Худои Мутаол дар ояти 73 сураи Анбиё мефармояд:
أعوذ بالله من الشیطان الرجیم
Аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
وَ جَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا وَ أَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ وَ إِقَامَ الصَّلَاةِ وَ إِيتَاءَ الزَّكَاةِ ۖ وَ كَانُوا لَنَا عَابِدِينَ
Ва онҳоро пешвои мардум гардондем то (халқро) ба фармони мо ҳидоят кунанд ва равиши анҷом додани корҳои нек ва ба хусус барпо доштани намоз ва адои закотро ба онҳо ваҳй кардем ва онҳо ҳам ба ибодати мо пардохтанд.
Паёмҳое, ки аз ин оят меомӯзем:
1. Худомеҳвар бошем. Худованди олим ва ҳаким Паёмбар ва имому пешвои мардумро таъин мекунад, то мардумро бо фармони Худо ва бар асоси қонун Худо ҳидоят кунанд. Пас пешвоёни илоҳӣ пешвоёни нур ҳастанд ва ғайри ин пешвои нор. Дин барои идора ва танзими дунёи мардум омадааст то онҳоро бо барномаи дуруст ба сӯи саодат ҳидоят кунад.
2. Ба меъёрҳо диққат кунем. Худованд равиши анҷоми тамоми корҳои хайр ба хусус барпо доштан намозро, ки робита бо Худо ва адои закотро, ки робита бо халқи Худост ба пешвоёни ҳидоят ваҳй кардааст, аз ин рӯ пешвоёни ҳидоят бар асоси фармон ва барномаи Худо мардумро ба саодат мебаранд на аз рӯи салиқаи шахсии худ ва бандаи ҳақиқии Худованд ҳастанд. Қуръони Карим барномаи муъминро танзим ва меъёрҳоро баён карда ва роҳи узр боқӣ нагузоштааст.
3. Дар амал пешқадам бошем. Пешвоёни илоҳӣ ҳеҷ гоҳ аз доираи бандагии Худо берун намераванд ва бандагии Худоро ба мардум ба сурати амалӣ нишон медиҳанд. Саодат танҳо дар бандагии Худост ва бақияи роҳҳо гумроҳӣ аст. Барои анҷоми дурусти бандагӣ ва пайравии пешвоёни нур ва дар амон мондан аз шарри шайтонҳои инсонӣ ва ҷиннӣ фақат бояд ба Худо паноҳ барем ва ӯ доно, шунаво ва фарзонаву тавоност.
Худоё, моро пайрави пешвоёни нур ва бархурдор аз саодати дунё ва охират гардон!
С. Муҳаммадамин
13 май 2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1