Ман аз ҳамсояам хостам то он дарахтро ба ман гузорад то деворам каҷ наояд, напазируфт, аз ў хостам то онро ба ман бифурушад, напазируфт».Паёмбари Худо ҳамсояи ятимро ба наздаш хонд ва барояш шикваи ятимро гуфт. Мард гуфт: бале, ҳамон гуна аст, ки ў мегўяд.Паёмбари Худо аз мард хост то он дарахтро ба ихтиёри ятим гузорад ва ё онро барояш бифурушад. Мард аз фурухтани он дарахт даст кашид, боз Паёмбари Худо ба ў гуфт: «Дарахтро ба ў бифурўш ва барои ту дар ҷаннат дарахте аз хурмо хоҳад буд, ки савора дар сояи он сад сол роҳ меравад» мард, ки ба моли дунё бисёр тамаъ дошт боз ҳам напазируфт. Яке аз ёрони гиромии Паёмбари Худо, ки ўро Абудаҳдоҳ мегўфтанд дар он лаҳза даромад ва аз ин кор огаҳ гардид, ба Паёмбари Худо (с) гуфт: агар ман он дарахтро бихарам ва ба ихтиёри ин навҷавон гузорам оё бароям дарахте дар биҳишт хоҳад буд?Паёмбари Худо гуфт: бале.Абудаҳдоҳ ба мард гуфт: оё боғи маро медони?Мард гуфт: бале, кист дар Мадина, ки боғи туро надонад, ҳатто медонам, ки дар боғи ту шашсад дарахти хурмо ва миёни он қаср ва чоҳи оби ширине вуҷуд дорад ва атрофи он бо девори баланде маҳкам карда шудааст.Ҳар сол тоҷирони Мадина барои харидани хурмоҳои боғи Абудаҳдоҳ мешитобиданд.Абудаҳдоҳ гуфт: пас биё дарахтатро дар муқобили ин боғам ва бо ҳама ҳастиҳояш бифурўш.Мард ҳайратзада ба тарафи Паёмбари Худо (с) менигарист ва аз шунидани ин гуна савдо ҳеҷ бовараш намеомад, чи гуна чунин боғи бузург бо ҳама қасру деворҳои баланд ва дарахтони зиёдаш ба як дарахти хурмо фурўхта мешавад?Абудаҳдоҳ гуфт ман ин боғро дар муқобили он дарахти биҳишт ҳеҷ мешуморам.Мард дар ҳузури Паёмбари Худо ва дигар саҳобагон савдоро пазируфт ва Абудаҳдоҳ хушҳолу дилгарм ба тарафи Паёмбари Худо гашт ва гуфт: оё барои ман дар биҳишт дарахте хоҳад буд?Паёмбари Худо (с) гуфт: «не»Абудаҳдоҳ аз посухи Паёмбари Худо рангпаридаву ҳайратзада шуд, Паёмбари Худо (с) суханашро идома дода гуфт, ки Худо дар муқобили он дарахт дарахте дар ҷаннат арза намуд ва аммо ту эй Абудаҳдоҳ дар муқобили карами Худо ҳамаи боғатро гузошти ва Худо, ки карим аст ин каромати туро ба дарахте не балки ба боғҳое аз хурмо дар ҷаннат мубаддал гардонид, ки аз шумурдани онҳо оҷизи.Паёмбари Худо такрор ба такрор мегуфт: «чи қадар аст мадоҳ[1] барои Абудаҳдоҳ».Ҳама ёрони Паёмбари Худо, ки онҷо нишаста буданд орзу мекарданд, ки эй кош Абудаҳдоҳ мебуданд.Абудаҳдоҳ ба хонааш баргашт ва ҳамсарашро ба наздаш хонд ва гуфт: «Ман боғ, қаср, ва чоҳу деворҳоро фурўхтам»Ҳамсараш, ки аз таҷрубаи тиҷории шавҳараш бо хабар буд, гуфт: бо чи қимате онро фурухти?Абудаҳдоҳ гуфт: «ба дарахте дар биҳишт, ки савора дар соягии он сад сол роҳ меравад»Ҳамсараш хушҳолона гуфт: Абудаҳдоҳ дар савдояш судманд шуд- Абудаҳдоҳ дар савдояш судманд шуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1