Мazkhab М

Ҳусайни ташналаб мегуфт, Кавсарро намебинам, Аҷаб шӯру аҷаб ғавғост, маҳшарро намебинам. Ки муҳтоҷам ба дашти Карбало бар қатраи обе, Даҳан хушк аз ҳарорат шуд, лаби тарро намебинам....

Мazkhab М

Ассалом, эй ғунчаи садбарги хандон, ассалом, Ассалом, эй марҳами дарди ғарибон, ассалом. Ҳамчу барги бед меларзам зи қаҳру бими ту, Ҳамдуллилаҳ шуд падид абёзи дандон, ассалом.

Мazkhab М

Хушк мегардад ба фардо ин забон аз ташнагӣ, Мебарояд аз даҳони кас забон аз ташнагӣ. Рух бигардонад, қади найза фарояд офтоб, Мезанад фарёд ҳар пиру ҷавон аз ташнагӣ.....

Мazkhab М

Соқиё маст ба каф ҷоми шароб омадаӣ, Хайра мақдам, ки ба ҳангоми шубоб омадаӣ. Эй тағофул ту чаро тӯшаи фардо накунӣ? Ё магар аз ҷиҳатӣ хурдану хоб омадаӣ? Аз бари роҳати тан халқ накардаст туро, Балки бо бандагиву кори савоб омадаӣ.....

Мazkhab М

Бо умедам, вале аз номи Қаҳҳори ту метарсам, Ки ҷӯёи ризоам, ман зи озори ту метарсам. Зи кӯи Қоф чандин ҳисса афзун аст исёнам, Ба рӯзи “Ҳал мазид” аз гулхани нори ту метарсам....
Показать ещё