Беҳтарин оила ҳамон аст, ки дар асоси имон ба Аллоҳ, муҳаббат ба Паёмбар (с), амал бо Қуръону ҳадис, ҳурмати саҳобагони бузургвор, эҳтироми аҳли байт барпо шудааст ва фарзандони худро дар ин рӯҳия тарбия мекунад. Хушбахтии ин дунё ва охират насиби чунин оила мешавад. Аллоҳ моро тавфиқ ато намояд, ки чунин оила барпо кунем! Агар розӣ бошед, бигӯед "Омин!".
Танҳотарин одамон, аз ҳама дида меҳрубонтаринанд🥺 Ғамгинтарин инсонҳо, аз ҳама дида зебо табассум мекунанд аммо дарунашон пур аз ғам аст😞Захминтарин одамон, шахсони боандеша ва бораҳманд. Онҳо бо ҳама ингунаанд, зеро намехоҳанд, ки дигарон мисли худашон ранҷу дард кашанд, барои ҳамин меҳрубонанд, хато аз худашон ҳам набошад барои ба даст овардани дили яке бахшиш мепурсанд. Зиёд мебахшанд дили меҳрубон доранд. Дар як лаҳза асаби мешаванд аммо бо як ҳарфи хуб ором мешаванд. Инҳо бештар вақт назди дигарон беқадр ҳастанд. Меҳре, ки ба дигарон медиҳанд он меҳрро дигарон ба онҳо намедиҳанд яъне вафодориву меҳрашон ё беҷавоб мемонад ё хиёнат мебинанд..😔😔
Одамҳои хуб аз ёд намераванд!... Аз дил намераванд!... Аз зеҳн намераванд!... Вале зудтар аз он, ки фикрашро бикунӣ, аз пешат мераванд!... Қадри хубҳоро бидонем!!!
Вақтеки як гул метавонад бо ин ҳама нозуки ва зарофат аз байни ин ҳама сангу хок берун ояд ______ва шукуфа занад чаро мо натавонем аз байни мушкилон бо ин ҳама ақлу заковат берун оем ? Сар бардоред ва аз байни мушкилотҳо убур кунед ва бишкуфед то ҳаётатон баҳори бехазон гардад ...
Ҳамеша қадр бикун онеро , ки ҳеҷгоҳ дар ҷойи ту дигареро намеҷуяд.....
Ин дил ба фиғон омада аз дурии рӯят, Тарсам, ки димоғам бишавад холи зи буят. Эй ҳури замин, ин чӣ азобест, ки бар ман Чун боди ҷафо мевазад аз ҷониби куят.
Зиндагӣ фақат якбор иттифоқ меафтад. Пас ҳар он чӣ хушҳолат мекунад, анҷомаш бидеҳ ва бо касе бош, ки хандаро бар лабонат меорад...
Ёре ба ҳавас суроғаи моро нагирифт... Гул чист, ки хас суроғи мо нагирифт.... То кард аҷал суроғи моро мурдем.... З- ин шарм ,ки кас суроғи моро нагирифт....
Ишқ дорад оташе дар магзи ҷон , Шеваи ишқ аст дар оташ ниҳон. Ҳар ки худ инро надорад дар замир, Дар вуҷудаш нест аз марди ниҳон.
Маро гум кардию дигар наёбӣ, Хатамро дар ягон дафтар наёбӣ. Биҷӯӣ сарҳисоби зиндагонӣ, Валекин зиндагӣ аз сар наёбӣ.
Показать ещё