Пирамарде аз аҳли Яман чандин сол буд, ки аз модари пираш нигабҳони мекард. Рузе аз рузҳо бародари хурдиаш бо номи Ғолиб назди у омад ва гуфт:
- Бародарам, сину солат ба ҷое расидааст ва худ ниёз ба ин дори, ки касе аз ту парастори кунад. Бигузор модарамро ба хонаи худам барам ва худ аз у парастори кунам ва хизматашро ба ҷо орам. Аммо бародари бузургтар дар ҷавоб гуфт:
- Ҳаргиз. То замонеки зиндаам, ин фурсат яъне хизмат ба модарамро аз даст намедиҳам. Бародари хурди гуфт:
- Ман ба додгоҳ шикоят мебарам.
Вақтеки Ғолиб ба додгоҳ рафт ва аз бародараш дар ин хусус шикоят кард, ибтидо қози моту мабҳут монд ва сипас бародари калониро даъват кард ва ба онҳо машварат дод, ки бо ҳам ба тавофуқ оянд. Ҳамчунон қози ба бародари калони гуфт:
- Ту чанд сол аз модарат нигаҳбони кардаи, ҳоло бигузор бародарат ин корро идома диҳад. Аммо пирамард рози нашуд.
Дар охир қози гуфт:
- Мо наметавонем коре кунем. Бигузор модарро инҷо оваред, то худаш тасмим гирад.
Ҷаласаи баъди модарро ҳозир карданд. Қози аз у пурсид:
- Модарҷон, ҳоло дар ин масъала мехоҳем назари худи шуморо пурсем.
Модар гуфт:
- Ин ду писар нури чашмони ман ҳастанд, аммо писари калониам худ низ пир шудааст ва ниёз ба нигаҳбони дорад. Мехоҳам ҳамроҳи Ғолиб бошам.
Дар натиҷа додгоҳ ба нафъи бародари хурди яъне Ғолиб хулоса баровард. Бародари калони аз ин натиҷа сахт нороҳат буд ва аз шиддати гиряаш ришашт тар шуд ва ҳозиринро низ ба гиря оварда буд.
------------------------
Хидмати модар ба хотири ризои Худо ва шинохтани мақоми у буд, вагарна модараш ҳамаги 20 кило вазн дошт ва тамоми дороияш ҳамаги як ангуштарии миси буд.
Аз бародари кучактар мутааҷҷиб бошем, ки барои хидмат ба модараш то ба додгоҳ рафт. Ва ҳамчунин аз бародари бузург, ки инчунин ташнаи хидмати модар буд. Ин дар ҳолеки баъзе фарзандон барои халоси аз падару модар онҳоро ба хонаи солмандон мебаранд ё асло хабарашон намегиранд. .....(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2