Предыдущая публикация
Хушо, онон, ки дар гаҳвора мурданд,
Ки бӯе аз ғами дунё набурданд.
На дасте бар гӯнаҳ олуда карданд,
На қалберо бар одамҳо супурданд.
Хушо, онон , ки дунёро надиданд,
Ҳамон аввал ба оромиш расиданд.
На дил бастанд бар ин дунёи фонӣ,
На дарду ранҷи бепӯли кашиданд.
Надиданд кинаеро дар нигоҳе,
Науфтоданд ба доми як гӯноҳе.
Нахӯрданд моли мардумро ба ноҳақ,
На кӯҳеро заданд бар ҷои коҳе.
Хушо, онон, ки поку содда рафтанд,
Бидуни иддао уфтода рафтанд.
На дил бастанд, на қалберо шикастанд,
Бидуни дарду бе дилдода рафтанд.
АЗ АШЪОРИ ФОРСУ ТОҶИК
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1