РАФТ, ДИГАР Ӯ НАМЕОЯД (Дар сӯги раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло) Раҳбари мо рафт, сарсону парешонем мо, Дар чӣ ҳоле дар миёни роҳ мемонем мо. Марди донову накӯву хоксоре буд ӯ, Кӯр мегардем агар қадраш намедонем мо. Буд ӯ ҳамрози миллат, дар дилаш имон, ки дошт, Бо дили садпора ин дам зору пазмонем мо. Дар намозаш аз Худо мехост ободии мо, Ки кунун аз дурияш пурдарду армонем мо. Рафт, дигар ӯ намеояд, ки бошад ҳамнишин, Ҳамнишини дарди талху ашки сӯзонем мо. Ту машав мафтуни даҳри бевафо, Мафтуни мо, То қиёмат чунки побарҷо намемонем мо. 11.12.2022 Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун
СӮГНОМА ДАР МАРГИ НОБАҲАНГОМИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО Ту рафтиву садоқати ту бар Ватан бимонд, Булбул зи боғ рафтаву холӣ чаман бимонд. Ту роҳбар будиву будӣ хоксор беш, Эй марди номдор, тиҳӣ анҷуман бимонд. Эй садри остони Ватан, ҳомии сухан, Ин хоку сарзамину чаман бе сухан бимонд. Будӣ ту чун рафиқу бародар, чу додаре, Во ҳасрато, ки меҳри Ватан дар кафан бимонд. Ёрӣ бикардӣ бар ҳама мазлуму бенаво, Ёди ту рӯи барги гули ёсуман бимонд. Мафтун, чӣ дардҳо, ки кашидӣ ба ёди дӯст, Нӯги қалам шикаставу ашки сухан бимонд. 10.12.2022 Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун
УНВОН МУБОРАК БОД, МУАЛЛИМАИ АЗИЗ! (Ба муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат) Ба ту, эй Анзурат, унвон муборак! Сарфарозӣ бари ёрон муборак! Биёяд хуррамӣ бо амри қисмат, Бароят ҳадя аз Раҳмон муборак! *** Муборак сарфарозӣ, Анзуратхон! Ту донову банозӣ, Анзуратхон! Забони модарият софу дилкаш, Дақиқӣ дар риёзӣ, Анзуратхон! Гирифтӣ ҷойиза, бодо муборак! Ба заҳмат, на ба бозӣ Анзуратхон! Ҳамеша гурдаи мардона дорӣ, Заниву корсозӣ, Анзуратхон! Худойи меҳрубони поки Акбар, Бибошад аз ту розӣ, Анзуратхон! Зи Мафтун ҳадя як шеъри таре гашт, Зи дил, чун дилнавозӣ, Анзуратхон! 25-08-2022 23:55 Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Ҷон додану дил сӯхтанӣ дорад ишқ, Сад машъала афрӯхтанӣ дорад ишқ. Чоки дили дилдодаи афтодаи худро Бо тири нигаҳ дӯхтанӣ дорад ишқ. МАФТУН
  • Класс
Ба зери хок агар хобӣ бидонӣ, Ки ту ҳам ҷониби инҷо равонӣ. Ба дунё дил мабанду дил нагирён, Надонад марг пирӣ ё ҷавонӣ. МАФТУН
  • Класс
Ман ҳамчу ғарибу зору ҳайрони туям, Ошиқ ба ҷамолу ҳусни тобони туям. Бе ту ҳама шаб, тамоми рӯз, эй дилбар, Ошуфта чу кокули парешони туям. МАФТУН
ҒАЗАЛИ ОХИРИН (Пӯзиш аз пайвандон) Шуморо лаҳзае гар додаам озор, мебахшед, Азизони қарини дил, маро инбор мебахшед. Аё модар, агар боре шикастам қалби покатро, Гуноҳамро чӣ сон шӯям, бо такрор мебахшед. Падарҷонам, сутуни хонаю неруи фарзандон, Маро гар иштибоҳе буд дар гуфтор, мебахшед. Бародар, эй ки баҳрам меҳрубону ҷонфидо ҳастӣ, Ба тақсироти худ ман мешавам иқрор, мебахшед. Фидо ҷони ширинам бар шумо, эй дӯстони ман, Агар номеҳрубонӣ кардаам бисёр, мебахшед. Канорам гарчи ҳастӣ ҳамсари мушфиқу ғамхорам, Нагардондам ҷавоби меҳрат, эй дилдор, мебахшед. Писар, ту меваи боғи ҳаёти Мафтуни дилсӯз, Дами дар гар даме биншастӣ чашми чор, мебахшед. Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
ПАДАР (Ғазали дархостӣ) Рафт давроне, ки бо ман кардӣ ғамхорӣ, падар, Дарс мегуфтӣ ба моён аз накӯкорӣ, падар. Беҳтарин устод будӣ баҳри мо дар зиндагӣ, Ғайри ҳикмат лаб набикшодӣ ба гуфторе, падар. Зиндагӣ гарчи туро бар кӯйи маъюбӣ нишонд, Азми ту бар ҷой буд дар вақти беморӣ, падар. Дарси ту мушкилкушо будаст, ман ҳамроҳи ту Дар ҳаёти худ надидам роҳи душворе, падар. Ҳам зи рафтору зи гуфтори ту ман омӯхтам, Некбинӣ, некхоҳӣ, некрафторӣ, падар. Бо дуоят қуллаҳои бахтро тай кардаам, Ман надидам дар ҳаёти худ зи ту хорӣ, падар. Дар миёни дӯстону дар миёни душманон, Орзу дорам, ки бошам номбардоре, падар. Дӯстон, қадри падар донед, андар зиндагӣ, Баҳри мо дидаст дарду ранҷи бисёре,
  • Класс
Показать ещё