинаш шуд ва то рафтани Суман худаш аз зинахо поён мерафту лекин чашмонаш гаштаву баргашта ба боло ба суи Суман нигох мекарданд!Бехруз Суманро дида алангае аз чашмону аз дилаш баромаду мухаббатеро аз чашмони Суман эхсос кард!
Суман бошад ба хонаи муаллимон мерафту вокеъаи чашм ба чашм шуданаш бо Бехруз аз назараш дур намешуд.чи гуна чавони хушкаду комат бо эхтиёт гулдастаро гирифта бо узр дароз карданаш пеши назараш меистод! Ин вокеъаи ачоибе буд ва Ин аввалин ишки онхо буд.ки бо як нигох ба хам ошик шуда буданд!Он вактхо Суман дар синфи 8 мехонду Бехруз дар синфи 10.
Бехруз акнун аз байни духтарони синфи 8 Суманро мечусту бо ишорае ишки худро мегуфт ва Суман низ ин ишкро эхсос мекарду сарашро хам карда шармгин мешуд.Бехруз аз вохурданаш бо Суман хурсанд буд ва дар дил ишки Суманро мепарварид.
Суман бошад акнун ошики Бехруз буд ва аз Худо ишки уро металабид. ва аз диданаш дар мактаб дар байни писарони синфи 10 шод мешуд.
Онхо харду хам дар мактаб аз талабагони аълохон буда дар махфилхои мактаби аз тарафи синфашон бо рохбарии муаллимон баромад мекарданд.ва дар олимпиадахои байнимактаби низ иштирок мекарданд онхо якдигарро танхо дар хамин вактхо бо якдигар вомехурданд ва баъзан бо хам салом алек мекарданд дигар сухане намегуфтанд.Хамин тавр харду ошики якдигар буданд.Бехруз синфи 11 шуд ва Суман бошад дар синфи 9 буд Суман бисёр вакт фикри Бехрузро дошт ки у синфи 11-ро тамом карда меравад ва Суман уро дигар намебинад.Бехруз низ дар хамин фикру хаёл буда чанд маротиба хост раками телефонашро бидихад то дар тамос бошанд аммо Суман метарсид ва шарм медошт.ки чи гуна бо Бехруз бо тел гап мезанад!
Инак занги охир барои Бехруз буду Суман бошад дарун дарун месухт.ки Бехруз боз ба ягон донишгох меравад ва Суманро фаромуш карда бо ягон духтараки дигаре ошик мешавад! Чунин хам шуд.
Инак рузи занги охир расид ва дар хакикат хам Бехруз ба Душанбе рафтани буд.Аммо дар дилаш ишки Суманро бо худ бурдани.Баъди он ки синфи 11 барои хайру хуш бо мактаб ва хаммактабонашон дар сахни мактаб бо навиштачоти хатмкунандагон як як бо навбат баромада ба як саф меистоданд. Суман гох гох ба Бехруз менигарист ва Бехруз бошад нигохи Суманро пай бурда мефахмид.ки Суман гамгин аст.ки у мактабро хатм карда меравад.баъди чамъомад хост бо Суман сухане гуяд ё раками тел бидихад аммо Суман шарм дошта уро гуш надод.Рузи дигар Бехруз ба дасти дигар одам мактуб нависта фиристод !!!Суман мактубро кушода хонд!
"Азизи дилам ман аз як нигох ба ту ошик шудам 2 сол боз туро ман дуст медорам амо ту боши бо ман гап намезани ман ба шахри Душанбе хондани меравам ...чону дили ман маро интизор шав ман туро аз самими калбам дуст медорам мехохам бо ту тамоми умр бошам!!!".Вакте, ки ин номаро Суман хонд аз чашмонаш ашки шоди мерехт, зеро аз худо факат ишки уро металабид.Ин буд ки имруз Бехруз барояш мактуби ошиконаро бо талаби як умр якчо буданро хостаасту акнун метавонад бо дили тахт бошад.ки Бехруз танхо уро дуст медорад!!!
Баъди он.ки имтихонхои мактабро ба охир расониданд маълум гашт.ки Бехруз хуччатхояшро ба яке аз донишгоххои Душанбе супоридааст!
Акнун Бнхруз 1курс буд. Суман синфи 10 гузашт фикру хаёлаш танхо ба дарс буд хело мехост донишчу гардад.Суман акнун дар мактаб Бехрузро намедиду танхо рузхои иду айём вакте аз Душанбе меомад аз куча гузашта рафтанашро медиду халос!
Хамин тавр Суман синфи 11 ро ба охир расонид ва дар рузи занги охираш Бехруз бо дасти чиянаш як дастагули зебоеро тухфа кард!Вакте Суман гулдастаро гирифта буй кард ва боз хамон манзараи вохурии чашм ба чашм шуданашон бо Бехруз ба хотираш омаду бо табассум ба дил мегуфт:Ин дастагул маънои онро дорад.ки мо чи гуна вохурдем ...ошики якдигар шудем.. ва ин маънои онро дорад.ки ман туро фаромуш накардаам ва ту низ дар хотир бидор гуфтанияш бошад. Суман гулдастаро гаштаву баргашта буй мекард ва нигох мекард.Ва ба дил гуфт:Ман хеч гох Бехрузамро аз хотир намебарорам ман як дил дорам ва дар он танхо ту чой дори ин ишки аввалу охирини ман аст.!!!
Суман имтихонхояшро супорид ва падараш уро ба донишгох ба медколечи шахри Кулоб оварданд ва хучатхоро супориданд.Суман аз имтихонхо гузашт ва донишчу шуданаш хело хурсанд буд барои он.ки хостгорхо бисёр меомаданд.Зеро агар намесупорид уро ба шавхар медоданд.
Акнун Суман дар курси 1 ва Бехруз дар курси 3 буданд.
Суманро як хамкурсаш дуст дошта мемонаду хело мехохад бо у муносибат дошта бошад аммо Суман танхо донишгох ва хона мерафт ва бо касе гап намезад ва он хамкурсашро низ рад мекунад!Хамкурси Суман пеши рохашро гирифта хираги карда мехохад дили Суманро ёбад аммо Суман уро дашном дода шарманда мекунад.Аз ин алами хамкурас омада гапхои бардуругу бофтаро овоза мекунад.ки гуё онхо бо хам хамгап мешудаанду дусти доранд.Ин суханхо то ба гуши Бехруз мерасад!
Бехруз бо кахр ба Кулоб меояд ва рохи Суманро интизор мешавад.
Суман вакте аз медколеч баромада суи хона мерафт дар рохаш Бехрузро дида шах шуда мемонад.хатто боварияш намеояд.ки ин Бехруз аст.Аммо Бехруз таъби хира дошту гуфт::Суман ин чи кори кардагиат чаро ба ишки ман хок пошиди ё гумон карди ки ман намефахмам ?Чаро бо ман гап намезаниву бо он хамкурсат тавонисти дусти бикуни?Агар ман макулат набошам чаро инро руйи рост нагуфти?Ман чор сол боз дар ишки туву дар фикри туям !!!
Суманро оби дидааш пур шуду чавоб дод::Ман бо касе дусти надорам ин гапхо дуруг аст ман низ шуморо аз рузи диданам дуст доштаам ва танхо ишки Шуморо дар дил чой додаам ва он абади мебошад.!ва ашк аз чашмонаш чори шуданд.Дар хамин лахза хатто хост.ки аз колеч хам баромада равад ё рафта танбехи хамкурси дуруггуяшро бидихад!
Бехруз.дид.ки Суман аз сидки дил ва аввалин маротиба ба Бехруз ошик буданашро ошкор кард ва ашки чашмонаш инро дарак медоданд. ба Суман бовар карду боз харду ба ишки худ содик монданд.Бехруз ба Душанбе баргашт ва Суман бошад дарсро давом медод.
Соли нав шуд Суман деха омад Бехруз хам омад харду якдигарро дар куча дида монданд.Суман чунон хурсанд буд ки аз хурсанди чашмонаш медурахшиданд ва маълум буд.ки хело ёд кардаву пазмони дидор шудааст.Охиста салом дод ва Бехруз чавоби салом кард.
Бехруз хам аз дидораш хело шод буду аз чашмони Суман ишки самимиро эхсос мекард.Бехруз бо табассум ба Суман нигох карда гуфт маро интизор бош азизи дилам ман туро дуст медорам!Суман шарм дошту сарашро хам карда табассум карду давида рафт!
Онхо боз хар дуяшон ба донишгоххояшон баргаштанд.Суман суханхои Бехрузро ба ёдаш меоварду
ба хаёлхои ширин мерафт!Бехрузро акнун тез тез ёд мекард ва хело мехост уро бубинад.
Бехруз бошад аз суханхои гуфтааш ба Суманро пеши назар меовард.ки чи гуна аз гуфтааш Суман рухсорааш сурх шуданду шармгинона сарашро хам карда давида рафт!Духтараки шармгину ягона ишки авалину охирини ман мегуфт ба дил Бехруз!
Хамин тавр баъди курси якум Суман дар деха ба таътил омаду Бехруз низ аз Душанбе омада буд.Мохи шарифи Рамазон буд ва хар шом Суман аз тиреза ба таробех гузаштани Бехрузро медид ва шод мегашт.Азизу мехрубон ва мухаббати аввалину охиринашро дида чашмонаш медурахшиданд.
Бехруз як руз ногахон хостгор фиристод ва падару модари Суман розиги доданд.Хостгорхо низ ваъда кардаанд.ки садди хониши Суман намегарданд ва метавонад донишашро давом бидихад!Суман аз ин рузи хурсанди ба куртааш намегунчид хурсандиашро хадду канор набуд.Зеро касе аз ошик будани онхо ба якдигар гайр аз Аллох каси дигар намедонист ва харду низ аз Аллох ишки якдигарро металабиданду якчоя буданро имруз бошад ба максадашон расиданд.!
Акнун харду фотеха шуда буданд!Мохи сентябр шуду ба дарс рафтанд як шаб ракамхои Суманро ёфта Бехруз занг зад ин занги аввалину охирини Беxруз буд...
(давом дорад)давомаш дар хамин гурух!!!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев