Рӯзе гурӯҳе аз ғори торик убур мекарданд. Ҳеҷ чиз маълум набуд. Каме пештар зери пойҳояшон сангҳои мухталифе эҳсос мекарданд. Дар ин лаҳза сардорашон гуфт:
- Инҳо санги ҳасрат ҳастанд, ҳар кӣ бардорад ҳасрат мехӯрад ва ҳар кас барнадорад боз ҳасрат хоҳад хӯрд.
Бархе аз онҳо гуфтанд чӣ фарқ? Бардорем ва ё барнадорем натиҷа як чиз будаст, пас чаро бори худро сангин кунем.
Гурӯҳи дигар гуфтанд зарар надорад барои савғот бо худ мебарем.
Вақте аз ғор берун омаданд, фаҳмиданд, ки ғор пур будаст аз сангҳои қимматбаҳо... онҳое, ки набардоштанд, саросар ҳасрат хӯрданд ва боқимондаҳо низ ҳасрат хӯрданд, ки чаро бештар набардоштанд.
Зиндагӣ мисли роҳ рафтан дар чунин ғорест. Агар баҳра нагирем, ҳасрат мехӯрем ва агар бардорем ҳам ҳасрат мехӯрем, ки чаро кам бардоштем. Пас кӯшиш кунем, ҳар чӣ бештар аз он баҳра бигирем. ....(?)
/Xirad
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1