САЛОМ АРЗ МЕДОРЕМ БА ШУМО СОҲИБДИЛОН, МЕҲРУБОНОН ВА НАФАРОНЕ,КИ ДУР АЗ ВАТАН ,ДУР АЗ АҲЛУ ДИЁРИ ХЕШ ҚАРОР ДОРЕД ДАР МУЛКИ БЕГОНА ВА БА ХУД НОМ ГИРИФТЕД ҒАРИБИ ДУР АЗ ВАТАН.. ҒАРИБИ ДУР АЗ ВАТАН ,МАРДИ МУСОФИР,ТОҶИКБАЧАИ МУҲОҶИР ХАСТА НАБОШЕД,ЧУНКИ ИН САҲИФАИ ТОЗАЭҶОДИ МО БАҲРИ ШУМОСТ БАҲРИ БОЛИДАГӢ,БАҲРИ ХУШҲОЛӢ,БАҲРИ ДУР АЗ ҒАМУ ҒУССА БУДАНИ ШУМОСТ БА ИН САҲИФАИ ТОЗАЭҶОД ҚАДАМ РАНҶА НАМОЕД ВА АЗ НАВИШТАҶОТУ ШЕЪРҲОЯШ ХОНДА ,ЛАЗЗАТ БУБАРЕДУ ҒАМУ ҒУССАРО ЗАРРАЕ ҲАМ БОШАД АЗ ХУД ДУР СОЗЕД🤗
ИДИ ФИТР МУБОРАК!
.......Кӣ мегӯяд мардуми ғариб ид надора?...
.....................Мо Ид дорем!...
.....Вале ҷой барои рафтан надорем....
.................Мутаасифона!....
00:12
____
298 просмотров
БА ҒАРИБОНИ ДУР АЗ ВАТАН!
Ғарибони раҳи дур аз Ватанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Ҳамон мурғони дур аз ин чаманро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Барои зиндагонӣ гашта маҷбур,
Ки аз хоки Ватан рафтанд ҳаме дур.
Бикун осон барошон зистанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Заноне, ки муҳоҷир гаштаанд чанд,
Ки дур аз хонаву аз чашми фарзанд.
Ҳама он гулрухони ёсумонро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳдор.
Ба мулки Рус равад навхонадоре,
Нагашта сер аз дидори ёре.
Фиғони булбули дур аз чаманро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Чу бинам мӯйсафед мардикор аст,
Барои ризқ ғарибу хору зор аст.
Ҳама пиру ҷавони ин Ватанро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Муродӣ менависад
...ДАР ҒАРИБӢ УМРАМ, МИСЛИ БОД РАФТУ ПИР ШУДАМ...🥺
00:15
🥺🥺
417 просмотров
🌼🍃🌼
Намози субҳ бархезаму ду дастам бар дуо бошад,
Мусофир ҳар куҷо бошад ,нигаҳбонаш Аллоҳ бошад.
Амин🤲❤️
Показать ещё