Бар сари онам, ки гар зи даст барояд,
Даст ба коре занам, ки ғусса сар ояд.
Хилвати дил нест, ҷои суҳбати аздод,
Дев чу берун равад, фаришта дар ояд.
Суҳбати ҳукком зулмати шаби ялдост,
Нур зи хуршед ҷуй, бӯ ки барояд.
Булбули ошиқ ту умр хоҳ, ки охир,
Боғ шавад сабзу шохагул ба бар ояд.
Ассалому алайкум....
Мезанад ҳалқа ба дар, субҳи дилафрӯзи умед ,
Дида бикшо насими хуш- исҳор расид .
Боз кун дар, меҳмон омада аз водии нур,
Дорад аз шодию лабханду гулу ишқ навид .
Марг яъне биравӣ то қадами охари ишқ ,
Ва бигӯянд бимон, васлататон қисмат нест.
Мисли як буғз, ки ҳангоми сафар мешиканад,
Дидани душмане аз дуст, камар мешиканад.
Гар аҷал ҳукм ба куштори дарахтон бидиҳад,
Ҳарчиро арра наяндохт, табар мешиканад.
Авҷи шақулқамар ин аст, ки ҳангоми видоъ,
Ҳарчи дар дасти қазо нест, қадар мешиканад.
Эй кӣ, аз кӯчаи маъшуқаи мо мегузарӣ,
Оқибат пои ту ҳангоми гузар мешиканад.
Бигзор одамҳо то метавонанд санг бошанд...
Муҳим ин аст, ки ту аз нажоди чашмаӣ, пас ҷорӣ бош !
Иҷоза надеҳ сангҳо монеъи ҳаракати ту шаванд.
Онҳоро бо навозишҳоят зара-зара хурд кун ва аз рӯи онҳо бо лабханд убур кун !
🌦️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️🌦️
Субҳ ба хайр !
🌦️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️☀️🌦️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 123