Аз пироҳани мухлитон бо акси президент то парчамдории Сомон ва ҳунарманамоии Фаррух.
Рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2024" бо як нишони нуқраи Беҳрӯз Хоҷазода ҷамъбаст гардид.
Хабарнигори @Sputnik_Tajikistan беҳтарин аксҳо аз рӯзи дуюми мусобиқа барои ҳамвандони мо сабт намуд.
Беҳрӯз Хоҷазода медали нуқраи "Dushanbe Grand Slam 2024" -ро ба даст овард.
Бо ҳамин натиҷа рӯзи дуввуми ин мусобиқа барои ҷудокрони тоҷик анҷом ёфт.
Муомилоти моли чакана дар мамлакатҳои ИИАО дар давоми сол 6% афзуд.
Русия баландтарин нишондиҳанда дорад.
Муфассалтар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan бубинед.
Русия содироти шакар ба кишварҳои дигарро қатъ мекунад.
Девони вазирон хабар дод, ки мамнӯъият то 31 август идома мекунад.
Ҳамзамон, таҳвили маҳсулот дар баъзе ҳаҷмҳо ба кишварҳои ИИАО идома хоҳад ёфт.
Бояд гуфт Тоҷикистон шакарро асосан аз Русия харидорӣ мекунад.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” ифтитоҳ гардид.
Аз ин намоиш сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев низ боздид кард.
Ӯ зимни суханронӣ зикр намуд, ки халқи тоҷик дар замони ҷанг гурезаҳоро аз тамоми гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ қабул мекард.
“Халқи тоҷик шуҷоату қаҳрамонӣ нишон дода, дар фронт ҳамроҳи намояндагони ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили душман меҷангид ва дар ақибгоҳ меҳнат мекард”, - афзуд сафир.
Дипломати рус ҳамзамон ба кишвардори Тоҷикистон барои ғамхории доимӣ дар ҳаққи куҳансарбозон изҳори миннатдорӣ кард.
Беҳрӯз ба финал баромад.
Дар даври нимниҳоӣ Хоҷазода аз ҷудокори ӯзбек Муҳаммад Ҷумаев дастболо шуд ва ба финал роҳхат гирифт.
00:45
Беҳруз финал
175 просмотров
  • Класс
Ба шарофати фаъолияти фаврии хадамоти махсуси Русия ва Тоҷикистон имкон пайдо шуд, ки афроди даст доштан дар ҳамлаи террористии Крокус ошкор карда шаванд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар ин бора ёдовар шуд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки чораҳои зиддитеррористӣ дар Русия алайҳи миллат ё дини мушаххас нигаронида нашудааст.
Беҳрӯз бо шикаст додани ҳарифи муғулаш ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври нимниҳоӣ Беҳрӯз бо ҷудокори ӯзбекистонӣ нерӯ месанҷад.
00:24
Беҳрӯз
107 просмотров
  • Класс
Беҳрӯз Хоҷазода ба даври сеюм роҳ ёфт.
Ҷудокори тоҷик дар даври аввал озод буд ва рақобаташ аз даври дуюм шурӯъ шуд.
Ӯ ҳарифи баҳрайнии худ Биаслан Блимгатов шикаст дод ва роҳашро ба даври навбатӣ ҳамвор кард.
00:24
Беҳрӯз
66 просмотров
Саъдулло Раҳмимов, фарҳангшинос ва киношиноси машҳури тоҷик даргузашт.
Дар ин бора яке аз шогирдони марҳум ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод.
"Устод тайи ҳафтаи ахир дар беморхонаи Қарияи боло табобат мегирифту ахиранд ҷарроҳи шуданду вазъашон каме нохуб буд. Бомдоди имрӯз хабар расид, ки фавтидаанд",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Раҳимовро дар қабристони “Каленин” дафн хоҳанд кард.
Показать ещё