НУҚТАИ ҚАБУЛ ВА ТАҚДИМИ САРУ ЛИБОСҲОИ РОЙГОН Ё ХУД МАҒОЗАИ "МЕҲРУБОНӢ" БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки "Дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону бепарасторон, беморон, камбизоатону маъюбон ва пирону барҷомондагон яке аз фазилатҳои хуби инсонист" Маҳз бо такя ба дастури супориш ва роҳнамоиҳои Сарвари давлатамон ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" тӯли се сол инҷониб ба ниёзмандон кӯмакҳои амалии худро расонида истодааст. Бо дастгирии роҳбарияти маркази савдои "ЗАРРИНА" дар ошёнаи сеюм (паҳлуи чапи маркази савдои ПАЙВАНД) нуқтаи
ИҚДОМИ НАҶИБИ БОНКИ "ИМОН-ИНТЕРНЕШНЛ" ШОЁНИ ДАСТГИРИСТ Тӯли чанд моҳ аст, ки гуруҳи ҷавонони ташаббусскору хайрхоҳ аз пайи ташкили ғояи нави кӯмакрасонӣ ба ашхоси ниёзманд яъне ташкили ҷевони хӯрока дар мағозаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр буданд. Имрӯз ин ормон амалӣ гашт. Ташкили "Яхдони меҳрубонӣ" дар маркази шаҳр бо ташаббусси роҳбарият ва кормандони филиали бонки "Имон-интернешнл"назди бинои маъмурии бонк гузошта шуд! Бе шубҳа гуфта метавонам,ки ин амали нек ва инсондӯстонаи Роҳбари филиали бонки "Имон-интернешнл" дар шаҳри Исфара марди саховатманд Абдуваққос Фаязов мебошад, ки якҷо бо кормандони худ ташаббусс нишон дода ташкил намуданд. Дӯстони азиз! Ин иқдоми некро дастгирӣ менамоем! Т
ТАҚДИМИ ЧОР АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН АЗ ҶОНИБИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ КӮЛКАНДӢ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону бепарасторон, беморону маъюбон ва пирону барҷомондагон яке аз фазилатҳои хуби инсонист. Ҳар яки моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар самти дастгирии ниёзмандон сармашқи кори худ намуда, ҳамеша ба ниёзмандон дасти мадади худро дареғ надорем. Дар ин радиф бо саҳмгузории гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии Кӯлкандӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия фаъолият доранд, имрӯз 4 адад ароб
ҶАЛАСАИ ҶАМБАСТӢ Санаи 09.01.2021 дар қароргоҳи ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" бо иштироки 21 нафар волонтёрону аъзоёни ташкилот бахшида ба ҷамбасти фаъолияти солонаи 2020 Маҷлиси умумӣ баргузор гардид. Нахуст иштирокдорони Ҷаласа рӯзномаи Маҷлисро ки аз 5 масъала иборат буд ва котиботи Маҷлисро дар ҳайати Савриддинов Анварҷон ва Муссоев Меҳриллохон тасдиқ ва интихоб намуданд. Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис ҳисоботи раиси ташкилот шунида шуд. Дар ҳисоботи раиси ташкилот Раҳматулло Раҳимбоев аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2020 ташкилот аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои қуттиҳои хайриявии ташкилот, ки дар 47 нуқтаҳои савдову хизматрасониҳои шаҳр гузошта шудааст, инчунин аз ҳисоби
ТӮҲФАИ ПУРАРЗИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ      Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ-Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз соли 2010-ум санаи 05-уми октябр дар мамлакатамон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" бахшида ба рӯзи 5-уми октябр рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва баланд бардоштани сатҳи донистани забони давлатӣ байни аҳолии гуногунмиллати ҷамоати шаҳраки Нурафшон ба китобхонаи МТМУ9 ва китобхонаи ҷамоати мазкур 100 адад китоби бадеӣ "Гулистон" ва "Бӯстон"-и Саъдии Шерозӣ тӯҳфа карда шуд. Ёдовар мешавем, ки ин тӯҳфа аз ҳисоби
Показать ещё