Аммо "Сэм Бартрам" дарвозабони Чарлтон 15 дақиқа пас аз таваққуфи бозӣ ҳамчунон даруни дарвоза буд!
Ба иллати сару садои зиёди пушти дарвозааш савти доварро нашунида буд.
Ӯ бо дастҳои кушода бо ҳавосси ҷамъ дар дарвоза мемонад ва бо диққат ба пеш нигоҳ мекунад то ба гумони худаш дар баробари шутҳои (зарбаҳои тез ва сахт) ҳариф ғофилгир нашавад.
Вақте 15 дақиқа баъд пулиси варзишгоҳ ба ӯ наздик шуд ва хабари лағви мусобиқаро ба ӯ дод Сэм Бартрам бо андӯҳе амиқ гуфт:
Чи ғамангез аст, ки дӯстонам маро фаромӯш карданд дар ҳоле ки ман доштам аз дарвозаи онҳо ҳиросат (посбонӣ) мекардам.
Дар тӯли ин муддат фикр мекардам тими мо дар ҳоли ҳамла аст ва ба тими рақиб маҷоли наздик шудан ба дарвозаи моро надода
Дар майдони зиндагӣ чи бисёр афроди дӯсту ошное ҳастанд, ки аз дарвозаи онҳо бо ғайрату ҳиммат ҳиросат кардем, аммо бо миҳолуд (абролуд, абрнок) шудани шароит дар ҳамон лаҳзаи аввал майдонро холӣ карда ва моро танҳо гузоштаанд.
"Ҳавоссмон ба дарвозабононе, ки дар зиндагии мо нақш доранд, бошад".
Базнашр аз гурӯҳи #Шрговадзамин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1