Чун он бачаи фил заиф буд, ҳар чиқадар талош мекард, наметавонист худашро озод кунад. Вақте бачаи фил даст аз талош бардошт ва пазируфт, ки наметавонад худашро наҷот диҳад, риштаро боз карданду озодаш карданд...
Чанд сол баъд вақте он бачаи фил бузургу қавӣ шуд, дубора онро ба ҳамон дарахт бастанд...
Бо вуҷуди инки ҳоло фил ба осонӣ метавонист риштаро пораву худашро озод кунад, аммо ҳеҷ талоше барои озодӣ намекард...
Чун вақте дар бачагӣ бо ин мавқеият рӯбарӯ шуда буд ва бо вуҷуди талоши бисёр натавониста буд худашро наҷот диҳад, дучори дармондагӣ шуда ва ба ин бовар расида, ки наметавонад худашро наҷот диҳад...
Ин достон дар мавриди як бача фил буд, вале бисёре аз мо одамҳо ҳам мисли ин фил дар зиндагӣ часбидаем ба ин тарсу бовари ғайримантиқе, ки мо наметавонем коре анҷом диҳем чаро, ки мо қаблан як бор шикаст хӯрдем ва ин бовар монеаи ҳаракати мо ба самти пирӯзӣ дар зиндагист.
Худатонро ба як ҷаҳони кӯчак маҳдуд накунед. Марзҳои маҳдуди зеҳнӣ, тарсҳо ва боварҳои ғайримантиқии худатонро бишканед ва қаламрави зиндагиатонро вусъат бахшед.
Худатонро маҳдуд ба ин бовар накунед, ки шумо наметавонед дар зиндагӣ тағйире эҷод кунед. Фаромӯш накунед, ки оромиши хушбахтӣ ва муваффақияти шумо дар зиндагӣ дақиқан ба андозаи вусъати афкори шумост...
<<ХИРАД >>
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Яъне бояд ки пайваста дар талош бошем
Талошу ҳаракат ва кушишу ғайрат моро ба қуллаи мақсуд мерасонад.....ИншаАллоҳ