Ҳарчӣ кунӣ боз нишонат диҳанд! Баъд аз мавҷи шадиди эътирозҳо, ки дар соли гузашта саросари Ҷумҳуии Исломии Эронро тӯли қариб як моҳ фаро гирифта буд, дигарбора ин амвоҷ аз нуқоти мухталифи ин кишвар шурӯъ ба талотум мекунанд ва бӯйи тӯфонро дар тамоми фазои Эрон ба вуҷуд меоварад. Дар ибтидо ин эътирозҳо низ чун эътирозҳои қаблии ҶИЭ зоҳиран дар иртибот ба суқути ҳавопаймои ширкати украинӣ дар ин кишвар ба вуҷуд омад, аммо ба тадриҷ тобиши сиёсӣ гирифта, муътаризон дигар на ислоҳи вазъияти давлат, балки куллан барандозии режими охундиро тақозо мекунанд. Аз масъалагузориҳо ва ҳатто шиорҳои мардум аён аст, ки онҳо мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишварро аслан ба сиёсати нодурусти хориҷиву дох
Сиёсати номафҳуми Ҳукумати Қирғизистон дар робита ба муноқишаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон Диққати ҳамагонро имрӯзҳо вазъи ба вуҷудомада дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷалб кардааст. На як бору ду бор шоҳиди он будем, ки сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо ҳамсоягони иғвоангези наздимарзии қирғизии худ даст ба гиребон шуданд, байни ҳамдигар сангпартоӣ намуданд ва ҳатто аз силоҳҳои оташфишон низ истифода намудаанд. Дар пайи ин муноқишаҳо ва тирпарониҳо аз ду ҷониб чандин нафар захмӣ ва ба ҳалокат расидаанд. Пас аз сар задани ҳар муноқиша намояндагони ҳар дуҷониб, аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҳокимияти маҳалӣ то ба сатҳ
Наҷисзодагони наҳзатӣ Баъд аз оне ки ҳамаи кирдорҳои наматлубе, ки то имрӯз аз ҷониби наҳзатиҳои хиёнатпеша ба амал оамда буд ошкор гардид ва аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳизбро мамнӯъ эълон гардид, ҳамаи решаи пайванди хоинон боз такон хӯрд. Якчанд нафар хоинони фурухташуда, ки ғайр аз хоҷагони худ дар наздашон касеву чизе қиммат надорад, бо лоф заданҳои пучу бемаънии худ танҳо бо вазъгӯӣ ба чанд тан гумроҳи дигар, танҳо бо сухан кушку манор бунёд кардан мехоҳанд.Маҳз бо ҳамин машғулияти худ то имрӯз дар хориҷи кишвар танҳо хизмати охундҳои хориҷиро ба ҷо оварда, бо пайсаҳои ҳароми бедарди миён ҳамроҳи наздикон ва зану фарзандон рӯз гузаронда истодаанд. Эй наҷисзодагони наҳз
Наҳзатиҳо аз сафсатахонӣ ба таҳдид гузаштанд! Ҷавоб ба Востокнюз. Сиддиқи Акбари наҳзатӣ дар сомонаи интернетии иғвоангези худ мақолаеро бо номи “Мо аз ҷинояткорон интиқом хоҳем гирифт. Режими Раҳмон, режими ҷинояткор! Интиқом аз режими Раҳмон дар роҳ аст” ба нашр баровардааст. Аз сарлавҳаи мақола маълум аст, ки муаллиф онро бо қаҳру ғазаб ва эҳсосоти баланд навиштааст ва гумон меравад, ки ин охирин паёми ӯ мебошад ва аз ин пас дигар аз сафсатахонӣ даст мекашад ва ба амал мегузарад. Дар ҳақиқат сафсатахонӣ, дурӯғнома ва туҳматҳои такрории наҳзатиҳо аз тариқи сомонаҳои интернетии худсохташон нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон, Сарвари давлат ва дигар сиёсатмадорони ҷумҳуриямон тайи чанд соли ох
Иғвогариҳои қирғизӣ роҳи ҳал нест Тибқи иттилооти дар расонаҳои хабарӣ нашршуда, имрӯз музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон вобаста ба масъалаҳои марзӣ шуруъ гардид, ки боиси хурсандист. Мо боварӣ дорем, ки мардуми ҳар ду ҷониби сарҳад бо роҳи осоишта ва зудтар ҳал гардидани баҳсҳоро оид ба масоили ҷойдошта мехоҳанд ва интизоранд. Шубҳае нест, ки роҳи ягонаи ҳал кардани масъалаи марзӣ музокирот ва амалӣ намудани муайянкунию аломатгузории сарҳад мебошад. Бояд ҷониби Қирғизистон ин масъаларо ба хубӣ дарк кунад ва минбаъд ба сар задани ҳар гуна иғвогариҳо ва амалҳои дигари ҷинояткорона роҳ надиҳад. Зеро вақтҳои охир аз ҷониби қирғизҳо нисбат ба аҳолии осоиштаи минтақаҳои наздима
Ҳар порча хоки Ватан муқаддас аст Боиси таассуф аст, ки дар сарҳади мо бо ҳамсоякишвари Қирғизистон пайваста муноқишаҳои мусаллаҳона сар мезананд. Талоши мақомот дар сатҳи Ҳукуматҳои ду кишвар барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳо зиëданд, аммо мутаассифона натиҷаҳо чандон назаррас нестанд. Низоъҳое, ки дар минтақаҳои баҳсноки сарҳад рӯх медиҳанд, аксаран бо талафоти ҷонии ҳар ду тараф ва зарар дидани мардум анҷом меëбанд. Махсусан, дар ҷамоатҳои Ворӯх ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки хатти баҳсноки сарҳад маҳз аз ҳудуди ҳамин ҷамоатҳо убур мекунад, низоъу нооромиҳо боиси мушкилии сокинон, аз ҷумла, баста шудани роҳҳо, норасоии хадамоти тиббӣ, камчин гардидани озуқа ва дигар проблемаҳо мегардад. Бояд
ТТЭ ҲНИ аз ДИИШ фарқе надорад! Имрўз, дар ҷаҳони муосир ҳаракату падидаҳои номатлубе, чун ташкилотҳои террористӣ пайдо шудааст, ки кўшиш мекунанд ғазб кунанд ва бо роҳи зурӣ тамоми кишварҳои дунёро дар зери итоати худ дароранд. Яке аз ин бадхоҳон ва даҳшатафканон ДИИШ мебошад, ки бо сўистифода аз номи дини Ислом ва бо баҳонаи «ҷиҳод» дар кишварҳои Шарқи Миёна ба даъвати мардум машғуланд. Инчунин, бо роҳи ваъдаҳои пучу фирефтасозиҳои мардуми сўстиродаи ҳар миллат ва давлате сафашонро зиёд мекунанду ба оташи ҷанг ва хунрезӣ мепартоянд. Аъзоёни ин бо ном Давлати исломии Ироқу Шом аслан, худ на дини исломро сарфаҳм мераванду ва на он муридонашон. Бояд огаҳ шуд, ки мақсади асосии онҳо ба даст
Наҳзатиёни моҷароҷуйи тафириқаандоз Ҳар як кӯшиш ва талошҳое, ки аз ҷониби наҳзатиён ва ҳаммаслакони Кабирӣ хусусан М.Садриддин зуҳур меёбад, дардҳои нуҳуфта ва куҳнагаштаест, ки мансабталошӣ менамоянд. Зеро рӯз то рӯз санаи интихоботҳои дар пеш истода наздик шуда истода ҳар дардҳои ҳиҷрону нуҳуфтаи мухолифин хуруҷ када ,авҷ гирифта истодааст. Бо ҷонбозиҳо ҳарфу матлабҳоеро, ки ҷое дарнамехурад ва ба касе лозим нест баён медоранд. Дар интихоботҳои пешин, ки тамоми роҳу усулҳоро бо охундҳояшон амалӣ намудан мехостанд, хушбахтона мағлиб гаштанд. Бо ҷаҳду талошҳо аъзоёнашонро зиёд карда, ҳаргуна ваъдаҳои хушку холӣ кардаашон барабс шуд. Кабирӣ барои манфиатҳои шахсӣ тавонист чандин нафар
Баҳсу муноқишаҳои сохта дар сарҳад Муддати ду се соли охир Ҳукуматдорони қирғиз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як сиёсати дурӯғинеро интихоб ва дар асоси он ҳадафҳои стратегии худро пиёда намуда истодаанд. Тавре маълум мегардад, гурӯҳҳои кории ду кишвар оид ба муайян намудани марз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар минтақаҳои болозикр то ҳол ба ягон натиҷаи назаррас нарасидаанд. Танҳо пас аз онки ду гурӯҳ сари мизи мувофиқа менишинанд боз муноқиша ва ё баҳсҳои навбатӣ сар мезанад. Дар тамоми муноқишаҳои наздисарҳадӣ пас аз гурӯҳҳои моҷароҷӯ ва иғвоангез сарҳадбонони қирғиз ва пулиси он рӯйи саҳна ҳозиранд. Ҳа
Показать ещё