Барбод меравад ҳамаи эътиқодҳо.
Афсӯс, пурнифоқ бувад иттифоқҳо,
Танҳоӣ аст анҷуману иттиҳодҳо.
Бутхона ҳеҷ, савмаа ҳеҷ асту оина,
Ҷое нарафтаанд бале, ин саводҳо.
Ғайр аз накуву бад чи бувад фарқи одамӣ
Ҳеҷ аст ҳеҷ тафриқаҳои нажодҳо.
Аз боғи осмон гули сурх оварам туро,
Дилбастаӣ ба сурати хокинамодҳо.
Мактаб надидаему ба ҷое намерасем,
Донистанӣ набуд шуморо ниҳодҳо.
Аз содагӣ ба чоҳ фитодему воаҷаб,
Дидам ҳасад ҳануз зи рӯбаҳнажодҳо
Ҷуз ишқ мансабеву мақоме нахостам,
Эй ишқ, марқади ту ,ба ёду ба ёдҳо.
Суди ту чист аз ҳама тақсиму тарҳ,гӯ,
Савдо нахостам зи камиву зиёдҳо.
Аз ёд бурдаем ки ҳастему аз куҷо,
Моро биёваред зи ғамҳо ба шодҳо.
Дунё кирои бад набувад гуфт момаам,
Аммо ҷавоби некӣ бадӣ, вою додҳо.
Дур аз ҳама гурез куну инзиво пазир,
Бовар макун ба шӯъбадаи эътимодҳо.
Оинаро зи сурати ёрон тиҳӣ намо,
Барбод рафтааст вафо, бурда бодҳо.
Ман бо вафову ишқ муҷозоти худ кунам,
Одам намондааст зи одамнажодҳо........(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев