САЙРИ ГУЛҲО Биё эй дӯст равем сайри гулистон , Бичинем даста аз гулҳои бӯстон. Сапеду дилкаш аст зебо нилуфар, Набошад кам зи ӯ ҳусни санавбар. Бубин ,эй дӯст, дар ин субҳи дурахшон, Чӣ раънову чаманоро гулафшон. Туро ояд писанд бӯи гули шом , Маро дидан хуш аст ,рӯи намошом. Аҷаб зебогие дорад сияҳгӯш, Ки аз бӯи хушаш ман масту сархӯш . Гули гул ёсуман, эй ёри ҷонон, Гули бахту умед садбаргу марҷон. Бароят ҳадя месозам чаман гул, Бунафша , настаран , ҳам ғунча сунбул . Туро дил хӯш бувад аз бӯи райҳон, Вале ман ошиқам "ошиқи печон". Дилам Мафтуни рӯи гулрухон шуд, Барошон сабзагулҳо армуғон шуд. Ба боғи пургулам дар хоби равшан, Намо ранҷи қадам эй гӯри гулшан. Музаффар қисса аз гулҳ
САЙРИ ГУЛҲО Биё эй дӯст равем сайри гулистон , Бичинем даста аз гулҳои бӯстон. Сапеду дилкаш аст зебо нилуфар, Набошад кам зи ӯ ҳусни санавбар. Бубин ,эй дӯст, дар ин субҳи дурахшон, Чӣ раънову чаманоро гулафшон. Туро ояд писанд бӯи гули шом , Маро дидан хуш аст ,рӯи намошом. Аҷаб зебогие дорад сияҳгӯш, Ки аз бӯи хушаш ман масту сархӯш . Гули гул ёсуман, эй ёри ҷонон, Гули бахту умед садбаргу марҷон. Бароят ҳадя месозам чаман гул, Бунафша , настаран , ҳам ғунча сунбул . Туро дил хӯш бувад аз бӯи райҳон, Вале ман ошиқам "ошиқи печон". Дилам Мафтуни рӯи гулрухон шуд, Барошон сабзагулҳо армуғон шуд. Ба боғи пургулам дар хоби равшан, Намо ранҷи қадам эй гӯри гулшан. Музаффар қисса аз гулҳ
Панди хирадманд То нафас бошад ҳаёт дорад маром, Раҳсипорам тӯша бар дӯш вақти шом. Меравам боз манзили бегонае , Роҳи дурам ҳамчу дарё нотамом. Дар миёни мардумон гаштам басо, Ҳақро ҷустам зи ҳар як некном . Гуфт маҳфили сухан як ношинос , "Пок зӣ,аз покӣ монад , пок ном. Ҳар киро гар кор бувад ғоратгарӣ, Мешавад шарманда ӯ дар пеши ом. Андар бозори пуриакри ҳаёт, Покӣ андак дидаму бешро ҳаром". Эй хирадманд! Ин чӣ роз асту чӣ дард? Гуфт: " Ин аст фоли дунёи дудар . Мову ту як раҳгузар будему бас, Илм қимматтар бувад аз симу зар". Саҳифаи 22
Ҳунарманди кафшдӯз Ҳунармандо ,ҳалолат бод нони ту , Ки нури чашми худ резӣ ба нӯги сӯзани борик. Зи пушти он тиреза бингарӣ бар дидаи хуршед, Чӣ фолест ин сукути ту даруни кулбаи торик? Ҳунармандо ҳалолат бод нони ту, Ба ангуштони чолокат дилам шайдост. Ниёзу заҳмати шабҳои бехобат, Ҳама аз обилоти дасти ту пайдост . Ҳунармандо ҳалолат бод нони ту, Ки меёбӣ забон бо ҳар яке шоҳу гадои давр . Ҳавас ояд ба ширинии гуфтори хушк покат , Чӣ лутфе суфтаю зебо ба мисли навниҳоли савр . Ҳунармандо ҳалолат бод нони ту, Камар бастӣ ба ободиву мондӣ ту қаламро рост , Насиб гардад бароят бурдаи ҳар нони беминнат, Худованд аз азал гӯё чунин рӯзӣ насибат хост. Ҳунармандо ҳалолат бод нони т
Меҳри устод ... Меҳри устод дар дилам кам нест аз меҳри падар, Қиммати ӯ беназиру беш аз лаълу гузар. Файзи ҳар давру замон аз меҳнати дастони ӯст , Мо зи ӯ омӯхтем одамгарӣ ,илму ҳунар. Бо каломи хушзабонаш дарси маъниро бигуфт , Сӯямон бо меҳрубонӣ доимо кард ӯ назар . Ҳикмату андарзҳояш раҳнамои роҳи мост, Гуфтаҳояш бебаҳову беш аз ҳар симу зар: " Давлати одам ҳунар омӯхтану ақлу тамиз, Он,ки нодон пир гардад чун дарахти бесамар... Рӯзи бепарво гузашту зиндаги аз нав шукуфт , Шамс агар рафт аз дили рӯз ,розбони шаб қамар". Ору номуси муаллим пойдор умре ба дил, Ҳар чӣ бозёфтем аз ӯ мо, зиндагиро шуд самар. Саҳифаи 20.
Муҳаббати дил Дуст медорам шуморо одамон, Одамони хоксору меҳрубон. Дӯст медорам ҳама ёрони хеш, Дӯстони ҳамдилу ширинзабон. Ҳар чӣ бод дар рӯзгори бешу кам, Дӯст доред зиндагиро дӯстон. Андар дунёи пурдарду алам, Ғам нафармоед ба қалби модарон "Меҳрубонӣ" меҳрубони оварад " Мехрубон бошед ҳамеша хоҳарон, Гар сафар доред ,саҳар боло ба хайр, Аз падар фотиҳа бигред додарон. Дар канор як диёри кучаке, Ман нафас гирам миёни мардумон, Зиндаги бо ёру дӯстон хуш бувад, Зиндаам бо зиндадилҳои замон. "Ёде аз сабзаҳои сабз--- Саҳифаи 19
Нӯши ҷон..... Салом эй субҳи нав Салом эй субҳи нав , субҳи Дилафрӯз, Салом фасли гулу айёми Наврӯз. Ҳаме бедорам аз бедории дил, Салом хуршеди бахти оламафрӯз. Салом гунҷишкакони шохаи бед, Салом себаргаҳои нози худрӯй. Расонед ,мужда ҳар сӯй аз баҳорон, Ало кабкони хушовозу дилҷӯй. Шудам пазмони ту эй навбаҳорон , Шудам пазмон навои резаборон. Дар ин соат, ки бо орзӯи дерин, Шудам пазмон суруди "Ёр-ёрон." Ҳама шоданду ман шодона дил, Ҳама мастанду ман мастонаи дил. Ҳама боланд зи айёми гулу ишқ, Ҳама шоҳона ,ман шоҳонаи дил. Чӣ хуш ,бод кӯдакон шодон бимонанд, Ва умре бо лаби хандон ,бимонанд. Ба рӯи ин замини сабзу гулпӯш, Илоҳо доимо некон бимонанд. Биё ,хуш омади фасли гули н
Биё, эй руди ман Зарафшон аз раҳи дур омадӣ ту, Барои мо, зиҳӣ, нур омадӣ ту. Туро бар ин диёри бекарона , Ҳаме хонам зи дунёи фасона. Биёву хуш биё ,эй ҷони ҷонам , Бикун сарсабзу обод ин маконам. Шавад пайдо зи файзат боғу роғе, Намонад ,дар диле армону доғе. Ба роҳат чашми мардум чор буда, Барои дидани ту зор буда . Дар дашту дар кӯҳу биёбон, Агар пайдо шавад боғу гулистон. Нишоне гардад аз оби зулолат, Гувоҳи дода аз рушту камолат. Биё эй руди ман ,рӯди Зарафшон, Биёву бар сари мо зар биафшон. Ки гардад ,гулситон ин кӯю барзан, Ватанро зеб гардад , баргу гулшан. Саҳифаи 17
  • Класс
" Меҳрпайғом" Шукрона мегӯям ,бар ин Ватани азиз ,ки номаш Тоҷикистону ман дар оғӯши ӯ ҳоло нафас мегирам. Кӯҳҳо қатор -қатори осмонбӯс чашмаҳои софу сархуш ва дарёҳои шӯху замини ризқофараш илҳомбахши хомаам гаштаанд... Саҳифаи 14.. "Ба истиқболи ҷашни 80-солагии шаҳри Душанбе" Душанбе ҷони ҷонам ,хотироти неки армонам, Ба дил меҳри туро дорам ,чу меҳри модари ҷонам. Муборакбод мегӯям, зи шодӣ ҷашни фирӯзат, Муборак, тахти ободу муборак бахти пирӯзат. Макони аҳли дониш, шоъирони хушбаёни ту, Макони Айнӣ, Мирзо ,Лоиқи ширинзабони ту. Ба ёд орам ,хиёбонҳову он пайроҳабоғатро, Сафобахши саҳар, овози булбул , боғу роғатро. Агарчи рафтаам ҳарҷову дидам,ними олам ман, Нағунҷид бар ди
Показать ещё