Азизамро басо хушрӯй карданд.. Ӯро маҷбур дареғо тӯй карданд.. Гули парвардаи боғи диламро.. Рақибонам ба зӯрӣ бӯй карданд.. Ӯро бурданд ба суйи хонаи бахт.. Нишаст бо навҷавоне дар сари тахт.. Намурдам лек ба чашми хеш дидам.. Ки он рӯз буд барои ман басе сахт. Дилаш бо ман буду худ дар бари ӯ Маро мехосту лек шуд ҳамсари ӯ.. Чунин аст тақдиру қисмат азизон., Ки шуд маҳбубтаринам навкари ӯ.. Дигар ман тоб наёвардам гиристам.. Фузун шуд нолаю дардам гиристам
Тӯҳмати нолоиқӣ бар мо задӣ, рафтӣ, қабул, Аз пайи лоиқ бирав мо ҳам тамошоят кунем. تهمت نالایقی بر ما زدی رفتی قبول از پی لایق برو ماهم تماشایت کنیم
МЕДОНАД, КИ ҶОНАМ БА ҶОНАШ БАНД АСТ Медонад, ки ҷонам ба ҷонаш банд аст. Медонад, баъд аз ӯ дигар ошиқ намешавам ва танҳоиямро он қадар маҳкам бағал мегирам, то тамоми фазои холии зиндагиям пур шавад. Инҳоро медонад! Хеле чизҳои дигарро ҳам медонад, масалан, ҳамин, ки хеле вақтҳо барояш ноз меоварам ва қаҳрам воқеан, қаҳр нест ва дилам таваҷҷуҳе хос мехоҳад. Дилам фақат таваҷҷуҳи хосе мехоҳад в муҳите аз ҷинси ҳамоне, ки худам ба ӯ додам. Вале ман балад нестам, чӣ тавр инҳоро ба ӯ ҳолӣ кунам. Дилам рафторе аз ӯ мехоҳад, ки маълум кунад, дилтангам мешавад, дӯстам медорад ва рӯи ҳубоб хотира намесозам. Ӯ инҳоро медонад ва дар иваз ин ман ҳастам, ки хеле чизҳоро намедонам. Ман намедонам,
Рузе расад, ки куҳ бипурсад зи коҳ узр? Аз навкарони содиқи худ подшоҳ узр Доя барои сардии меҳраш зи тифлакон Қозӣ зи ҳукми оҷилаш аз бегуноҳ узр? Оё бувад ки қотили мошинсавори маст Пурсад шабе зи ғуссву андуҳу оҳ узр Рузе расад ки соҳиби кошонаҳои шаҳр Пурсад зи марди бекасу бесарпаноҳ узр Оё бувад ба хотири чашмони интизор Абри сиёҳҷурда бипурсад зи моҳ узр.. Бар қадри ҳар кӣ мо нариседем, маъзарат Ҳар миннате ки карда зи шаб то пагоҳ, узр Аз ҳар муқими шаҳр, ки дар асл бенавост Бигзашта гар надодаам пуле сиёҳ, узр Яъсе ба чашм дидаму таскин надодаш З-ӯ бардруғ ба дур фикандам нигоҳ, узр Гуше ки интизори шуниди сипос буд Нодида худ гирифта гузаштам зи роҳ, узр Наштофтам ба кумаки уфтода
Ту мехоҳи рави аз ман,бирав ёдад ба хайр бошад, Ту мехохи набиниям,бирав ёдат ба хайр бошад. То кай дунболагир созам туро дар ҷодаи ишкам, Ту бо дигар будан хохи,бирав ёдат ба хайр бошад. На арзидам на арзидам туро боре насанчидам, Ҳамоно бо дигар дидам,бирав ёдат ба хайр бошад. Ба дарду ранч по печон ду дида дам ба дам гирён, Ба ту лоиқ набудам ман,бирав ёдат ба хайр бошад. Ба оғӯши дигар ту ҷойю манзил ёфтиву рафти, Ба ту хурсанди мехохам,бирав ёдат ба хайр бошад. Кабутарвор ба парвоз шав ба осмон моху офтоб шав, Ба ҳар мушкил ту таёр шав,бирав ёдат ба хайр бошад. Зи ҷисми ним тану ним ҷон чиҳо карди чӣ мондӣ ҳеч, Ман аз дарду ситам мирам,бирав ёдат ба хайр бошад....
Дар даҳонам талх бе ту луқмаи ифтори ман, Роҳатафзо гашта ҷони хастаро афкори ман. Дар ғарибӣ ишқи покатро ба дил ҷо кардаам, Бод оё оварад пайки хуши рафтори ман? Ман ҳамеша ёди рӯю ёди мӯят мекунам, Дур аз Меҳан бигиряд хун ду чашми чори ман. Гарчи пиндорӣ, ки бас шоми ғарибон бесафост, Шӯълаафшон ҳамчу моҳӣ дар шабони тори ман. Менамоӣ лаҳзае андар канори орзу, Қалб нолад дар барам чун кӯдаки бемори ман. Қалби ман бе ту фигор аст, эй табиби дарди ман, Бо шитоб о, бар давои ин дили хуншори ман. Ҳар шабонгаҳ хома гирам бо хаёли рӯи ту, Дона - дона резад ашк аз дидаи бедори ман. Ту биёву ҷони Ман,ро зи дард озод кун, З-он,ки мебошӣ табиби ин дили бемори ман.
Дунё маталаб ки дар талаб мемири , Аз рӯз макун шиква, ки шаб мемирӣ. Бо оби дари хона қаноат бинамо, Дарё маталаб,ки ташналаб мемирӣ.
Показать ещё